Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия табодули зиндониҳоро баррасӣ доранд


Пол Уилан (аз чап), Виктор Бут (дар марказ) ва Константин Ярошенко
Пол Уилан (аз чап), Виктор Бут (дар марказ) ва Константин Ярошенко

Вакили дифои собиқ маллоҳи амрикоӣ Пол Уилан дар сӯҳбат бо хабарнигори оҷонсии Рейтерс дар Маскав гуфт, ки Русияву ИМА масъалаи эҳтимоли табодули зиндониҳоро баррасӣ мекунанд. Владимир Жеребёнков гуфтааст, музокираҳо бо ташаббуси ҷониби ИМА баъди сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден шурӯъ шуданд.

Пол Уилан моҳи декабри соли 2018 дар Маскав боздошт, дар ҷосусӣ ба муқобили Русия гунаҳкор ва ба 16 соли ҳабс маҳкум шуд. Уилан ин иттиҳомро рад мекунад. ИМА чандин бор талаб кард, ки низомии собиқ озод шавад.

Вакили рус гуфтааст, эҳтимолан дар ду-се моҳи наздик табодули зиндониҳо баргузор шавад. Жеребёнков гуфтааст, намедонад, ки оё дар ин музокираҳо исми Тревор Рид ҳам ёд мешавад ё не. Рид моҳи июли соли гузашта бо гуноҳи “ҳамла ба ходими полис” боздошт ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд. Мурофиаи Ридро дар ИМА “як саҳнасозӣ” меноманд.

Ҳуқуқшинос Владимир Жеребёнков гуфтааст, ки дар Маскав дар бораи зиндониҳои руси маҳбасҳои ИМА андеша мекунанд, ки метавонанд бо Уилан табдил карда шаванд. Вакили дифоъ исми Виктор Бут, як тоҷири силоҳ ва Константин Ярошенко, маҳкумшуда барои “тавтеа бо ҳадафи қочоқи кокаин”-ро бурда гуфт, ки исми ин нафарон мавриди баррасӣ мебошад. Вале вакил Алексей Тарасов, ки ҳуқуқи Виктор Бут ва Константин Ярошенкоро ҳимоя мекунад, гуфт, дар бораи эҳтимоли табдили онҳо бо Пол Уилан хабаре надорад.

XS
SM
MD
LG