Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амонатбонк" ба додани қарзҳо бо пули миллии Чин оғоз кард


"Амонтабонк"-и Тоҷикистон ироаи қарзҳои боимтиёз ба соҳибкорон бо пули миллии чинӣ – юанро оғоз кардааст, ки ба мӯҳлати то 3 сол дода мешавад ва бозпас додани он бо пули сомонӣ сурат мегирад. Ин амр ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин рӯи даст гирифта шудааст.

Исхоқхон Сулаймонов, тоҷири бозори "Султони Кабир" дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки тӯли 14 соли ахир аз Чину Русия ва Узбекистон ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунад ва пайваста барои харидории мол ба ин кишварҳо доллари амрикоӣ мебурд. Ба гуфтаи вай, ҳолатҳои зиёде буданд, ки то ворид кардани моли харидорикардааш ва фурӯши он дар Тоҷикистон қурби доллар боло мерафт ва вай муҷиби хисороти молӣ мешуд.

Чин бо ҷудо кардани қарзҳои имтиёздор бо юан натанҳо ҳавзаи муолмилаи пули милллаиашро густариш медиҳад, балки ба содироти моли ширкатҳои худаш ба хориҷа мусоидат мекунад.

Исҳоқхон Сулаймонов 18 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, тақрибан ҳар моҳ ба Чин ё Узбекистон рафта, аз он ҷо маҳсулоти мавриди ниёзи харидорони тоҷикро меорад ва аз бонкҳои Тоҷикистон қарз мегираду сипас сомониро ба доллар иваз мекунад. Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, ки дар Чин долларро ба юан табдил медиҳад, ки ин ҳам вақти зиёдро мегираду ҳам зарар меоварад.

"Хуб мебуд агар зарурати табдили пул аз байн мерафт. Гузашта аз ин, вақте аз Тоҷикистон доллар харидорӣ мекунему баъд аз фурӯши маҳсулотамон боз дар ҷустуҷӯи доллар мешавем, қурби он ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад. Яъне, дар бештаре аз маврид мо зарари молӣ мебинем",-мегӯяд ӯ.

Ҳамакнун орзуи Исҳоқхон Сулаймонов ҷомаи амал мепӯшад. Зеро, бонки давлатии “Амонатбонк” аз ироаи қарзҳо бо пули юан барои тоҷироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд, эълон кард. Темур Ёрибек, сардори бахши робитаҳои байналмиллалии “Амонатбонк” 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи тавофуқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин, доду гирифти маҳсулот аз сӯи соҳибкорони ду кишвар асосан ба пули юани чинӣ роҳандозӣ мешавад. Вай гуфт, ки дар марҳилаи аввал "Эксимбонк"-и Чин дар ихтиёри "Амонатбонк" 60 миллион юанро қарор додааст.

Темур Ёрибек афзуд, онҳо барои соҳибкороне, ки мехоҳанд аз Чин маҳсулот ворид созанд мо то 1 миллион қарз бо пули юан медиҳанд ва агар талабот ба қарзҳо бо пули юан бештар шавад, “Эксимбонк” омода аст маблағи бештареро дар ихтиёри онҳо гузорад. Ба гуфтаи ин масъули "Амонатбонк", қарзҳо ба муддати то 3 сол дода шуда ва бо пули сомонӣ бозпас гардонида мешавад ва фоизи ин қарзҳо тибқи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки феълан ҳудуди 14 дарсади солона мебошад ва ин рақам дар муқоиса бо фоизҳои қарзҳо бо пули миллӣ ё асъор ба таври қобили мулоҳиза пасттар аст.

Чин бо ҷудо кардани қарзҳои имтиёздор бо юан натанҳо ҳавзаи муолмилаи пули милллаиашро густариш медиҳад, балки ба содироти моли ширкатҳои худаш ба хориҷа мусоидат мекунад. Чун қарзи ихтисосдодаи Чин танҳо барои хариди мол аз ин кишвар дода мешавад.

Дар чанд соли ахир Чин яке аз шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Бинобар додаҳои оморӣ Чин айни замон пас аз Русия дуввумин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон аст. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта ба 591 миллион доллар баробар шудааст. Тоҷикистон аз ин кишвар ба қадри 556 миллион доллар мол ворид карда, ҳамагӣ ба каме беш аз 35 миллион доллар мол содир кардааст.

Дар солҳои ахир Чин ҷойгуни "бародари бузург" --Русия дар иқтисоди Тоҷикистон шудааст. Аз миёни раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, танҳо раиси Чин Си Ҷин Пин меҳмони хонадони президент Эмомалӣ Раҳмон шудааст.

Зимнан, танҳо Чин нест, ки бо ҷудо кардани қарзҳои имтиёздор содироти молҳои истеҳсолкардаашро ба хориҷ ташвиқ мекунад. Узбекистон ҳам барои хариди молҳояш ба бонкҳои Тоҷикистон 100 миллион доллар ихтисос додааст. Ҳамакнун тоҷироне, ки аз Узбекистон мол воридани ҳастанд аз се бонки Тоҷикистон-"Амонатбонк", "Эсхата" ва "Ориёнбонк" бо баҳраи 14 дарсади солона метавонанд қарз дарёфт кунанд.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дарназардошти бӯҳрони асъорӣ дар иқтисоди ҷаҳон, роҳандозии ироаи қарзҳо бо пули миллии Чин -- юан иқдоми хубест. Ба эътиқоди ин коршиноси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон барои рафъи мушкили камбуди доллари амрикоӣ мақомотро зарур аст воридоти пули рупӣ – пули миллии Ҳиндустонро низ бештар созад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик.

Ин коршиноси тоҷик афзуд, "Тоҷикистонро зарур аст дар канори доллар асъори кишварҳои ҳамсояро дар кишвар бештар роиҷ созад. Хуб аст, ки муомилот бо юан роҳандозӣ мешавад. Мутмаинам, бояд ҷойгоҳи пули миллии Ҳиндустон ва Узбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон дар канори рубли Русия низ бештар карда шавад. Дар ин сурат соҳибкорон бо камбуди доллари амрикоӣ камтар рӯбарӯ мешаванд”.

Ин дар ҳолест, ки дар ду соли ахир доллари амрикоӣ, ки арзи аслии хориҷӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад, бо камбуд рӯбарӯ аст. Ҳарчанд мақомот барои маҳдуд сохтани арсаи истифода аз доллар дар харидуфурӯшро маҳдуд созад, аммо соҳибкорон ҳамчунон аз норасоии ин арзи хориҷӣ шикоят мекунанд. Ҳарчанд қурби расмии доллари амрикоӣ дар БМТ 9 сомониву 10 дирам муқаррар шудааст, аммо бонкҳо дар аксар маврид ҳангоми муроҷиат ба соҳибкорон ба қадри кофӣ доллар намефурӯшанд.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 1 миллиард 209 миллион доллар қарздор мебошад. Бештаре аз корхонаҳои муштараки тавлиди семент дар Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шудаанд. Феълан ширкати алюминии Тоҷикистон "Талко" якҷо бо Чин ба сохтмони коргоҳи нави тавлиди алюминий бо сармояи 1,5 миллиардӣ машғул аст ва ҳадаф дорад аз ин кишвар боз ҳудуди 4 миллиарди сармояи дигари ин кишварро ҷалб созад.

Ҳафтаи оянда дар ноҳияи Айнӣ сохтмони корхонаи нави тиллои "Талко Голд" бо сармояи Чин шурӯъ мешавад. Солҳои ахир Тоҷикистон бар ивази дарёфти қарзҳои боимтиёзи Чин бархе аз корҳои маъданҳои нодири худро дар ихтиёри Пекин гузоштааст.

XS
SM
MD
LG