Аҳто Лобякас ва Валерия Виту
Ин баҳс, ки оё форсиву дариву тоҷикӣ се забони алоҳидаанд ва ё се гӯиши як забон, як баҳси ҳамеша вирди забони маҳофил дар кишварҳои форсизабон, аз ҷумла дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо маълум мешавад, чунин баҳси забонҳо хоси танҳо форсиву тоҷикиву дарӣ набудааст.
Макс Вейнрих, пажӯҳишгари забони идиш, яке аз ду забони яҳудӣ забонро гӯиши мусаллаҳ бо артиши заминиву дарёӣ номидааст. Молдова - кишвари хушкаӣ ва хориҷ аз обҳои баҳриву уқёнусӣ буда, табъан артиши дарёӣ надорад ва артиши заминиаш низ ба андозае бузургу тавоно нест, ки ин кишварро дар минтақа ба гунаи як қудрати низомӣ ҷилва диҳад. Аммо як саҳнаи корзор барои давлати Молдова акнун сангари набардаш бо ҳамсоякишвари Руминия ва ҳадафаш аз ин набард собит сохтани мавҷудияти забони молдованӣ будааст.
Кишинёв мегӯяд, молдованӣ аз забони руминӣ фарқ дорад ва ҷудост. Аммо дар Руминия бар ин боваранд, ки забони молдованҳо ҳамон руминист, танҳо номи дигараш гузоштаанд.
Баҳси мақомот
Таниши лафзие, ки дар анҷумани амнияти байналмилалӣ дар Мюнихи Олмон байни раисҷумҳури Молдова Владимир Воронин ва вазири хориҷаи Руминия Адриан Чиориану бархост, соири ҷаҳонро низ ба ин баҳси сардаргум кашид. Бо ин вуҷуд, ки забони ин ҳарду як каме дар луғат ва камеи дигар аз рӯи гӯиш фарқ мекунад, вазири хориҷаи Руминия ба раисҷумҳури Молдова бо … фаронсавӣ хитоб кард:
“Ба назари ман, Ҷумҳурии Молдова дар хатти сиёсати ҳусни ҳамҷавории Иттиҳодияи Аврупо нақши хеле муҳим дорад. Ва ман умедворам, ин нукта, ки Молдова ва Руминия забони муштарак доранд, дасти кам аз лиҳози фаннӣ, ба суди кор истифода хоҳад шуд.”
Раисҷумҳури Молдова Владимир Воронин ба навбаи худ дар ҳамон нишаст ба ин паёми Адриан Чиориану ба … русӣ посух дод:
“Миллион бор аст, ки ман ба шумо посух медиҳам, ва омодаам, миллиард бор посухатон диҳам, ки чӣ гуна ном гузоштани забони ҳар кишвар кори худи мардуми ҳамон кишвар аст. Мо дар таърихи якуми октябри соли 2004 назархоҳии саросарӣ барпо карда будем ва дар он 97 дарсади мардум забонро молдованӣ номиданд. Вале баҳси беохири мо бо Руминия ҳамоно идома дорад, ки кадом аввал буд: тухм ё мурғ?”
Президенти Молдова Владимир Воронин буд, ки аз замони расиданаш ба қудрат дар 7 соли пеш мавзӯъи мустақилияти забони молдованӣ аз руминиро машъал кардааст.
Назари Иттиҳодияи Аврупо
Бахши аъзами қаламрави Молдова то ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба Руминия тааллуқ мегирифт, вале Бухарест маҷбур шуд, ин қаламравҳоро ба Шӯравии вақт таслим кунад. Аммо дар ҳоле ки баҳси забонҳо як дарди сари доим дар равобити Молдова бо Руминия шудааст, Иттиҳодияи Аврупо талош дорад, дар ин баҳс мавқеъи миёнаро бигирад. Чунки дар ин баҳс аз як сӯ Руминия, узви ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо истодааст ва аз сӯи дигар – Молдова, ҳамсоякишвари ҷадиди ин созмон.
Руминия исрор меварзад, ки ИА набояд дар асноди расмии марбут ба Молдовааш ёде аз забони молдованӣ кунад. Дар ҳоле ки теъдоди забонҳои расмии ин Иттиҳодия аллакай ба 23 расидааст, бархе мақомоти Бруселл аз ин мавзеъ пуштибонӣ мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо ба хотири расидагӣ ба масъалаи гуногунии забонҳо як кумиссари вижа низ таъйин кардааст. Иттифоқан дар ҳоли ҳозир, дар ин мақом Леонард Орбан ифои вазифа мекунад. Орбан шаҳрванди Руминия аст ва чунин ҳол мояи пайдоиши суолҳое пиромуни то кадом андоза бетараф будани ӯ шудааст. Леонард Орбан мегӯяд, аз як ҷониб, ИА ҳаққи ҳар кишвар ба номгузории мустақилонаи забонашро эътироф мекунад. Вале аз ҷониби дигар, мегӯяд оқои Орбан:
“Ин ҷо ҳассосияти мавзӯъ барои кишвари узв матраҳ аст. Аз ин нуқтаи назар, ниҳодҳои аврупоӣ бояд масъаларо вобаста ба мизони ҳассосияташ барои ин кишварҳо баррасӣ кунанд ва чунин ҳам мекунанд.”
Дар моҳи январ зимни суханрониаш дар Кумиссиюни Аврупо раисҷумҳури Молдова Владимир Воронин талош кард бо молдованӣ сӯҳбат кунад. Ва аммо Кумиссиюни Аврупо барои тарҷума танҳо як тарҷумони руминиро даъват карда буд, ки низ ба оташи баҳси забонии байни Кишинёву Бухарест равғани бештар рехт.
Назари мардум
Вале ин баҳс, ки оё молдованӣ ва руминӣ ду забон аст ва ё ду шохаи як забони руминӣ, мисли баҳси тоҷикиву дариву форсӣ, маҳдуди танҳо девори дафтарҳои мақомот нест, балки кайҳо аз ин марзу бум гузашта, вирди забони мардум шудааст. Ҳамин тавр, ҳар румин ба ин суол, ки оё забони молдованӣ вуҷуд дорад ё хайр, посухи раддат хоҳад дод. Ва аммо бубинем, ки мардум дар кӯчаҳои Кишинёв, пойтахти Молдова ба ин пурсиш чӣ посух медиҳанд:
“Бархе мегӯянд, вуҷуд дорад.”
“Руминӣ забони муқаддас аст ва абадан забони мо боқӣ хоҳад монд. Забони руминӣ танҳо руминист. Ин забонест, ки ман ба он ҳарф мезанам. Ман фикр намекунам, ки забони молдованӣ вуҷуд дорад, онро ҳамин тур ихтироъ кардаанд.”
“-Шумо бо кадом забон сӯҳбат мекунед?
- Ба забони бессарабӣ.” (Бессарабия исми таърихии қаламрави Молдоваи кунунист).
“Ҷойи шубҳа нест, ки дар асл ин забон руминист. Мардуми босавод инро медонанд. Метавон мардуми авомро гӯл зад, чунки ин қаламрав аз соли 1812 ба Русия тааллуқ дошт ва вожаҳои русӣ бепушт-пушт ба забони мо роҳ ёфта, забони руминиро тағйир доданд. Ҳақиқат ин аст, ки мо мисли ду бародар ҳамдигарро хуб мефаҳмем ва барои сӯҳбат ниёз ба тарҷумон надорем. Оқои Воронин ду чиз- ақидаҳои сиёсии худ ва решаҳои ин мардуму таърихи ин мардумро ба ҳам ҷанг андохтааст.”
Тухм аз мурғ ҷудост?
Ва боз ҳам Владимир Воронин, раисҷумҳури Молдова бо идомаи ҳамон баҳси қадими “кадом аввалтар – тухм ё мурғ?” ва боз ҳам ба… русӣ:
“Давлатдории Молдова соли оянда 650-сола мешавад. Аммо давлатдории Руминия ҳамагӣ 170 сол таърих дорад. Пас аввал кадом буд: мурғ ё тухм? Сониян, Қонуни асосии Молдова мегӯяд, ки забони давлатии Молдова молдованист, на руминӣ. Бале, онҳо монанданд, вале мо хоҳем – нахоҳем, забони мо молдованӣ ном дошт ва бо ҳамин ном хоҳад монд.”
Владимир Воронин, раисҷумҳури Молдова, ки боисрор мегӯяд, забони молдованӣ аз руминӣ ҷудост. Дуруст айни баҳсе, ки бар сари тоҷикиву дариву форсӣ дар Тоҷикистон мебинем.
БА КАЙХУСРАВ Аввалан ин, ки Ислом ба шиддат мухолифи касоне ҳаст, ки илм намеомӯзанд, кору фаолият намекунанд, муфтхуранд ва луқмаи ҳалол намехӯранд, инро Ислом возеҳу равшан баён намудааст ва ҳар касе амал намекунад пробламаи худаш ҳаст, на Ислом. Дуввум касоне, ки аз номи Ислом ба гуруҳҳо ҷудо шуда ҳар ҳизбу ҳаракатҳоеро ташкил медиҳанд, барои инсонҳои бохирад ва оқил маълум аст, ки онҳо аз Ислом нестанд, кирдорашон рафторашон фарсахҳо аз Ислом дур ҳастанд ва дар пушти парда бо онҳо киҳо ҳамкорӣ доранд ва бӯе аз Ислом намебаранд ва оқибат хору залил мешаванд. Ва дар охир ба Шумо гуфтаниям, ки ман ҳам илми дунявӣ омӯхтам ва ҳам аз Ислом ва Худоро ҳамеша шокир ҳастам, ки ба ман ин неъматҳоро додааст. Аз ҳисоби кору фаолиятам молу сарват ва ризқи ҳалол дорам. Умедвор ҳастам, ки Шумо низ молу сарвату ризқи ҳалол дошта бошед, вале дар охири ҳаёт марг ба суроғи ҳардуи мо, хоҳем нахоҳем, меояд. Ман ҳамеша барои ризогии Худованди мутаол ва умеде ба БИҲИШТ руҳу қалбам ором ҳаст ва агар мираму ба эътиқоди Шумо наузу-биллоҳ биҳиште вуҷуд надошта бошад ман ҳеҷ чизро аз даст надодаам, аммо агар Шумо миреду ДУЗАХУ БИҲИШТЕ вуҷуд дошта бошад чи кор бояд кард??? Қазоват бо Шумоён мебошад!!!! Худованд ҳамаи моро ҳидоят кунад ва ин ваборо аз кишвари мо ва тамоми ҷаҳон берун кунад.....
Чаро коркунони военком хизмати харби накардаанд аммо кор карда истодаанд бояд онхоро аз вазифахояшон озод кунанд. Чаро хукумат ба ин эътибор намедихад
Мо боварии комил дорем, ки Пешвои миллат музди меҳнати кормандони буджавиро зиёд хоҳанд кард.
Пеш аз хама нарху наворо хал кунад ин нарххои мо хато дар Дубай нест. Бад то рохо кушодана мардума аз пули барк об ва дигар хизматрасонихо озод кунанд. Севумин харчи зудтар бо призендти руссия гуфтугу кунад то мардум якто нонашро ебад вагарна Холи хама бад мешавад. Гурусна бо шер мечангад ин макола аз ед набароред. Мардум як тин надорад дар мо инфляция аз хама руи дуне боло. Ин чи гапаст худаш. Е мо бесохибем
Паёми президент ягон масъаларо ба таври чидди хал карда нметавонад. Ба паёмхои пешин назар андозед саноатикунонии мамлакат ва гайра. Агар як кадам ба пеш монем се кадам ба окиб меравем. То он даме ки масъалаи кадргузори аз руи истеъдоду дониш несту аз руи махаллу "ту ба ма ман ба ту" амали мешавад ба умеди ичрои суханони намоиши нашавед. Яке аз ин суханони чаноби Оли оиди баланд кардани маошу, нафака буд, ки то амали шудани он бекурбшавии сомони даромади хакикии шахрвандонро 50- 60 % поён бурд.Хама чиз кимат шуд. Аммо бо камоли хол ин филмсозиро гуш ва тамошо мекунем. Хело шухихои дидкаш мещунавем.