Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гаага барои Путин додгоҳи махсус ташкил мекунанд


Владимир Путин, коллаж
Владимир Путин, коллаж

Бо дархости Украина дар Гаага бо иштироки беҳтарин ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ барои муҳокимаи Владимир Путин, президенти Русия ва дигар роҳбарони сиёсии он кишвар додгоҳи махсус таъсис медиҳанд.

Путин ва дигар роҳбарони Русияро барои содир кардани хушунат зидди Украина муҳокима хоҳанд кард. Аз таъсиси ин додгоҳ 11 кишвар ҳимоят кардааст.

Додгоҳ тақрибан баъд аз як сол метавонад, ба кор шуруъ кунад. Дар бораи ин додгоҳ аъзои гуруҳи корӣ оид ба таъсиси додгоҳи махсус аз Украина Олег Гавриш муфассал хабар дод.

Ба иттилои Гавриш, амалан созишномаи байналхалқӣ барои додгоҳи мазкур омода аст, кишварҳои нахустине садо баланд карданд, ки омодаи ҳамроҳ шудан ба он ҳастанд.

Дар сурати исботи ҷиноятҳои Путин ва дигар роҳбарони сиёсии Русия, онҳо аз 30 сол то ҳабси якумрӣ маҳкум хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир аз таъсиси додгоҳ ҳамаи кишварҳои соҳили Балтик, Лаҳистон, Бритониё, Ҷумҳурии Чех, Словакия ва Руминия ҳимоят кардаанд.

"Мавқеи Русия барои таъсиси чунин додгоҳ шунида нахоҳад шуд. Дар сурати таъсиси додгоҳ, роҳбарони Русия бидуни ҳузури намояндаи Русия дар додгоҳ, муҳокима карда хоҳанд шуд. Агар роҳбарони Русия ба кишварҳое, ки аз таъсиси додгоҳи махсус ҳимоят кардаанд, сафар кунанд, боздошт хоҳанд шуд", - гуфт Гавриш.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG