Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаҳо бо арзиши 570 000 000 доллар байни Тоҷикистону Узбекистон. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ваъда доданд, ки ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамсояро тақвият мебахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ваъда доданд, ки ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамсояро тақвият мебахшанд.

То ду ҳафтаи дигар мумкин аст, байни шаҳри Душанбе ва Тошканд қатори мусофирбар ҳаракат кунад, то ба гуфтаи раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон равуо ва тиҷорат байни ду тараф ривоҷ ёбад.

Мувофиқа дар ин бора ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд ҳосил шудааст. Шавкат Мирзиёев, ки расо як сол пеш ба Душанбе сафар карда буд, зимни суҳбат дар ин бора дар Тошканд гуфт: “Баъд аз пандемия кишварҳои мо дар минтақа нахустин шуда ҳаракати ҳама гуна нақлиётро роҳандозӣ карданд. Имрӯз мо ба хулосае расидем, ки аз 20-уми июни имсол ҳаракати доимии қаторҳои мусофирбар миёни Тошканд ва Душанбе роҳандозӣ шавад”.

Дар 20 соли ахир ҳеч гоҳ қатори мусофирбаре байни пойтахти ду кишвар ҳаракат намекард ва аз сар гирифтани ҳаракат, қадами дигаре дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дониста мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар нишасти муштараки матбуотӣ гуфт, ҳамарӯза аз марзи Тоҷикистону Узбекистон то 20 ҳазор нафар равуо мекунанд ва роҳи оҳан василаи муҳими ҳаракати сокинони ду кишвар хоҳад шуд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои доимии қатораҳои роҳи оҳанро барқарор мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаракати қатор воқеан метавонад, дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дошта бошад. Иқтисодшинос аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ҷониби Тоҷикистон барои таъмини ҳаркати қатор аз ҷониби худ имкониятҳои зарурӣ дар ихтиёр надорад: “Дар робита ба фаъол набудани мусофиркашӣ тавассути қатор дар шароити пандемия то 70-90 дарсади кормандони ин бахш дар “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ихтисор шудаанд. Гузашта аз ин, кишварҳои минтақа эълон карданд, ки ба ҳаракати он қаторҳое иҷоза дода мешавад, ки нав ва дорои шароити муосир бошанд. Вагонҳои мусофирбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба ҷуз аз як қатори сохти украинӣ фарсудаву қадимӣ ҳастанд. Ба ин далел, ҳаркати қатори мусофирбар дар роҳи Тошканд-Душанберо метавонад, танҳо ҷониби Узбекистон анҷом диҳад”.

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя, ки рӯзи 2-уми июн оғоз ёфт, даҳҳо созишномаву ёддошт бо арзиши бештар аз ним миллиард доллар имзо шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Узбекистон, ки дар ҳошияи сафар сурат гирифт, “дар маҷмуъ 75 санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Маблағи созишномаҳо дар маҷмуъ 570 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.» Ба гуфтаи мақомот, созишномаҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди хокаи оҳан, бунёди корхонаи нассоҷӣ дар Тоҷикистон, таҳвили алюминии аввалия ба Узбекистон, истеҳсоли нахи пахта ва яхдонҳоро дар бар мегирад.

Робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон то соли 2016 ва дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов бисёр сарду тира буд. Неругоҳи барқи обии Роғун, ки Тоҷикистон месозад, яке аз мавзуъҳои амиқи ихтилофи назари ду тараф ба ҳисоб мерафт.

Ҳукумати Узбекистон мегуфт, ки дар сурати бунёди неругоҳ, барои киштзорҳои азимаш оби кофӣ намеёбад, ҳарчанд Тоҷикистон ин иддаоро рад мекард. Баъди даргузашти Каримов ва омадани Шавкат Мирзиёев ба қудрат авзоъ комилан тағйир ёфт ва дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи содироти нерӯи барқи Роғун ба Узбекистон имзо шудааст.

Ҳоло Тоҷикистону Узбекистон бовар доранд, бо амалӣ шудани тарҳҳои нав, интиқоли коло, равуо ва тиҷорати байни ду кишвар бамаротиб меафзояд. Абдумалик Қодиров, сиёсатшиноси тоҷик яке аз омилҳои дигари тағйири комили сиёсати Узбекистон нисбат ба Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: “Сабаби дигар дар он аст, ки Узбекистон қасд дорад, дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи аввалро касб кунад ва ба ин далел дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад.”

XS
SM
MD
LG