Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия дар мавриди табодули зиндониҳо ба ҷое нарасиданд


Энтони Блинкен ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ
Энтони Блинкен ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Дар суҳбати вазирони корҳои хориҷии Амрико ва Русия дар робита ба табодули зиндониён миёни ду кишвар пешрафте ҳосил нашудааст.

Энтони Блинкен ва Серегей Лавров рӯзи 29-уми июл телефонӣ суҳбат карданд.

Дар мулоқот эҳтимол мавзӯи баскетболбози машҳури амрикоӣ Бритни Грайнер ва тоҷири аслиҳаи Русия Виктор Бут матраҳ шудааст.

Блинкен рӯзи ҷумъа ин суҳбатҳоро "возеҳу мустақим" хонд, ки ба гуфтаи ӯ "ба озодии маҳбусони амрикоӣ равона шуда буд".

Вай афзуд, илова бар Грайнер, Иёлоти Муттаҳида ба раҳоии сарбози собиқи нерӯҳои баҳрии Амрико, Пол Уилан, ҳам таъкид дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG