Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба 4 шаҳрванди Чин унвони "Аълочии маориф" дод


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба чаҳор масъули баландпояи ширкати ТВЕА-и Чин унвони фахрии “Аълочии маориф”-ро тақдим кардааст. Инҳо Чжан Син, Ли Биан Чю, Ван Джан ва Чжао Ванг Шен ҳастанд.

Ҷоизаро рӯзи 10-уми октябри имсол Нуриддин Саид, вазири илм ва маорифи Тоҷикистон, ба чиниҳо супурдааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, чиниҳо барои сохтмони пурраи 4 мактаб ва оғози бунёди 2 мактаби дигар дар минтақаҳои кишвар сазовори унвони “Аълочии маориф” шуданд.

Бино ба иттилои вазорат, ширкати чинии ТВЕА то ба имрӯз як мактабро бо 1200 ҷои нишаст дар Душанбе ва се мактабро бо ғунҷоиши 640 нафар дар ноҳияҳои Данғара, Ваҳдат ва Рӯдакӣ сохтааст. Ҳамчунон, қарор аст, ширкати ТВЕА дар ноҳияи Ваҳдат ва Файзобод ду мактаби дигарро барои 1200 хонанда бунёд кунад. Айни замон лоиҳаи ин ду мактаб дар ҳоли омода шудан аст.

Ширкати ТВЕА аз соли 2008 дар Тоҷикистон ҷои по пайдо кард ва як зумра тарҳҳои бузургро бо қарзи Чин дар кишвар анҷом додааст. Ин ширкат нахуст хатти баландшиддати 500 киловолатаи марказ-шимоли Тоҷикистонро сохта, баъдан бо харҷи 349 миллион доллар “Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2”-ро бунёд кард.

Тоҷикистон дар иваз ду кони тилло - Кумарғи боло ва Дуобаи шарқиро дар ноҳияи Айнӣ дар ихтиёри ширкати ТВЕА-и Чин қарор дод.

XS
SM
MD
LG