Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон шомили "Шохиси дӯстони Путин" шуд


Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев

Маҷаллаи бритониёии The Economist Шохиси ҳампаймонони геополитикии Русияро тартиб дод. Узбекистон дар ин шохис дар мақоми 12-ум аст.

Маълумоте, ки маҷалла аз амалҳои дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодии кишварҳои мухталиф ҷамъ овардааст, "баёнгари возеҳи воқеият нестанд". Ин шохисро маҷаллаи The Economist ҳамчунин Шохиси дӯстони Путин ном мондааст.

Дар шохис омадааст, ки Узбекистон зидди Русия раъй надод; аз қатъномаҳои калидии СММ ҷонибдорӣ накард; ба Русия аслиҳа нафиристод; узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ нест; дар ҳудуди ин кишвар пойгоҳи низоми Русия ҷойгир нест; аз соли 2022 размоишҳои муштарак баргузор накардааст.

Ба иттилои The Economist, Узбекистон аз гази Русия вобаста нест, вале ин кишвар содиротро ба Русия бештар кардааст.

Нисфе аз кишварҳое, ки дар ин шохис (индекс) дар мақомҳои баландтарин ҷо гирифтаанд, амсоли Арманистон, Беларус, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷиҳати сиёсӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ бо Русия робита доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG