Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз босмачиҳо то Толибон: Тоҷикони ду сӯйи Ому ва марзҳои "хуб"-у "бад" (Қисми 2)


Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Оё дар ҳақиқат марзи пешини Шӯравӣ бо Афғонистон, тавре онро арзёбӣ мекунанд, хатаровар аст? Чӣ чиз марзҳоро ба сарчашмаи низоъҳо табдил медиҳад? Кӣ, чӣ гуна ва барои чӣ хатти марзро тавассути дарёи Ому муайян кард? Ин сарҳадҳо дар таърихи мардуми Осиёи Марказӣ чӣ аҳамият доранд?

Бахши якуми посухҳоро дар инҷо бихонед

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик

ГУРЕЗАҲОИ БУХОРО ДАР АФҒОНИСТОН

Садҳо ҳазор сокини норозӣ аз ҳукумати Шӯравӣ солҳои 1920-ум ба Афғонистон паноҳ бурданд.

Бар асоси иттилои ҳукуматии Тоҷикистон, пас аз омадани Артиши Сурх ба Бухоро дар нимаи аввали солҳои 1920-ум танҳо аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон 40 ҳазор хоҷагӣ ё беш аз 200 ҳазор нафар, ки тақрибан 25%-и аҳолии кишварро ташкил медоданд, ба Афғонистон гурехтанд. 40 ҳазори дигар минтақаҳои наздисарҳадии Узбекистонро бо Афғонистон тарк карданд. Тақрибан ҳамин қадари дигар тоҷикон, узбекон ва туркманҳо (ҳамчунин қафқозиҳо, русҳо ва ғ.) дар миёнаҳои солҳои 1925-1932 дар давраи коллективонӣ, ки озодкунии занон ва мубориза бо динро дар пай дошт, ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Писари раҳбари пешини Дарвоз, Ғулом Ҳасан, баҳори соли 1931 дар вилояти Бадахшон қудратро пурра ба даст гирифт. Ӯ ба зидди намояндагони ҳукумати Шӯравӣ як қатор ғоратгариҳо ва ҳамлаҳои террористиро анҷом дода, ба кӯҳ паноҳ бурд.

Бештари ин муҳоҷирон маскун шудан дар минтақаҳои марзиро назар ба маркази Афғонистон беҳтар шумурданд. Аксари онҳо дар қабули шаҳрвандии Афғонистон шитоб накарданд ва пошхӯрии ҳукумати Шӯравиро мунтазир буданд. Ин чиз ҳам ҳукумати Афғонистон ва ҳам ҳукумати Шӯравиро таҳти фишор қарор медод. Берун рафтани мардум дар миёнаҳои солҳои 1930-юм якбора кам шуд. Зеро ҳукумати Шӯравӣ мавқеи худро дар минтақа тақвият бахшида, аз ҳама муҳимтар марз бо Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои дигари ҷанубиро маҳкам баст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи муҳоҷирон дар ҳамсоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Шӯравӣ дигар афзоиш наёфт ва робита ба ватани он тарафи рӯдхона низ қатъ шуд.

Зуҳури беш аз ниммиллонии муҳоҷирони тоҷик, узбек ва туркман ба демография ва робитаҳои байниқавмии Афғонистон таъсири худро гузошта, мавқеи шимолиҳоро дар мубориза бо паштунҳои ҷанубу шарқ нерӯ бахшид. Он ба рушди иқтисоди Афғонистон ҳам мусоидат карда, Шимолро ба пешрафтатарин минтақаи он кишвар табдил дод. Зеро муҳоҷирон бо омадани худ на танҳо нерӯи корӣ, балки зироатҳои нав ва донишу малакаҳои хоҷагидориеро низ оварданд, ки тайи чанд сол дар империяи Русия касб карда буданд.

Ҳукумати Шӯравӣ тамоми онҳоеро, ки аз Узбекистону Тоҷикистон ба Афғонистон кӯч бастанд, "босмачӣ" эълон кард. Дар асл ин тавр нест. Дар миёнаҳои солҳои 1920 ҷанг ба поён расид ва Русияву Англия ба созиш расиданд, ки агар Маскав аз талошҳояш барои Ҳиндустон даст кашад, Лондон низ дигар ба ҳаракатҳои зиддишӯравии Осиёи Марказӣ ёрӣ намекунад. Бино бар ин, бештари муҳоҷирони муҷоҳид ҳамгироиро бо ҷомеаи Афғонистон беҳтар шумурда, ҳадафи худ гузоштанд.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Ҳукумати Афғонистон ба амиру қурбошиҳои бузургтарини босмачиҳо нафақа медод, вале иштироки онҳоро дар сиёсат манъ карда буд. Аммо ин маънои онро надошт, ки ҳамаи қурбошиҳо аз мубориза даст кашида бошанд. Амир Олимхон ҳангоми зиндагӣ дар Кобул, аз майи соли 1921 то дами марг (моҳи апрели соли 1944), талош мекард, ба Пешовар ва Деҳлӣ рафта, бо мақомоти Бритониё шахсан суҳбат ва эътирофи дипломатию кумак дарёфт кунад. Аммо мақомоти ҳинду-бритониёӣ ҳамеша ба дархостҳои батакрору пай дар пайи охирин манғит дар бораи дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар ҳудуди Ҳиндустон посухи рад медоданд.

МАРЗ ДАР ОТАШ

Мусулмонон мусоидат ба ҳамдинони худро сарфи назар аз зодгоҳашон ҳамеша ифтихор медонистанд. Зеро Ислом марзҳои давлатӣ, фарҳангӣ, забон ва дар умум давлатҳоро дар шакли муосирашон намешиносад. Бинобар ин, ҳамраъйии исломӣ ва воридшавии фаромарзӣ дар давраҳои нооромӣ ва сустшавии кишварҳои ҳар ду тарафи рӯди Ому вуҷуд дошт. Хатарноктарини онҳо ҳуҷуми беки худхондаи Қаротегин (Ғарм) Фузайл Махсум дар моҳи апрели соли 1929 буд.

Ин пешвои фирории босмачиҳо аз дарҳаму барҳамӣ дар пайи сарнагун шудани Амонуллоҳхон истифода карда, бо 5 ҷонибдори худ, аз ҷумла як рус ба Дарвози Шӯравӣ омад. Вай дар ҷараёни рейди Ғарм 200 километрро дар 20 рӯз тай карда, шумори ҷанговаронашро ба 500 расонид. Фузайл Махсум корхонаву фурӯшгоҳҳоро ғорат карда, даҳҳо ҷонибдори ҳукумати навро сахт ҷазо дод. Аз ҷумла, ӯ мудири 28-солаи маорифи Ғарм Шарифҷон Ҳусейнзодаро, ки аз шаҳри Конибодом рафта буд, паронда, се духтари маҳаллии омӯзгорро ба дор овехт.

Мақомоти маҳаллӣ бетарафӣ нишон дода, баъзан бо ошкор кардани ҷонибдорони пинҳоншудаи ҳукумати нав мустақим Фузайл Махсумро дастгирӣ мекарданд. Зидди террористон танҳо ду гурӯҳи хурди ихтиёриён аз ҳисоби хидматчиёни Шӯравӣ бархостанд. Гуруҳи аввал бо раҳбарии Ф. Гутовский пурра саркӯб ва маҳв шуда, гуруҳи дувум зери фармондеҳии Ф. Мокритский тавонист, то расидани ёрӣ тоб биёрад. Аз Душанбе як гуруҳ аз сарбозони сурхро таҳти фармондеҳии Т.Т.Шапкин ва комиссар А.Т.Федин дар панҷ ҳавопаймо ба Ғарм фиристоданд. Ин нахустин амалиёти ҳавоии десантӣ дар таърихи Артиши Сурх буд. Дар натиҷа, Фузайл шикаст хӯрд ва ба Афғонистон гурехт.

Натиҷаи ғамангези ин манзараро фармондеҳи ҳавзаи низомии Осиёи Марказӣ Павел Дибенко баён дошт. Ӯ дар паёмаш ба ҳайати Анҷумани дувуми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон изҳор намуд, ки “дигар набояд фикр кард, ки Тоҷикистону Узбекистонро ҳамеша мардони Артиши Сурх бояд ҳимоят кунанд. Ба назари ман, баъди ин 12 сол дигар замоне расида, ки мо бояд ёд гирем ва ҳам худу ҳам ҳукумати Шӯравиро ҳимоят кунем”.

Тоҷикони Афғонистон дар ду давра – соли 1929 (Ҳабибуллоҳ Калаконӣ – Бачаи Саққо) ва солҳои 1992-1996 (президент Бурҳониддин Раббонӣ) тавонистанд, ба ин ҳадафи худ бирасанд.

Ҳуҷуми дувум аз тарафи Афғонистон дар шароити зерин сурат гирифт. Ҳукумати паштунҳо баъди шикасти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар тирамоҳи соли 1929 дубора барқарор шуд ва шоҳи нав Нодиршоҳ зидди бухороиҳои фирорӣ (асосан қабилаҳои лақай) ба раҳбарии Иброҳимбек, ки дар ҷараёни шӯриш аз Ҳабибуллоҳ ҷонибдорӣ карда, халъи силоҳро напазируфт, ҷангро оғоз кард.

Иброҳимбек ва ҷонибдоронашро ҳатто ба он гунаҳкор карданд, ки гуё бо истифода аз суст шудани кишвар мехостанд, дар шимоли Афғонистон давлати узбекону тоҷиконро таъсис диҳанд. Тақрибан 5 ҳазор паштун аз вилоятҳои шарқӣ дар моҳи октябри соли 1930 ба тарафи шимоли Афғонистон фиристода шуданд. Ин гуруҳҳо аз ҳеч гуна таъмине бархӯрдор набуданд ва ҳама чизро бо ғоратгарӣ ба даст меоварданд.

Ҷанге оғоз шуд, ки дар таърихи Афғонистон бо номи “ҷанги лақай” маъруф аст. Узбекону тоҷикҳои маҳаллии Афғонистон дар мубориза бо нерӯҳои он кишвар, ки ҳамаро ғорат карданд, дар умум муҳоҷирон ҷонибдорӣ намуданд. Вилоятҳои шимолии Афғонистон дубора ба бесарусомонӣ рӯбарӯ шуданд, ки қувваҳои марказгурезро ба ҳаракат дароварданд.

Писари раҳбари пешини Дарвоз, Ғулом Ҳасан, баҳори соли 1931 дар вилояти Бадахшон қудратро пурра ба даст гирифт. Ӯ ба зидди намояндагони ҳукумати Шӯравӣ як қатор ғоратгариҳо ва ҳамлаҳои террористиро анҷом дода, ба кӯҳ паноҳ бурд. Ҳайати гуруҳи вай аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ то ба 80 кас афзоиш ёфт. Дертар ин гуруҳ аз сӯи Артиши Сурх саркӯб гашт.

Барои афғонҳо маълум шуд, ки амалиёти онҳо ба хотири ором сохтани лақайҳову ҷонибдоронашон бо истифода аз зархаридони минтақаҳои наздимарзӣ ноком буд. Ба ҷуз аз Шимол, қабилаҳои (паштун) Шарқ низ, ки шӯришҳои зиддиҳукуматиро дубора оғоз намуда буданд, Нодиршоҳро нигарон карданд. Вай бо англисҳо вориди гуфтугӯ шуд, то ёрии низомӣ гирад. Англисҳо ҳам розӣ шуданд ва ба Кобул 10 ҳазор силоҳ ва 10 ҳазор фунт стерлинг кумак карданд.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Нодиршоҳ 4-уми декабри соли 1930 як гуруҳи бузурги низомиёнро зери фармондеҳии бародараш ва вазири ҳарбӣ Шоҳ Маҳмуд ба шимол фиристод. Афғонҳо муҳоҷиронро ба марз пеш карданд. Иброҳим ҳам дар рӯбарӯи интихоби мушкил қарор гирифт. Ӯ наметавонист, ҳатто бо хонаводааш дар кишвари ғайридӯсти Афғонистон бимонад, ҳамон тавр, ки наметавонист бо артиш биҷангад. Вай моҳи апрели ҳамон сол тасмим гирифт, ба ҳудуди Шӯравӣ равад ва дар онҷо бо назардошти вазъият амал кунад. Агар сокинон ҷонибдорӣ карданд, муборизаро бо Шӯравӣ идома медиҳад, агар не, бо мақомоти минтақа дар мавриди таслими “сарбаландона” гуфтугӯ хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, “бигузор, аз афғонҳо дида, маро аскарони сурх бикушанд”. Ҳарчанд барои рафтан 9 ҳазор кас омодагӣ дида буд, марзро танҳо 5 ҳазор нафар гузаштанд. Ин яке аз ғамангезтарин қисматҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Афғонҳо ҷанговарон ва хонаводаҳои онҳоро дар миёнаи рӯдхона нишон гирифтанд. Аз тарафи муқобил аскарони Шӯравӣ оташ мекушоданд. Занону кӯдакон ва чорво дар оби сард ғарқ шуданд.

Гурезаҳо дар хоки Шӯравӣ билофосила мавриди бозпурсӣ ва бозҷӯии марзбонон қарор гирифтанд. Худи Иброҳимбек дертар бо 400 нафар фирор кард. Ӯ баъд аз дастгирӣ наёфтан аз сӯи ҳамватанонаш 23-юми июни соли 1931 тақрибан дар 60-километрии ҷанубу ғарби пойтахти Тоҷикистон дастгир шуд (Ба маълумоти дигар, таслим шуд). Асир афтодани Иброҳимбек ба поёни босмачигарӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ далолат мекард.

Артиши Сурх дар навбати худ бо истифода аз вобастагии сахти Афғонистон аз ҳукумати Шӯравӣ дар давоми солҳои 1925-1930 се бор ба он кишвар ҳуҷум кард. Аскарони Сурх бори аввал моҳи ноябри соли 1925 ба Афғонистон ҳамла ва ҷазираи Ура-Туғайро дар рӯдхонаи Панҷ, ки афғонҳо онро аз худ меҳисобиданд, тасарруф карданд. Ин ҳодиса таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб карда, он ҳамчун нахустин қадами воридшавии ба тадриҷи Шӯравӣ ба Афғонистон арзёбӣ гашт. Ҷониби Шӯравӣ ақиб нишаст ва низоъ низ хомӯш шуд, вале он рӯҳияи зиддишӯравӣ ва босмачигариро дар Афғонистон ба вуҷуд овард.

Амалиёти махсус ва бузургтарини Артиши Сурх дар Афғонистон моҳҳои апрел ва майи соли 1929 сурат гирифт. Баҳонаи расмии он дархости сафири Афғонистон дар Маскав Ғулом Набихон шуд, ки хоста буд, ба Амонуллоҳхон, ки аз сӯи Ҳабибуллоҳ Калаконӣ сарнагун шуда буд, ёрӣ диҳанд.

Нерӯҳои зидди Шӯравӣ дар Афғонистон
Нерӯҳои зидди Шӯравӣ дар Афғонистон

Ҳавопаймоҳои Шӯравӣ он замон марзбонони афғон ва сокинони Мазори Шарифро бомбборон карда, гуруҳи дуҳазории аскарони Сурх ба раҳбарии собиқ атташе ё кордори низомии Шӯравӣ дар Кобул, Виталий Примаков, Мазори Шариф, Тошқӯрғон ва Балхро забт намуд. Гуруҳ умедвор буд, ки сафи ҷонибдорони худро дар Афғонистон афзоиш дода, вобаста ба вазъ иқдом мекунад. Ҳатто мехостанд, баъзе аз вилоятҳои ҳаммарзро ба ҳайати Тоҷикистону Узбекистони Шӯравӣ пайваст намоянд ва маҳз дар он давра Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Узбекистон ҷудо ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълом карда шуд. Гуруҳ баъд аз дастгирӣ наёфтан аз сӯи афғонҳо ва аз тарси табдили ҷанги шаҳрвандии Афғонистон ба як ҷанги ватанӣ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ақибнишинӣ кард. Ҳуҷуми севум моҳи июни соли 1930, замоне рух дод, ки нерӯи Шӯравӣ марзро гузашта, зидди гуруҳи Иброҳимбеки фирорӣ амалиётеро анҷом дод. Албатта, дар ҳар ду тарафи Амударё шабехунҳо ҳам мешуданд, вале онҳо аз нигоҳи миқёс назар ба намунаҳои овардашуда хурдтар буданд.

САНҶИШИ УСТУВОРИИ МАРЗҲО ДАР ДАВРАИ ҶАНГИ ҶАҲОНИИ ДУВУМ

Низомиёни гитлерӣ ва ҷопонӣ ҳанӯз аз нимаи дувуми солҳои 1930-юм бо ҳадафи берун кардани Англия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум ба Эрону Афғонистонро оғоз карданд. Талошҳо барои муқобала бо душмани ягона Иттиҳоди Шӯравӣ ва Англияро водор сохт, ки 25-уми августи соли 1941 нерӯҳои худро вориди Эрон созанд.

Ризошоҳи олмонигаро дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 1941 тахтро барои писараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ холӣ кард ва охирҳои соли 1942 нерӯҳои Амрико вориди Эрон шуданд.

Дар умум, ҳукумати Зоҳир Шоҳ дар Афғонистон ва ҳукумати Исмат Инон дар Туркия дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум сиёсати бетарафиро пеш гирифта буданд. Вале маҳви хадамоти махсуси фашистӣ дар Афғонистон ба зудӣ сурат нагирифт. Бо шарофати талошҳои ҷосусони миллатгаро дар Кобул ва шимоли Афғонистон созмони муҳоҷиратии олмонигаро ташкил карда шуд. Онро пешвоёни собиқи босмачиён, атрофиёни амири пешини Бухоро ва ҳатто фарзандони охирин хони Қӯқанд ташкил медоданд. Ҳадафи он ворид шудан ба Узбекистону Тоҷикистон ва бозсозии монархия буд.

Афғонистон бо вуҷуди нуфузи сахти олмонигароӣ дар Кобул ба далели тарс аз ҳамгироии Шӯравию Англия, ки дар робита ба Эрон анҷом шуда буд, фаъолиятҳои зиддишӯравиро саркӯб кард. Эҳтимоли иҷрои ҳуҷуми “босмачӣ-олмонӣ” на танҳо барои он хеле кам ҳисобида мешуд, ки хадамоти иктишофии Олмон назар ба хадамоти иктишофии Шӯравию Англия заиф буд, балки дастрас кардани силоҳу лавозимот низ барои ҳамла ба ҷабҳаи дурдасти Олмон ва ҳузур доштани нерӯҳои ҳампаймон дар Эрон хеле мушкил буд.

Бо эҳтимоли зиёд, сухан аз танҳо ташкили бетартибиҳо дар сарҳади Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Осиёи Марказӣ мерафт, ки дар давраи ҷанг ақибгоҳи Шӯравӣ буд. Сиёсати фашистии Олмон баъд аз пирӯзии артиши Шӯравӣ дар Маскав, Сталинград ва Қафқоз ба ҳам зад ва дар натиҷа нақшаҳои таҷовузкоронаи фашистӣ дар Шарқи Дуру Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҳам пурра “дафн” шуданд. Ҳукумати Афғонистон дар миёнаҳои соли 1943 таҳти фишори Англия ва Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур шуд, боздоштҳои дастҷамъии ҷосусони фашистро ба роҳ монад.

Марзҳоро на мардуми одӣ, балки сиёсатмадорон «хубу бад» мекунанд.

Дар натиҷа, 23 муҳоҷири бонуфуз дастгир шуданд. Сипас ҳаводисе рух дод, ки солҳои дароз аз назари таърихнигорон дур монд. Сухан аз ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирони узбек, тоҷик, туркман, қирғиз ва қазоқ аз наздикиҳои хатти сарҳад меравад. Мақомоти Афғонистон дар баробари фишорҳои ҳукумати Шӯравӣ таслим шуда, муҳоҷиронро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ маҷбурӣ ба ноҳияҳои дарунтар, бо шумули вилоятҳои Қандаҳору Ҳилманд бурданд. Мақомоти афғон пешакӣ занонро аз мардон ҷудо карданд. Сипас муҳоҷиронро зери назорати сипоҳиён пиёда ба ҷануб фиристоданд. Дар роҳ одамони зиёде ҷон бохтанд ва занони ҳомила дар канори роҳ таваллуд карданд. Албатта, сабаби асосии ноком шудани кӯшишҳои эҳёи босмачигарӣ ва оғози ҳаракатҳои зиддишӯравӣ дар сарҳади Афғонистон пирӯзии Артиши Шӯравӣ дар ҷанг бо Олмон буд.

Мардуми Осиёи Марказии Шӯравӣ низ дар торумор кардани ғосибони олмонӣ саҳми назаррасе доштанд. Онҳо Шӯравиеро ҳимоят мекарданд, ки ватанашон буд. Маҳз нерӯ ва тавоноии Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуд, ки Туркия, Эрон ва Афғонистон аз амалҳои харобкорона нисбат ба кишварҳои Шӯравӣ худдорӣ варзанд. Марзи Шӯравӣ бо Афғонистон ором буд ва ин ба Москва имкон дод, ки болои муборизаҳо бар зидди Олмон дар Аврупо тамаркуз кунад.

ХУЛОСА

Пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши марз машғул ҳастанд, мафҳумҳои сарҳадҳои "хуб" ва "бад"-ро эҷод кардаанд. Марзҳои "бад" онҳое ҳастанд, ки худсарона кашида шуда, мардуми аз нигоҳи фарҳангӣ, динӣ ва нажодӣ комилан гуногунро иҳота мекунанд. Ин мардум намехоҳанд, бо ҳам зиндагӣ кунанд ва доимо бо якдигар меҷанганд. Бинобар ин, онҳо ҳамеша дар фақр ба сар мебаранд.

Албатта, марзҳои "бад" танҳо хоси мустамликаҳои Осиё ва Африқо нестанд. Барои намуна, бештари марзҳои кишварҳои аврупоӣ низ тавассути барандагони ҷангҳои ҷаҳонии якум ва дувум кашида шудаанд. Вале онҳо маҳз дар Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мероси мушкилеро боқӣ гузоштанд. Имрӯз Ироқу Сурия, Афғонистон ва Покистон хатарноктарин кишварҳои ақибмонда ва ғайридемократӣ ҳастанд. Дар ҳамаашон мушкили марзҳои "бад" мушоҳида мешавад. Онҳо бо он чи ки аз гузаштаи мустамликавӣ ба мерос мондааст, бесуботии минтақавиро ба вуҷуд оварда, ба рушди иқтисод, ҳаҷми сармоягузорӣ ва рушди тиҷории байналмилалӣ таъсири манфӣ гузошта, кишварҳоро маҷбур месозанд, ба бахши дифоии худ бештар харҷ карда, ҳифзи саломатии сокинон ва низоми маорифро ба мавҷудияти фақр маҳкум кунанд.

Марзҳои "бад" ҳамчунин онҳое ҳастанд, ки як мардумро аз ҳам ҷудо карда, маскуни ду кишваре мекунанд, ки аз ҳамдигар фарқ доранд. Ин пеш аз ҳама ба тоҷикон дахл дорад. Бар асоси омори тахминӣ, ҳоло аз 30 миллион тоҷик тақрибан 15 миллионаш дар Узбекистону Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Қисми дигари ин мардум дар он тарафи рӯди Ому ҳастанд. Тибқи арзёбиҳои гуногун, онҳо 27-39 дарсади аҳолии 40-миллионии Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, тоҷикони Афғонистон якуним баробар бештар аз тоҷикони Тоҷикистон ҳастанд. Агар тоҷикони ин тарафи Амударё кишвари худро дошта бошанд, тоҷикони он тараф дар як давлати гуногунмиллат ба сар мебаранд. Онҳо ягона мардуми ғайрипаштун ҳастанд, ки даъвои қудрат дар он кишварро доранд.

Тоҷикони Афғонистон дар ду давра – соли 1929 (Ҳабибуллоҳ Калаконӣ – Бачаи Саққо) ва солҳои 1992-1996 (президент Бурҳониддин Раббонӣ) тавонистанд, ба ин ҳадафи худ бирасанд.

Аммо барҷастатарин намунаи марзҳои «бад» тақсими минтақаҳои паштунҳо тавассути Англия дар хати Дюранд дар соли 1893 аст. Он ҳатто на марз, балки як «минтақаи қабилавӣ»-и ниммустамликаест, ки расман ба Ҳиндустони бритониёӣ (Покистони кунунӣ) тааллуқ дорад. Покистон мехоҳад, онро марз қарор диҳад, дар ҳоле ки мақомоти “паштунӣ”-и Афғонистон онро қонунӣ намеҳисобанд.

Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ берун омад, вале аз ин гузашта барояш марз бо Афғонистон монд.

Имрӯз дар он минтақа ва вилоятҳои дигари Покистон зиёда аз се ду ҳиссаи 40 миллион паштуни Осиёи Ҷанубӣ ва қитъаи Ҳинд ба сар мебаранд. Боқӣ шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Паштунҳо, ки тақрибан 15 дарсади аҳолии Покистонро ташкил медиҳанд, бо Исломободи расмӣ муносибати чандон хуб надоранд. Агар манфиати паштунҳои Афғонистон поймол шавад, эҳтимол онҳо бо бародарони худ дар хати Дюранд ва Покистон муттаҳид шуда, болои «лоиҳаи афғонӣ»-и Русияву Англияро бар нафъи «Афғонистони бузурги мустақил» ё «Паштунистон» хат бикашанд.

Агар Афғонистони чандмиллатӣ ба Паштунистони якмиллатӣ табдил ёбад, он барои Покистон фоҷиа хоҳад буд. Зеро мавқеи онро дар муқобалаҳо бо Ҳиндустон суст месозад. Тақдири тоҷикон, узбекон ва туркманҳои шимоли Афғонистон номуайян мемонад. Се интихоб ҳаст, ё ба Паштунистон мепайванданду мавриди табъизи бештар қарор мегиранд, ё давлати алоҳидаи худро ташкил медиҳанд ё бо бародарони ин тарафи Амударёи худ ҳамроҳ мешаванд. Бинобар ин, ҳифзи ҳукумати исломии паштуни дӯст бо Англия дар Афғонистон ва ҳамзамон пешгирӣ аз муттаҳидшавии миллати паштун нахуст ба вазифаи асосии Англия ва сипас (аз соли 1947) аз Покистон табдил ёфт.

Имрӯз Амрико, Русия ва Чин алоқаманди ҳифзи бартарияти сиёсии паштунҳо дар Афғонистон ҳастанд. Оё Толибон метавонанд ҳукумати паштуниҳоро бидуни нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои дигар ҳифз кунанд? Оё Толибон хати Дюрандро марзи давлатӣ эътироф мекунанд? Ё онҳо аз назорати Покистон берун шуда, исломгароӣ ва ҷиҳодро канор мегузоранду рӯй ба миллатгароии фаромарзӣ оварда, фармонравоии худро аз дарёи Ому то Ҳиндустон рушд медиҳанд, инро вақт нишон хоҳад дод.

Марзҳоро на мардуми одӣ, балки сиёсатмадорон «хубу бад» мекунанд. Амударё сад сол пеш марзи ду ҷаҳони гуногун ва бо ҳам душман қарор гирифт. Ин марз дар давоми асри 20 ба камияш шоҳиди панҷ ҷанги бузург шудааст:

  • нахустин ҷанги шаҳрвандии тоҷикистониён дар солҳои 1918-1932,
  • нахустин ҷанги шаҳрвандии афғонистониҳо дар солҳои 1928-1929,
  • ҷанги Афғонистону Шӯравӣ (солҳои 1979-1989),
  • ҷанги дувуми шаҳрвандии тоҷикистониён дар солҳои 1992-2000,
  • ҷанги дувуми шаҳрвандии афғонистониҳо, ки аз соли 1989 оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад.

Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ берун омад, вале аз ин гузашта барояш марз бо Афғонистон монд. Ҳатто агар бунёди давлат бо зӯрӣ ва ғайриодилона ҳам сурат гирифта бошад, он хати марзи кишварҳоеро ба вуҷуд овард, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудаанд.

Марз, ҳудуд, парчам ва гимн рамзҳои давлатӣ ҳастанд. Вазифаи асосии марзҳо ҳимоят аст. Марзи кашидашуда Помирро аз ғасбкориҳои афғонҳо дар охири асри 19 ва аввали асри 20 наҷот дода, Осиёи Марказиро дар давраи саркӯби босмачиҳо ва фаъолиятҳои моҷароҷӯёнаи афсарони турку ҷонибдорони пантуркисти маҳаллияшон дар солҳои 1921-1923 ҳимоят кард. Ин марз барои ғасбкориҳои босмачиҳои фашистгаро дар солҳои 1941-1945 ҳам монеаи боэътимоде шуд. Он соли 1991 марзи давлатии Тоҷикистоне шуд, ки бе ҳеч гуна оташкушоӣ ва додани қурбонӣ истиқлоли пурраро ба даст овард.

Шояд дар зеҳни касе фикри ба даст овардани марзи хубтар, одилонатар ва дурустаре биояд, вале бояд гуфт, ки барои он ҳазина ё сармояи ҳангуфте мебояд пардохт.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG