Пайвандҳои дастрасӣ

Чиниҳо дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор гектар заминро истифода мебаранд


Мақомоти тоҷик мегӯянд, чиниҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 18 ҳазор гектар заминро барои кишти кишоварзӣ истифода мебаранд. Масъулини идораи Кумитаи замин мегӯянд, чиниҳо заминҳоро на иҷора, балки ба таври мӯҳлатнок гирифтаанд.

Азизмамад Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин рӯзи 20-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, асосан ду ширкати чинӣ заминҳоро дар ихтиёр доранд. Муовини аввали раиси Кумитаи замин афзуд, дар соли равон теъдоди заминҳои барои чиниҳо дар Тоҷикистон зиёд нашудааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ширкатҳои "Синзян инхай" ва "Хай Ли", ки аз ҷумлаи ширкатҳои Чин ҳастанд, ки дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 300 гектар заминро барои 49 сол ба иҷора гирифтаанд.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ширкати муштараки “Рушди кишоварзии Тоҷикистон ва Чин” амал мекунад, ки вобаста ба нақшаи фаъолият ва талаботаш солона то 15 ҳазор гектар заминро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба иҷора гирифта, ба кишти пахтаву ҷуворимакка ва гандум машғул мешаванд.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG