Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мегӯяд, дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ намесозад


Давлати Чин гузоришҳо дар бораи интиқоли нерӯ ба Афғонистон ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистонро рад кард. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки ҳадафи он, фақат “ҳамкории маъмулии низомӣ ва амниятӣ” бо Афғонистон аст.

Ву Киан, сухангуи вазорати дифои Чин, рӯзи 30-уми август гуфт, гузоришҳои рӯзномаҳои Ҳонк Конг ва дигар кишварҳо дар бораи онки Чин қасд дорад, садҳо сарбози артиши худро дар пойгоҳе дар шарқи Афғонистон ҷойгир кунад, воқеият надорад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин як қитъаи бисёр хурди ҳаммарз бо Афғонистон дорад, ки дар минтақаи Вахон ҷойгир аст ва аз он дар ташвиш аст, ки нооромӣ аз Афғонистон ба вилояти мусулмоннишин ва ноороми Шинҷон сироят мекунад.

Дар чанд соли гузашта дар ин вилоят садҳо нафар кушта шуданд ва мақомоти Чин нооромиҳо дар вилоятро кори дасти ифротгароёни исломӣ мехонанд.

Гузоришҳои таъйидношуда чанде пеш нишон доданд, ки мошинҳои низомии Чин дар дараи Вахон ҳаракат мекунанд, ки дар сояи кӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир аст. Дар шимоли ин минтақа марзи Тоҷикистон ва дар ҷанубаш Покистон аст.

Ҳамкории маъмулӣ ва ё чизи дигар

Ба гуфтаи Ву Киан, Чин ягона кишвари минтақа аст, ки ба Афғонистон дар амри мубориза бо терроризм кӯмак мерасонад ва худаш марзашро посбонӣ мекунад.

“Чину Афғонистон ҳамкории маъмулии низомӣ ва амниятӣ доранд” – гуфт, ӯ дар нишасти хабарии моҳонааш дар шаҳри Пекин. Вай афзуд: “Чин ва ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон барои тақвияти қудрати дифоӣ ва талошҳояш барои муқобила бо терроризм кӯмак мекунанд.”

Ин кӯмакҳои низомии Чин ба сарбозони афғон аст.
Ин кӯмакҳои низомии Чин ба сарбозони афғон аст.

Ҷаҳон Мусозай, сафири Афғонистон дар Чин ҳам рӯзи 30-уми август, гузоришҳо дар бораи талошҳои пайвастаи Чин барои ҳузури низомӣ дар Афғонистонро рад кард. Вай гуфт, Пекин ба Афғонистон дар таъсиси воҳиди низомии кӯҳгард кӯмак мекунад, вале ҳеҷ сарбози Чин дар қаламрави кишвараш ҷойгир нашудаанд.

“Ҳукумати Афғонистон аз кӯмакҳои низомии Чин изҳори қадрдонӣ мекунад ва низомиёни ду кишвар ҳамкории зиче доранд, вале айни замон ҳеҷ гуна низомиёни Чин дар ин раванд дар хоки Афғонистон ҷойгир намешаванд” – гуфтааст, ӯ.

Соли гузашта Чин бори аввал дар Ҷибутӣ, як кишвари хурде дар Африқо пойгоҳи низомӣ таъсис дод. Пекин дар гузашта гуфтааст, ки нияти таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар хориҷро надорад, вале Амрико мегӯяд, мумкин аст, чунин пойгоҳҳои Чин зиёд шавад ва Покистон яке аз мизбонҳои эҳтимолӣ аст.

Чашм ба сӯи манобеи хоми Афғонистон

Ҳарчанд Чин ҳаргуна талош барои густариши ҳузури низомӣ дар Афғонистонро рад мекунад, аммо барои ба мусолиҳа овардани афғонҳо аз ҷумла барои музокирот бо Толибон мусоидат кардааст. Бо вуҷуди 17 соли ҳузари кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон ҷанг дар ин кишвар хотима наёфтааст ва Толибон ҳамчунон ба зидди давлат меҷанганд.

Кони миси Айнак дар вилояти Лугар
Кони миси Айнак дар вилояти Лугар

Дар баробари ҳузури Покистону Эрону Русия, Чин бо кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон ҳузурашро тавсиа дод. Аммо айни замон Амрико қисми зиёди 6.5 миллиард доллар барои ҳузури НАТО дар Афғонистонро мепардозад, ки ба артиши миллии Афғонистон кӯмак мерасонад. Ҳоло ин артиш ба муқовимати афзояндаи Толибон рӯ ба рӯ шудааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои корхонаҳои бузургаш миқдори азими мису оҳан ва дигар ашёи хомро аз саросари ҷаҳон мехарад, ба кони миси Айнак дар Афғонистон ҳам чашм дӯхтааст.

Бино ба арзёбиҳо дар ин кон 450 миллион тонна мис бо арзиши даҳҳо миллиард доллар нуҳуфтааст. Аммо нооромӣ, иқтисоди бесарусомони Афғонистон ба Чин имкон надодааст, ки кони мазкурро, ки дар як маҳалли наздик ба зиёратгоҳи бутпарастон ҷойгир аст, истихроҷ кунад.

XS
SM
MD
LG