Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав гуфт, барои ҳисобҳои бастаи RT France интиқом мегирад


Маскав гуфтааст, барои бастани ҳисобҳои бонкии RT France - намояндагии Russia Today дар Фаронса - интиқом мегирад.

Хабаргузориҳои давлатии ТАСС ва РИА Новости аз қавли як мақоми беном дар Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 21-уми январ навиштанд, "масдуд шудани ҳисобҳои бонкии намояндагии Russia Today дар Фаронса боис ба чораҳои ҷавобии интиқомҷӯёна мешавад".

Ин манбаъ гуфтааст, "ин кор фаромӯш намешавад" ва Фаронсаро барои "азияти журналистони Русия" муттаҳам кардааст.

Рӯзи 20-уми январ маълум шуд, ки Фаронса ҳисобҳои бонкии Оҷонси RT France-ро дар қаламраваш бастааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG