Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор
Бахши аввал
Имсол аз даргузашти хони қирғизҳои Помир Ҷабборқул 80 сол ва аз таваллуди писараш, хони қирғизҳои Афғонистон Раҳмонқулхон, 110 сол сипарӣ мешавад. Онҳо охирин бозмондагони хонҳо ё пешвоёни қабилаҳои турк дар Осиёи Миёна буданд.
Аз онҷо, ки аксар қирғизҳои Афғонистони феълӣ фарзандони фирориён ё муҳоҷирон аз минтақаҳои шимолии Помири Шарқӣ (аввал Русияву Шӯравӣ ва баъд аз соли 1991 Тоҷикистон) ҳастанд, саргузашти қирғизҳои Помир бахше аз таърихи муштараки се қавми афғону қирғизу тоҷик дар минтақа маҳсуб мешавад. Бо муруре ба ин таърих, мо дар бораи Помир, қирғизҳо ва масоили таърихию сиёсии вобаста ба онҳо суҳбат мекунем.
Иванов Д. "Шуғнон: Матолибе аз Афғонистон", Вестник Европы, 1885. -Т. 3.Кн. 6
Quartely Review, Лондон, 1873
Ҷуғрофиёи мухтасар
Аз назари ҷуғрофиёӣ, Помир ва Бадахшон бо ҳам яксон нестанд. Бадахшон, ки нависандаи ин сатрҳо даврони кӯдакии худро дар онҷо гузаронд – бо вуҷуди иқлими сахту ноҳамвор, ҳамчунон биҳиштест саршор аз боғҳои мева, киштзорҳои ғаллаву сабзиҷот ва чарогоҳҳои сарсабз дар доманаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида.
Помир ҳудуди як километр болотар аз Бадахшон ҷойгир аст. Марзи маҳалли сукунати худро, ки баъд аз он боло рафтан ба самти Помир, минтақаи қирғизнишин, оғоз мешавад, шуғнониҳову вахониҳо ва дар тарафи муқобил, читролиҳо “сарҳад” (марз) меномиданд. Яъне аз инҷо боло рафтан аз тариқи гарданаҳо, аз дараҳои тангу борики кӯҳистонӣ ба самти баландиҳои осмонбӯс, вале тақрибан паҳну ҳамвор шуруъ мешавад, ки сароғози баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон – Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун, Тиёншон ва Помир аст. Дар канори ҳам, инҳо бофти кӯҳистонии азимеро дар қалби Осиё ташкил медиҳанд, ки ба Гиреҳи Помир маъруф аст.
Помири Афғонистон, ки дар ин матлаб ба он мепардозем – наворе аз қаламрави таърихии Вахон дар Афғонистон аст, ки аз ғарб ба шарқ 295 километр тӯл мекашад ва паҳнои он аз 15 то 75 километр ва байни Тоҷикистону Покистон ва Чин воқеъ аст. Тақрибан 83 дарсади он дар баландии беш аз 3000 метр аз сатҳи дарё ва баъзе аз деҳаҳои қирғизнишин – дар баландии 4000 метр ва болотар аз он воқеъ шудаанд. Долони Вахон аз назари вусъат (4400 километри мураббаъ) бо ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон ҳамтироз аст. Шароити зиндагӣ дар онҷо сахттар аз Помири Тоҷикистон бо обуҳавои нисбатан муътадил аст.
Помири Афғонистон дар шимолу шарқи долони Вахон воқеъ аст ва аз ду паҳна ё майдон ташкил шудааст. Паҳнаи баландтар Помири Бузург хонда мешавад, ки аз ғарб ба шарқ тақрибан 60 километр тӯл дошта, аз шимол ба риштакӯҳи Аличур ва аз ҷануб ба Вахон маҳдуд мешавад. Помири Бузург фақат бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Помири Кӯчак 100 километр дарозӣ дошта, аз Помири Бузург ва дар ғарбтари он, аз риштакӯҳи Вахон ҷудо шуда ва дар ҷануб бо Афғонистон ва минтақаҳои Хайбар-Пахтунхоҳ, Гилгит-Балтистон ва Ҳунза (гарданаҳои Буруғил, Иршод ва Дили Санг)-и Покистон ҳаммарз аст.
Дар Помири Афғонистон ҳеч бемористон ва роҳи мошингарде вуҷуд надорад. Онҷо болотарин мизони маргумири модарон ва кӯдакон дар ҷаҳон мушоҳида мешавад.
Гарданаи Андемин (Бендерский), ки дар наздикии кӯли Чахмақтин воқеъ аст, Помири Кӯчакро ба Аличур-Помири Тоҷикистон мевайвандад. Аҷиб нест, ки гоҳ номи Помир дар забонҳои хориҷӣ ба сурати ҷамъ (The Pamirs, Памиры) ба кор бурда мешавад. Масалан ҷаҳонгардони англис ҳафт “Помир”-ро баршумурдаанд. Танҳо роҳи мошингарди хокӣ ба Помири Кӯчак аз Тоҷикистон меояд. Шарқитарин қисмати Помири Кӯчак 74 километр бо Чин сарҳад дорад. Аз тарафи Чин, танҳо низомиён ва чӯпонҳои маҳаллӣ ба гарданаи Вахҷир (4923м), ки Афғонистону Чинро ба ҳам мепайвандад, дастрасӣ доранд. Барои Пекин, Вахҷир бахше қонунӣ ва машруъ аз қаламрави Вахони Чин маҳсуб мешавад. Марзи Чин дар онҷо дар фосилаи 92 километр бо симхор муҳофизат мешавад.
Шумори ҷамъияти қирғизҳои ҳарду Помир аз миёнаҳои садаи гузашта ба ин сӯ чандон тағйире накарда ва маъмулан байни 1400 то 3000 нафар аст. Бо ин ҳол, Помири Кӯчак, ки ҷойи чандин мазор ва хоннишин аст, нисбат ба Помири Бузург якуним баробар бештар ҷамъият дорад. Тоҷикҳои Вахон дар ибтидои долон, дар дарозии рӯдхонаи Сарҳад (Вахон) зиндагӣ мекунанд ва ҳудуди се баробар бештар аз қирғизҳо ҳастанд.
Онҳо гаҳгоҳе аз чарогоҳҳои Помири Бузург истифода мекунанд. Зиндагии қирғизҳо умдатан ба тиҷорат бо ҳамсоягонашон вобаста аст. Бар хилофи вахониҳои исмоилӣ, қирғизҳо (қипчоқҳо, тийитҳо ва ноймонҳо) мусалмонҳои суннимазҳаб ҳастанд. Онҳо ҷомеаи хурдеро ташкил медиҳанд, ки камтар аз дигарон дар ҷомеаи Афғонистон омехта ва идғом (интегратсия) шудаанд. Онҳо ба таври суннатӣ ба домдорӣ (чорводорӣ) дар баландкӯҳ мепардозанд. Зимистон дар онҷо 9 моҳ тӯл мекашад ва дамои ҳаво кам андар кам ба дараҷае болотар аз сифр мерасад.
Барои муҳофизат аз худ дар баробари партави дурахшону сӯзони хуршед бештари қирғизҳо аз айнакҳои тира истифода мекунанд. Ҳамаи шахсоне, ки дар баландии болотар аз 2500 метр зиндагӣ мекунанд, дар маърази гирифторӣ ба фишорҳои равонию асабӣ аз обуҳавои номусоид ва камбуди оксиген ҳастанд. Ҳарчанд қирғизҳо ба зиндагӣ дар баландии болотар аз 3000 метр хӯ гирифтаанд, аммо эътироф мекунанд, ки онҳо низ гоҳе ба фишорҳои равонӣ мубтало мешаванд, бавижа ҳангоми иҷрои корҳои сахти ҷисмонӣ ё баъд аз он.
Дар Помири Афғонистон ҳеч бемористон ва роҳи мошингарде вуҷуд надорад. Онҷо болотарин мизони маргумири модарон ва кӯдакон дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Як севуми занон ҳангоми зоимон ба далели аз даст додани хуни бисёр ҷони худро аз даст медиҳанд ва танҳо ниме аз кӯдакон то 5-солагӣ зинда мемонанд. Аз онҷое, ки қирғизҳо танҳо бо ҳамтаборони худ издивоҷ мекунанд, "тақозо" ба зан зиёд аст ва танҳо мардоне, ки қодир ба пардохти кобин (ё қалин) дар ҳаҷми бузург ҳастанд, метавонанд ташкили хонавода диҳанд.
Шаклгирии марзҳое, ки то ба имрӯз боқӣ монда, дар соли 1869 оғоз шуд – замоне ки русҳо Хӯқандро ишғол ва ба қаламрави худ пайваст карданд ва онро “вилояти Фарғона” номиданд.
Бемориҳои пайваста, набудани муроқибатҳои пизишкӣ ва ранҷҳои дигар мардону занони қирғизро дар Помир водошта, ки масрафи маводи мухаддирро ёд бигиранд. Онҳо маводи мухаддирро аз афғонҳои сокин дар дараҳои пойинтар дар ивази чорво ё домҳое, ки мефурӯшанд, харидорӣ мекунанд. Вале қирғизҳои Помир дар ҳифзу нигаҳдории ҷамъияташон муваффақанд. Шумо наметавонед ин мардумро "рӯбарӯ бо марг" ё "дар маърази хатари инқироз" талаққӣ кунед.
Чӣ гуна "масъалаи Помир” дар ғайби помириҳо ҳал шуд?
Дар даҳаи 1830 ҳокимони Фарғона бар Помир тасаллут ёфтанд. Дарвоқеъ, худи помириҳо ба ин амр кумак карданд. Раҳбарии онҳо ба дӯши яке аз дарбориён, фармондеҳе ба номи Лашкар Қӯшбегӣ, бардаи собиқ аз Читрол буд.
Вақте аз хонигарии Хӯқанд сухан мегӯем, бояд дар назар дошт, ки мардуми кулли минтақа дар қаламрави он зиндагӣ мекарданд, аз ҷумла қирғизҳо ва тоҷикҳо. Хони Хуқанд Олимхон (давраи ҳукуматаш: 1798-1809) дар пешбурди сиёсатҳои худ ба артиши 10-ҳазорнафари мавсум ба "Гала-баҳодур" такя мекард, ки аз тоҷикони Дарвоз, Кӯлоб, Рӯшон, Ҳисор, Шуғнон, маъруф ба ғалча (аз порсии «ғaр», яъне кӯҳ), ташкил шуда буд. Бино бар ин, қирғизҳо хуқандиҳоро ба унвони бародарони мусалмони худ ба онҳо тамоюл доштанд, то битавонанд аз онҳо дар баробари чиниҳои "кофар" муҳофизат кунанд.
Шаклгирии марзҳое, ки то ба имрӯз боқӣ монда, дар соли 1869 оғоз шуд – замоне ки русҳо Хӯқандро ишғол ва ба қаламрави худ пайваст карданд ва онро “вилояти Фарғона” номиданд. Сипас аз тариқи водии Олой батадриҷ ба самти Помири шарқӣ ҳаракат карданд. Русҳо он замон дар Помири ғарбӣ (Дарвоз, Шуғнон, Рӯшон) чашми тамаъ надоштанд, чун ин қаламрав ҷузъи иморати Бухоро буд – ва Бухоро вобастаи Русия! Аммо онҳо Помири шарқиро ба унвони бахше аз қаламрави подшоҳии Фарғона (ё хонии Хӯқанд) ҷузъи ғаниматҳои ҷангии худ медонистанд.
Комилан возеҳ аст, ки подшоҳиҳо ва мамолики атрофи Помир Вахонро мулки худ ва худро бар он лоиқ медонистанд. Худи ҳокимони маҳаллӣ қудрати худро аз роҳи бозӣ бар рӯйи рақобатҳои байни ҳамсоягони қавитарашон ба даст оварда, дар айни ҳол барои дастёбӣ ба ҳадди аксари мухторият талош меварзиданд. Амирони Афғонистон Бадахшонро сарфи назар аз мавқеияти он дар ду сӯи рӯди Панҷ қаламрави сиёсии ягона мепиндоштанд. Ба ҳамин шева, ҳамсояи дигар – чиниҳо, ки дар соли 1877 пас аз дарҳам шикастани подшоҳии Яъқуббек дар Кошғар, дубора бар минтақаи Шинҷон (ё Синкиёнг) тасаллут ёфтанд, кӯҳҳо ва дараҳои шимолу ғарби Кошғарро ҷузъи мутасаррифоти худ медонистанд, ки аз мусалмонон ғанимат гирифтаанд.
Онҳо бар ин бовар буданд, ки аксари қирғизҳо, бавижа дар ҷануби Мурғоб, шаҳрвандони чинӣ ҳастанд. Чиниҳо дар тавҷеҳи иддаоҳои худ барои Помир ба сангнавиштае ишора карданд, ки дар Сумантош (ё Сурматош) ёфт шудааст. Ин лавҳ маълум нест дар чи соле, вале ба ифтихори пирӯзии сипоҳи Чин бар шӯришиён дар "кишваре холӣ аз сакана" ҳаккокӣ шудааст. Ба назари онҳо, ин сангнавишта метавонад шаҳодат диҳад, ки минтақаи Помир аз Сарикул то кӯли Яшилкул (дар канори Сумантош) бахше аз Кошғари Чин аст. Тибқи иддаои онҳо, генерал Зу-Зунгтонг, ки қиёми мусалмонони Кошғарро дар солҳои 1876-1878 саркӯб кард, сипоҳе ба ғарб фиристода ва ин сангро ба унвони нишонаи марзӣ дар Сумантош насб кардааст.
Чиниҳо барои ҳаллу фасли “масъалаи Помир” ба ҳимояти Англия такя мекарданд, аммо дар айни ҳол нигарон буданд, ки фаъолияти онҳо дар “Боми ҷаҳон” боис ба норизоятии Русия шавад.
Ривояти дигаре низ аз маншаи ин санги бадшугун вуҷуд дорад, ки қирғизҳо низ ба он такя мекунанд. Тибқи ин ривоят, ин сангнавишта ба воқеаҳои соли 1759 марбут аст – замоне ки ду ҳоҷии кошғарӣ ҳамроҳи хонаводаҳои худ аз дасти чиниҳо аз тариқи Помир ба Балх фирор мекарданд, аммо аз сӯи Султон Шоҳ, ҳокими Бадахшон, дастгир ва эъдом шуданд. Ин лавҳро сардастаи сарбозони русӣ, сарҳанг М. Ионов, дар соли 1891 кашф кард. Вай қисмати арзишманди онро бо катибааш ба Тошканд бурд.
Дар аввалҳои даҳаи 1960, қисмати аслии ин санг аз Сумантош ба Хоруғ оварда ва дар рӯбарӯи осорхонаи маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар соли 1969 ин сангро бар пояи муҷассамаи Ленин қарор доданд. Соли 2004 ҳангоми васеъ кардани хиёбони аслии Хоруғ, ин ёдгории таърихии муҳими Помир аз он маҳал барчида шуд ва акнун мунтазири ҷойгоҳе муносиб барои нигаҳдории доимӣ аст.
Тафсири чиниҳо аз ин сангнигора аз камтарин сатҳи эътимод бархурдор аст. Чарлз Адолф Мюррейи англис, ҳафтумин урли Донмур (набераи Катерина Воронтсова ва набераи сафири Русия дар Англия С. Р. Воронтсов), дар соли 1892 ба минтақа сафар карда буд. Вай бо ишора ба сангнигораи дигари "пайдошуда" дар ҷануби Вахон гуфта буд, ки чиниҳо одат доранд катибаҳоеро дар маконҳои муносибе гӯронанд, то дар замони муносиб онҳоро дубора "пайдо" кунанд ва ба унвони нишонаҳои марзӣ муаррифӣ намоянд.
Дарвоқеъ, ҳамон тавр, ки дар боло ишора кардем, матни рӯи ин санг "дар бораи ҳеч чизе” иттилоъ намедиҳад ва ҳатто таърих ҳам надорад.
Чиниҳо барои ҳаллу фасли “масъалаи Помир” ба ҳимояти Англия такя мекарданд, аммо дар айни ҳол нигарон буданд, ки фаъолияти онҳо дар “Боми ҷаҳон” боис ба норизоятии Русия шавад. Онҳо фақат изҳороти пурсарусадо карданд. Дарвоқеъ дар поёни садаи нуздаҳум ҳатто як маъмури чинӣ ҳам дар Помир ҳузур надошт. Катибаи рӯи санг фақат ишора ба набардест, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавон онро аломати марзӣ хонд.
Афғонҳо аммо рафторе пархошгарона ва қотеъ доштанд. Тобистони соли 1883 лашкариёни амир Абдураҳмонхон сарзаминҳои худгардони Шуғнон, Рӯшон ва Вахонро дар наздикии Помир ба тасарруфи худ дароварда, ба самти Помир боло рафтанд. Онҳо ба посгоҳи чинӣ дар Сумантош ҳамла карданду асироне гирифтанд, ки баъдан ба бардагӣ фурӯхтанд. Тасаллути афғонҳо бар ин марзу бум тақрибан даҳ сол тӯл кашид. Дар тобистони соли 1892 "дастаи зудгард”-и М. Ионов ба Сумантош омад. Ин сарҳанг, ки мухолифи бардадорӣ буд, 15 афғонро аз дами теғ гузаронд ва парчами Русияро бар фарози Помир барафрошт.
Дар ниҳоят, русҳо бахши аъзаме аз Помирро ба қаламрави худ илҳоқ карданд. Бо суқути ризоятмандонаи англисҳо, онҳо дасти чиниҳо ва афғонҳоро аз ин қаламрав кӯтоҳ карданд. Дар соли 1892 воҳиди низомии Помир дар наздикии Мурғоб (Шодҷон) ташкил шуд ва то соли 1894 подгоне барои чандсад сарбози русӣ дар онҷо сохта шуд. Дар соли 1897 фармондеҳи ин воҳиди низомӣ қароргоҳи худро барои будубоши тӯлонимуддат ба ҷойи муносибтаре дар иртифоъоти Хоруғ интиқол дод. Русҳо на танҳо аз марз ҳифозат мекарданд, балки идораи умури маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамъияти қирғизро, ки байни қаламравҳои Русия ва Афғонистон дар Помир рафтуомад доштанд, ба даст гирифтанд.
Саранҷом, дар соли 1895 бар сари як хатти марзии нав байни Русия ва Бритониё тавофуқи дӯстона ҳосил шуд. Долони Вахон байни Ҳинди Бритониёӣ ва Туркистони Русия ба Афғонистон вогузор шуд. Ҳарду имперотурӣ ба эҷоди як минтақаи ҳоил дар онҷо алоқаманд буданд, то дигар баҳонае барои низоъ байнашон мавҷуд набошад, монанди ончи дар моҳи августи 1891 рух дод. Он замон маъмури иттилоотии Англия Ф. Янгҳазбенд дучори рӯёрӯӣ бо ҳампешаи русии худ, сарҳанг М. Ионов шуда буд.
Иллати аз даст додани ин заминҳо аз сӯи чиниён на қудрати низомӣ ва сиёсии Русия, балки сустии давлати Чин ва нокомиҳояш дар ҷабҳаи дипломатӣ арзёбӣ мешавад.
Мулоқоти ин ду дар Бузой-Гунбад дар қаламрави Афғонистон барпо шуд, ки минтақае ҳаммарз бо Ҳинд, дар қаламрави Помири Кӯчак ва таҳти сайтараи Англис буд. Аммо Ионов, ки дастае аз казакҳоро зери фармон дошт, маъмури англисро таҳдиди боздошт кард ва аз ӯ хост, ки бахубӣ аз ин минтақа берун шавад. Ин ҳодиса метавонист баҳонае барои даргирие бошад, ки барои ҳарду тараф ба ҳамон андоза номатлуб буд. Бо эъломи Помир ба унвони як минтақаи "ҳоил" ва "долон", ду тараф онро бар афғонҳо таҳмил карданд. Ин тавофуқ аз ҷанги байни Англия ва Русия дар марзҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ҷилавгирӣ кард, аммо ҳазинаи ин "меҳмониро" қирғизҳо пардохтанд ва озодии худро аз даст доданд. Афғонҳо, ки на танҳо дар Помир, балки дар тамомии қаламрави Бадахшон ба чашми тамаъ менигаристанд, дар рӯбарӯи як амали анҷомшуда қарор гирифтанд.
Абдураҳмон, амири Афғонистон, бо ишора ба ин, ки бо атбои худаш ҳамчунон мушкилоти зиёде дорад ва моил ба пазируфтани масъулият барои «кирғизҳои роҳзани Вахон ва Помир» нест, ба ҳар баҳонае аз қабули ин «ҳадя» худдорӣ мекард. Ду тарафи тавофуқ ба чиниҳо ҳам, ки кулли Помир ва на танҳо долони борике аз онро мехостанд, тақрибан эътиное накарданд. Замоне ки англисҳо ва русҳо Помирро байни ҳам тақсим мекарданд, Чин дар остонаи ҷанг бо ҷопониҳо буд ва давлати подшоҳии Чинг (Qing) наметавонист ба таври ҷиддӣ дар тақсими Помир иштирок кунад. Фармондори иёлати Туркистони Русия Чинро "кишваре дар остонаи фурӯпошӣ” хонда ва "ба унвони як омили ҷиддӣ дар сиёсати шарқ ҳойизи аҳамият" намедонист.
Лозим ба ёдоварист, ки дар умум аз соли 1858 то 1924 ҳудуди 753000 мили мураббаъ (1.9 миллион километри мураббаъ) аз хоки Чин умдатан дар Ховари Дур ба Русия илҳоқ шуд.
Иллати аз даст додани ин заминҳо аз сӯи чиниён на қудрати низомӣ ва сиёсии Русия, балки сустии давлати Чин ва нокомиҳояш дар ҷабҳаи дипломатӣ арзёбӣ мешавад. Мақомҳои чинӣ, ки аз шеваҳои ҷадиди дипломатия ва равобити байнулмилал чандон баҳрае надоштанд, намедонистанд, ки чӣ гуна бо аврупоиҳо музокира кунанд, чӣ гуна ба тавофуқ расанд ва иттиҳоде эҷод кунанд.
Помир – намунаи зебоишинохтӣ кардани сиёсати ҷаҳонӣ
Ба ин тартиб, тақрибан 130 сол пеш аз ин, ду қудрати фароминтақаӣ ва дурдаст ба сарзамине бегона ворид шуданд, ҳамсоягонашро ронданд ва онро миёни худ тақсим карданд ва байни заминҳои тасарруфкардаи худ наворе боқӣ гузоштанд. Худро кошифони «сарзамине мутааллиқ ба ҳеч кас», худовандони «Боми ҷаҳон» ва ҳатто гаҳвораи нажоди «ориё» эҳсос мекарданд.
Даркашон аз Помиру Оксус (Омударё) ба маънои қаламраве дуруфтода ва ҳадафе барои тавсеаи истеъмор ва баҳрабардорӣ аз сарватҳо ва манобеи фаровон набуд, балки чакодҳои сар ба фалак кашидаи риштакӯҳҳои воқеъ дар қалби АвруОсиёро бахше аз ҳувияти эҳёшудаи "орёии" худ медонистанд. Хаёлпардозӣ ва руҷуъ ба лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ бо низомиён, сиёсатмадорон ва ҷаҳонгардони давраи Малика Виктория ва дудмони Романовҳо (ки бо ҳам пайвандҳои хонаводагӣ доштанд) дар муборизоташон барои Помир ҳамроҳ буд. Сайтара ёфтан бар "Боми ҷаҳон" аз назари онҳо нишонае аз қудрати имперотурӣ, қудрати мутлақ ва бартарии нажоди сафед бар соири мардумон буд.
Аммо ҳарфи охир ҳамеша бо модар-табиат аст. Кӯҳҳо ва манзараҳои табиӣ ба андозае дастнаёфтанӣ, дурушту ноҳамвор буд, ки аврупоиёни ғарра ба фатҳу пирӯзиҳои худро бар хари худшон нишонд ва нишон дод, ки ин ҳама қудрат ва тавони онҳо пеши нерӯ ва иқтидори табиат номаҳдуд нест, балки ночиз аст. Хеле зуд фотеҳон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ин минтақа дарвоқеъ бузургу паҳновар, дастнаёфтанӣ, беназму саркаш ва барои мутолеа ва тафреҳу тафарруҷ (аз ҷумла шикор) хатарнок ҳам аст, чи расад ба тавсеа ва густариши шаҳрнишинӣ дар он.
Идома дорад
Гуфтугӯ