Вакилони парлумони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ" тағйирот ворид намуданд ва мӯҳлати амалишавии онро тамдид карданд. Ин қонун, ки аз соли 2008 қабул шудааст, иҷрояш камаш чаҳор дафъа ба таъхир гузошта шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир буҷаи соҳаи тандурустӣ 2,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки 90 дар сади он барои музди меҳнати кормандон харҷ мешавад.
Гуфтугӯ