Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷикро дар Амрико дафн кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадалӣ Саидов, варзишгари тоҷикро дар Амрико дафн кардаанд.

Варзишгари 29-солаи муҳорибаҳои омехта ё ММА бар асари “хунрезии мағзӣ” рӯзи 18-уми март даргузашт.

Мақомоти Амрико сабаби марги ӯро таҳқиқ мекунанд.

Далер Амрихудоев, яке аз дӯстони ӯ, рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсар ва чор фарзанди ӯ муқими Амрико ҳастанд ва тасмим шуд, ки “ҷасадашро ба ватан нафиристанд”.

Ба гуфтаи Амрихудоев, Муҳаммадалӣ Саидов рӯзи 9-уми март ҳангоми тамрин аз ҳуш рафтааст. Ҳанӯз сабаби ба “хунрезии мағзӣ” гирифтор шуданаш маълум нест.

“Мақомоти Амрико ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ эълон нашудааст,” – афзуд Далер Амрихудоев.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG