Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди "Мистер Биткоин" ба ИМА. Ӯро ҳам бо зиндониҳои амрикоӣ дар Русия табдил мекунанд?


Юнон, 4 октябри соли 2017. Александр Винник, шаҳрванди Русия ба додгоҳе дар шаҳри Салоники оварда шуд
Юнон, 4 октябри соли 2017. Александр Винник, шаҳрванди Русия ба додгоҳе дар шаҳри Салоники оварда шуд

Александр Винники 42-сола дар матбуот бо лақаби “Мистер Биткоин” ҳам маъруф аст.

Ӯ бар асоси дархости ИМА соли 2017 дар як соҳили Юнон боздошт шуда баъдан ба Фаронса истирдод шуд. Дар ин кишвари аврупоӣ ҳам нисбати ӯ парванда боз шуда буд. Ӯ бо иттиҳоми пулшӯӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 4-уми август озод, вале ҳамон замон дубора ба Юнон истирдод шуд ва бо талаби ИМА бар асоси иттиҳоми пулшӯӣ ба ин кишвар интиқол ёфт. Дар Русия ҳам Винникро бо иттиҳоми дигари ҷиноӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Вакилони дифои Винник гуфтанд, ки агар ӯ дар ИМА гунаҳгор эълон шавад, ба ӯ то 50 соли зиндон таҳдид мекунад. Замони ба Амрико истирдод шудани Винник бо таҳаввулоти вобаста ба эҳтимоли табодули зиндониҳо миёни Русия ва ИМА рост омад.

Дар Маскав ду зиндонии амрикоӣ – баскетболбоздухтар Бриттни Грайнери маҳкумшуда ба 9 сол ва Пол Вилани маҳкумшуда ба 16 сол умедворанд, ки метавонанд ба ватан баргарданд. Ҳукми Грайнер, ки чанд рӯз пеш содир шуд, аз назари президент Ҷо Байден “ғайри қобили қабул” мебошад. Ҳоло дар матбуот чунин тахмин меравад, ки эҳтимолан Русия бихоҳад Александр Винникро ҳам чун бахше аз ин табодул ба ватан баргардонад.

Ҳафтаи гузашта дар як сӯҳбати телефонӣ котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров табодули зиндониҳо бо ширкати Грайнер ва Вилан баррасӣ карданд, вале маълум нест, ки Русия дар ин табодул чӣ ба даст меорад. Матбуот то ҳол танҳо исми як зиндонӣ – тоҷири силоҳ Виктор Бутро ёдовар шудааст, ки дар зиндони Амрико ба сар мебарад ва эҳтимолан ба Русия истирдод шавад.

Рӯзи 5-уми август Блинкен ва Лавров гуфтанд, ки омода ҳастанд мавзӯи табодули зиндониҳоро амиқтар баррасӣ кунанд.

Дар навбати худ Винник иддао кардааст, ки бегуноҳ аст, вале эътироф кард, ки дар Русия даст ба рахнагарӣ ва пулшӯӣ задааст ва агар ба Русия истирдод шавад, омода аст бо Мскав ҳамкорӣ кунад.

Соли 2018 Винник яке аз ҳафт шаҳрванди Русия буд, ки бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои интернетии хилофи қонунҳои ИМА дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG