Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Раҳимзода: "Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ рӯ орад". ВИДЕО


Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода – раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумон – пешниҳод кард, ки мақомот ва мардум дар Тоҷикистон бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд. Ӯ рӯзи 14-уми декабр дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе гуфт, “ҳоло кишварҳое муваффақанд, ки ба илмҳои дақиқ рӯ овардаанд”.

Аврупоиҳо як мақоли хуб доранд. Онҳо мегӯянд, муҳим нест, ки гузаштаҳоят кӣ буданд, муҳим он аст, ки фарзандони ту кӣ мешаванд

Раҳимзода афзуд, “мо миллати фарҳангдӯст ҳастем. Аммо он миллатҳо (аз ҷумла Аврупо ва Амрико)-е муваффақанд, ки бештар ба илмҳои дақиқ рӯ овардаанд. Ман панҷ сол дар маркази Аврупо зистам. Мардуми онҷо як мисраъ шеър намедонанд. Мо суханро бо шеър оғоз мекунем. Онҳо пеш рафтанд, мо ақиб мондем. Мардум бояд талош кунанд, ки фарзандон аз хурдӣ дар қатори шеърдонӣ математика, биология ва кимиёро ҳам бидонанд. Ба хотири рушди як соҳа бахшҳои дигарро фаромӯш накунем.”

Навори видео дар инҷост:

Шариф Раҳимзода: Тоҷикистон ба мутахассисони улуми дақиқ ниёз дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Раиси собиқи Бонки Миллии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи зиёди олимон барои дифои рисолаҳои номзадӣ дар бахши гуманитарӣ ҳам танқид кард.

“Ҳафтод дарсади ҳимояи рисолаҳои номзадӣ фанҳои гуманитарӣ ҳастанд. Бояд баръакс бошад. Ҳафтод дарсад бояд рисолаҳои фанҳои техникӣ бошанд. Аврупоиҳо як мақоли хуб доранд. Онҳо мегӯянд, муҳим нест, ки гузаштаҳоят кӣ буданд, муҳим он аст, ки фарзандони ту кӣ мешаванд”, - шарҳ дод ӯ.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси Намояндагон, гуфт, барои ҳамин дар кишвар камбуди таҳлилгарони иқтисодӣ ҳам эҳсос мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорад, ки қонунҳои тасвибкардаашро коршиносон таҳлил кунанд ва сипас мақомот дар пайи иҷрои саҳеҳи ин қонунҳо шаванд, аммо чунин коршиносон каманд.

Майли сокинони Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва ё фанҳои гуманитарӣ ҳисобу китоб нашудааст. Аммо соли гузашта як пажӯҳиш дар вилояти Хатлон маълум карда буд, ки 65 дарсади духтарони деҳоти баъзе минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ба омӯзиши риёзиёт ва илмҳои дақиқ таваҷҷӯҳ надоранд. Нисфи онҳо гуфтаанд, ки азхудкунии ин фанҳо барояшон хеле душвор аст.

Ин таҳқиқот дар миёни 100 духтари аз 12 то 17-сола ва волидону масъулини идораҳои маорифи ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон анҷом шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG