Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансаби нави Шариф Раҳимзода ва чанд тағйироти дигари кадрӣ


Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзодаи 61-сола, раиси пешини Бонки Миллии Тоҷикистон, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳо таъин шуд. Қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 15-уми апрел содир гардид.

Раҳимзода дар мақоми нав Лютфилло Саидмуродовро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб рафтааст.

Шариф Раҳимзода дар панҷ соли гузашта узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд. Вай дар гузашта дар мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндаи расмии Тоҷикистон дар чанд кишвару созмони аврупоӣ ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо чанд қарори дигари ҳукумат ва амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел, дар баъзе аз ниҳодҳо тағйирот сурат гирифт. Бино ба қарори ҳукумат, Барно Саидвализода сардори Хадамоти иҷро таъин гардид. Раиси пешини он Илёс Идрисзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа сабукдӯш шуд.

Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ёқуб Исмоилзода, ки то ин дам дар мақоми муовини раиси Кумитаи рушди маҳал кор мекард, мудири маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи президент шуданд. Нуралӣ Риозода муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъин гардид.

Мухолифон ҳамвора тағйироти кадриро дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танқид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки аз ин курсӣ ба он курсӣ кӯчиданашон чизеро тағйир намедиҳад.

XS
SM
MD
LG