Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, Русия омода аст мавзӯи табодули зиндониҳоро бо Вашингтон баррасӣ кунад


Аз чап ба рост: Виктор Бут, Пол Вилан, Бритни Грайнер
Аз чап ба рост: Виктор Бут, Пол Вилан, Бритни Грайнер

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 5-уми август гуфт, ки Маскав омода аст мавзӯи табодули зиндониҳоро бо Вашингтон аз роҳи шабакаҳои амалкунандаи дипломатӣ баррасӣ кунад. Лавров як рӯз баъди он сӯҳбат кард, ки додгоҳе дар Русия ситораи баскетболи амрикоӣ Бритни Грайнерро дар қочоқи маводи мухаддир айбдор ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард.

Ин ҳукм мавриди маҳкумияти аъзои тими Грайнеру варзишгарони дигар дар ҷаҳон шуд ва президенти Амрико Ҷо Байден ҳам онро “ғайри қобили қабул” хонд.

Лавров, ки рӯзи 5 август дар нишасти хабарии конфронси кишварҳои узви созмони АСЕАН дар Камбоҷа сӯҳбат мекард, гуфт, “мо омода ҳастем, ки ин мавзӯъро дар чаҳорчӯби шабакаҳои пештар эҷодшуда миёни президентон Путин ва Байден баррасӣ кунем”.

Дар сӯҳбати телефонии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 29-уми июл мавзӯи табдили зиндониҳо баррасӣ шуд ва Амрико сарнавишти Грайнер ва маллоҳи амрикоӣ Пол Виланро матраҳ кард.

Вилан соли 2020 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд худи ӯ ин иттиҳомҳоро рад мекунад. Матбуоти русӣ мегӯяд, ки бар ивази ин ду нафар Русия эҳтимолан мехоҳад ба Русия бозпас овардани Виктор Бут, як тоҷири силоҳро матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG