Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як чинӣ ва як тоҷик дар сӯхторе дар Хатлон


Бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як шаҳрванди Чин ва як сокини маҳаллӣ ҷон бохта, ҳашт нафар захмӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 31-уми январи имсол рӯй додааст, вале мақомот ҷузъиёти онро нав эълон карданд.

Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон рӯзи 8-уми феврал гуфтанд, Лу Веи 40-сола ва Табар Тешаеви 35-сола дар “Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон кор мекарданд.

Ба гуфтаи мақомот, аз ҳашт нафари осебдида, се кас аз Чин ва панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Дар корхонаи “Моҳир Семент”, ки бо сармояи муштараки соҳибкорони тоҷику чинӣ бунёд шудааст, даҳҳо сокинони Тоҷикистону Чин кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG