Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул гуфт, ки чаро Азиза Ҳайдарова зиндонӣ шуд


Барно Ҳайдарова ва духтараш Азиза Ҳайдарова
Барно Ҳайдарова ва духтараш Азиза Ҳайдарова

Додситонии кулли Тоҷикистон қазияи котибаи додраси маъруф ба "ҳукми сафед"-ро шарҳ дод.

Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба гуноҳи "қаллобӣ", "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо" даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳукмро 16-уми декабр додраси Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ содир кард.

Худаш ва пайвандонаш ҳукмро ноодилона дониста, бозбинишяро талаб карданд.

Дар хабарномаи Додситонии кул аз 6-уми январ омадааст, дар мурофиаи додгоҳӣ “тасарруфи хонаи як сокини шаҳри Хуҷанд” ва “қаллобии котибаи собиқ” исбот шуд.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза, рӯзи 4-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукм норозӣ аст. Вай қаблан иддао карда буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки низ дар боздошт аст, истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ин иддао воқеият надорад ва “ҷиноятҳои содиркардаи Азиза Ҳайдарова ба парвандаи ҷиноии собиқ додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рабт надорад”.

Рустам Саидаҳмадзода моҳи июни соли гузашта дастгир шуда, ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG