Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон ба бунёди пойгоҳи низомии Чин иҷоза медиҳад?


Сарбозони Артиши озодихоҳи мардумии Чин. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони Артиши озодихоҳи мардумии Чин. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилои Вазорати мудофиаи Амрикоро дар мавриди эҳтимоли бунёди ниҳоди низомии Чин дар Тоҷикистон рад кард. Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносон бо дар назар гирифтани густариши ҳамкориҳои низомиву сиёсӣ миёни ду кишвар, вуҷуди ин гуна сенарияро аз эҳтимол дур намедонанд.

Ҳамкориҳои дар ҳоли рушди Душанбеву Пекин, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое мегузорад, ки Чин ба василаи онҳо мехоҳад ҷоҳталабиҳои сиёсии худро татбиқ кард. Чунин бардоштро аз гузориши солонаи Пентагон ба Конгресси Амрико метавон ҳосил кард. Гузориш якуми сентябр нашр шу два дар он дар мавриди афзудани зарфиятҳои низомии Пекин сухан меравад.

Тоҷикистон дар баробари Мянмар, Тайланд, Сингапур, Индонезия, Покистон, Шри-Ланка, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кения, Ҷазираҳои Сейшел, Танзания ва Ангола аз кишварҳое ном бурда шудааст, ки Чин онҳоро ба сифати макони эҳтимолии ҷойгир кардани иншооти низомиву логистикияш қарор додааст.

Коршиносони амрикоӣ ҳадафи Пекинро талошҳо барои таъсиргузортар шудан (ба василаи тавсеа додани зербиноҳои артиш ва неруҳои дарёияш дар хориҷ) унвон кардаанд. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, Пекин қасд дорад дар 10 соли оянда захираҳои кулоҳаки ҳастаии худро ду баробар бештар кунад.

Аммо дар Вазорати корҳои хориҷии Чин ин тахминҳоро рад кардаанд ва ин хулосаҳои Пентагонро пешдоварӣ номидаанд.

Амриё Бобоев, муовини Раёсати иттилоъ ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо Чин ҳеч гуна гуфтушуниде дар мавриди боз кардани иншооти низомӣ надорад ва иттилои омада дар гузориш воқеият надорад.

Коршиносон бо дар назар гирифтани рушди равобити Тоҷикистону Чин тахмин мезананд, ки вуҷуди ин гуна сенарияро набояд инкор кард. Доктори улуми сиёсӣ ва коршинос дар умури Осиёи Марказӣ Андрей Казантсев мегӯяд, миқёси ҳамкориҳои Душанбеву Пекин дар ҳоли ҳозир бисёр бузург аст. “Тоҷикистон яке аз масирҳои муҳими фаъолшавии ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ аст. То ҷойе медонам, Чин аз он тарс дорад, ки дар сурати ноором шудани вазъ дар Афғонистон он метавонад ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсояи Тоҷикистон интиқол шавад. Хусусан ба Шинҷони Чин. Табиист, ки Чин тамоми талошро мекунад, то ин кор сурат нагирад ва агар боз кардани пойгоҳи низомӣ зарур шавад, боз мекунад”, -- тахмин мезанад коршинос.

Дар ҳоли ҳозир Душанбе бо Пекин ҳам дар қолаби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва эътилофи зиддитеррористии Чин-Тоҷикистон-Покистон-Афғонистон ҳамкорӣ дорад.

"Болотар аз як шарик"

Ба ҷуз ин, Чин яке аз асоситарин сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Гардиши молу коло миёни ин ду кишвар аз 1,5 миллиард доллар бештар аст. Ҳамчунин қисми асосии қарзи берунии Тоҷикистон аз Чин аст, ки то моҳи июни имсол ба 1 миллиарду 133,4 миллион доллар баробар шудааст. Чин ҳамчунин ба қатори се шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон шомил аст ва аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегиро дорад.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо дар назардошти қарздории афзоянда аз Чин, Душанбе шояд ба пешниҳоди Пекин дар мавриди кушодани пойгоҳи низомӣ розӣ шавад.

Вокуниши Маскав чӣ гуна хоҳад буд?

«Русия тибқи анъана ба масъалаи эҷоди пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ рӯйкарди хеле манфӣ дорад. Аз сӯйи дигар, Путин дар пасманзари амиқтар шудани мухолифатҳо бо Ғарб талош мекунад равобитро бо Чин хароб накунад. Аз ин рӯ, Маскав бар ин аст, ки солҳои ахир ба ҳузури густардаи Чин дар минтақа – на танҳо дар бахши иқтисод, ҳатто дар бахши амният ва ҳамкориҳои низомӣ мутаваҷҷеҳ нашавад. Амалан, Чин Русияро аз минтақа оҳиста-оҳиста берун андохта истодааст. Аз ин нуқтаи назар, ҳама чиз имкон дорад”, -- мегӯяд Муллоҷонов.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо наздик ба 7 ҳазор хидматчии низомияш қарор дорад.

Ба гуфтаи коршинос Андрей Казантсев Маскав, бе дудилагӣ ба ҳузури пойгоҳҳои НАТО дар қаламрави Осиёи Марказӣ мухолифат кард ва замоне ки ҳукуматҳои Узбекистону Қирғизистон ба берун кардани ин пойгоҳҳо аз қаламрави худ пардохтанд, аз онҳо пуштибонӣ кард. Аммо бисёр равшан аст, ки Русия дар мавриди ҳамкориҳои низомиву сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин дар муқоиса бо кишварҳои НАТО рӯйкарди оромонае дорад” – шарҳ дод коршинос.

Ҳузури ғайрирасмӣ?

Дар мавриди вуҷуди иншооти низомии Чин дар қаламрави Помири Шарқӣ дар моҳи феврали соли гузашта рӯзномаи Washington Post бо истинод ба сокинони маҳаллӣ ва аксҳои моҳвораӣ хабар дода буд. Нашрия он вақт навишта буд, ки чанд километр дуртар аз марзи Чин аллакай се сол аст, ки пойгоҳи низомии махфии Чин қарор дорад.

Дар қарни XIX дар ин мавзеъ постгоҳи хатти аввали казакҳои импературии Русия қарор дошт, вале сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо рӯзноманигори амрикоӣ таъйид караанд, ки ҳоло дар ин мавзеъ садҳои низомии чинӣ мустақар шудаанд.

Вале Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ин иттилоъро рад карда буд. «Дар марзи ВМКБ дар ҳудуди худи Чин танҳо постгоҳи марзӣ ҷой дораду бас», -- гуфт он замон раиси вилоят.

Дар қаламрави Афғонистон дар баландкӯҳи даҳлези Вахон, ки бо Тоҷикистону Чину Покистон ҳаммарз мебошад, аз соли 2012 пулиси мусаллаҳи мардумии Чин ҷойгир шудааст.

Тобистони соли 2018 Чин ба бунёди нахустин пойгоҳи тамринотии низомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Чину Тоҷикистону Покистон марзи муштарак дорад, пардохт, ки гуфта мешуд ин дар доираи ҳамкориҳо бо Кобул дар амри мубориза бо терроризм аст. Дар ин бора рӯзномаи South China Morning Post бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, аммо Кобул ин иттилоъро тасдиқ накард.

Пайомади ҳамкориҳо

Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳамкориҳои танготанги сиёсиву низомии Тоҷикистон бо Чин метавонад ба сиёсати хориҷии бисёрсамтаи кишвар таъсири манфӣ бигузорад. “Бояд гуфт, ки Тоҷикисон метавонад гирифтори як қатор душвориҳои рақобати геополитикӣ шавад. Хеле равшан аст, ки масалан, Душанбе худро дар мухолифатҳои Ҳинду Чин дар як тараф хоҳад дид, дар ҳоле ки раҳбарии Тоҷикистон мехоҳанд ҳамчунин бо Ҳинд ҳамкориҳо дошта бошанд. Ба ҷуз ин, ҳоло танишҳои Пекину Вашингтон ҳам боло мегиранд ва ин ҷо Душанбе метавонад дар як вазъи ғайриодӣ қарор бигирад. Раҳбарии ин кишвар мехоҳанд сиёсати бисёрсамтаро пуштибонӣ кунанд”, -- мегӯяд Казантсев.

Чиншинос ва коршиноси кишварҳои Осиёи Марказӣ Темур Умаров мегӯяд, нияти Чин барои боз кардани пойгоҳи низомӣ дар яке аз кишварҳои ёдшуда то нашр шудани гузориши Пентагон ҳам маълум буд: “Мешавад интизор буд, ки ин гузориш далели навбатии насб кардани мушакҳои миёнапарвозу кӯтоҳпарвоз дар Осиё (дар ин бора аллакай иттилоъ дода шудааст), фишори бештар рӯйи Пекин ва ҳосил кардани имзои тавофуқномаи марбут ба маҳдудияти силоҳ мешавад.”

Ба гуфтаи Умаров, барои Душанбе ва пойтахтҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пеш аз ҳама рӯ ба Пекину Маскаванд чизи зиёде тағйир намеёбад.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амнияти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Бо ҳадафи тақвияти марзи Тоҷикистон Афғонистон аз ҳисоби Чин 4 постгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ бунёд шуд. Дар моҳи ноябри 2019 бо пуштибонии молии Чин дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод шуд.

Дар солҳои 2016 ва 2019 низомиёни Тоҷикистону Чин дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштарак гузарониданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG