Раиси ҷумҳури Русия аз мақомоти кишвараш хостааст, гирифтани шаҳрвандӣ ва иҷозаи кору зиндагиро барои хориҷиҳо “бояд содда ва рақамӣ кунанд, то барои ҳама фаҳмо бошад”.
Владимир Путин дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ дар ҷаласи васеи Вазорати умури дохилии Русия ибрози назар кард.
Вай хостаст, мақомот назоратро ба раванди муҳоҷират пурзӯр карда, то 1-уми июл пешниҳодҳоро ироа кунанд.
Дар ин ҷаласа Владимир Калаколтсев, вазири корҳои дохилӣ, гуфт, дар як соли гузашта дар манзилу ҷойи кории муҳоҷирон, сохтмонҳо, марказҳои савдо ва хидматрасонӣ наздик ба 300 ҳазор “рейд” гузаронданд.
Дар натиҷа, ба гуфтаи ӯ, теъдоди зиёди муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ муайян шуд ва ихроҷи чунин муҳоҷирон дуним дарсад афзуд.
Аз ҷумла, дар ин давра 11 дарсад сабтиноми қалбакии шаҳрвандон ва 17 дарсад муҳоҷирати ғайриқонунӣ сабт шудааст. Колоколтсев афзуд, назорати риояи қонунҳои муҳоҷират ва санҷишҳоро идома хоҳанд.
Гуфтугӯ