Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи забони давлатиро дар Молдова дигар карданд


Майя Санду
Майя Санду

Номи забони давлатӣ дар Молдова аз "молдованӣ" ба "руминӣ" иваз шуд. Қонунро дар ин бора раисиҷумҳур Майя Санду рӯзи 22-юми март имзо кард.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, забони руминӣ барои таҳкими ҷомеа ва ҳамгироии он ба Иттиҳоди Аврупо хидмат хоҳад кард.

"Онҳое, ки даҳсолаҳо мегуфтанд, мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Молдова, ба забони руминӣ не, "молдаванӣ" ҳарф мезанем, танҳо як мақсад доштанд: ҷудо кардан," – афзудааст хонум Санду.

Баъзе аз забоншиносон бар ин назаранд, ки забони молдаванӣ аслан вуҷуд надорад ва сокинони Молдова ба монанди бошандагони Руминия ба забони руминӣ гап мезананд.

Дигарон бар ин боваранд, ки сухан дар бораи ду забони гуногун, вале ба ҳам наздик меравад. Ба мисли Тоҷикистону Эрон, ки забону таърихи ягона доранд, хату номи гуногун.

Руминия узви Иттиҳоди Аврупо аст, Молдова аз соли 2022 кишвари номзад. Бисёре аз шаҳрвандони Молдова, ба мисли худи президент Майя Санду, шаҳрвандии Руминия низ доранд.

Молдова, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо, дар пайи ҷанги Русия дар Украина бо бесуботии бештар рӯбарӯ шудааст.

Ин кишвар ҳазорҳо фирории украиниро пазируфт, вале дар айни замон аз ҳамлаи эҳтимолии Русия, ки нерӯҳояш дар минтақаи ҷудоихоҳи Приднестровия ҳастанд, ҳарос дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG