Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода ба аҳамияти барқарор кардани бозори минтақавии Фарғона таъкид кард


Шариф Раҳимзода. Акс аз соли 2011
Шариф Раҳимзода. Акс аз соли 2011

Як иқтисодшиноси калони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Узбекистон нақши бозори водии Фарғона бояд мисли солҳои шӯравӣ барҷаста шавад. Шариф Раҳимзода, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо хабаргузории “Ховар” рӯзи 15-уми июн гуфт, водии Фарғона, ки “бозори муштараки се ҷумҳурӣ - Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, бояд боз нақши таърихии муттаҳидкунандаи худро бозида дар рушди иқтисоди минтақа саҳмгузор бошад”. Раҳимзода дар матлабе, ки ба таҳлили ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон ихтисос ёфтааст, аз рушди якбораи мизони додугирифтҳои иқтисодии байни ду ҳамсояи наздик ситоиш кардааст.

Ба иттилои ӯ, баъди 16 соли “коҳиши ҳамкориҳои иқтисодӣ” (2000 то 2016), ки то 69,3 миллион доллар поин омада буд, соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол то 452,7 миллион доллари амрикоӣ баланд шуд. Раҳимзода гуфтааст, ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвар «аҳамияти хоса дорад», вале, ба гуфтааш, «барои ба манфиати ҳарду ҷониб истифода кардани иқтидору имкониятҳои мавҷуда зарур аст, ки заминаҳои қонунию амалӣ беҳтар карда шуда монеаҳои сунъӣ аз байн бардошта шаванд”. Раҳимзода ба ин назар аст, ки донишмандону мутахассисони тоҷик бояд самарабахшии фаъолияти инвеститсионӣ, ташкили ширкатҳои лизингӣ, коркарди меъёру қоидаҳои ягонаи савдо ва дигар масоилро ҳамроҳ бо кишварҳои дигари минтақа мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Раҳимзода, ки дар гузашта дар мақомҳои раиси Бонки миллӣ ва вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст, аз ҷумла, ба ин назар аст, ки дар шароити афзоиши рақобат «яке аз роҳҳои таъмини рақобатпазирии маҳсулот кам кардани арзиши аслии он мебошад». Ӯ мегӯяд: «Азбаски дар кишварҳое, ки мустақиман ба баҳр дастрас надоранд, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон ба ин гурӯҳ дохиланд, ҳиссаи хароҷоти нақлиётӣ дар арзиши аслии маҳсулот зиёд аст, рушди муносибатҳои минбаъдаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо ҳамсояҳо ва бо ин роҳ кам кардани хароҷоти нақлиётӣ яке аз омилҳои муҳими коҳиши арзиши аслии маҳсулот мебошад».

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG