Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар як саф бо Ямайка. Чаро тоҷикон дар ҳалли муодилаҳо "лол" монданд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар раддабандии сифати таълими математика ва илмҳои дақиқ дар миёни 137 кишвари дунё ҷойи 74-умро гирифтааст. Ҷойгоҳе дар канори Ямайка ва Мадагаскар.

Раддабандиро Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ таҳия кардааст, ки таълими босифати риёзиёт ё математикаро ҷузъе аз тавоноии иқтисодии кишварҳои ҷаҳон мешуморад. Донишмандон дар Тоҷикистон мегӯянд, то ба сатҳи як кишвари африқоӣ поин рафтани сатҳи таълими риёзиёт нигаронкунанда аст ва ба ояндаи иқтисоди кишвар зарба хоҳад зад.

"Як мисраъ шеър намедонанд, аммо..."

Шариф Раҳимзода, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қаблан дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон бояд бештар ба илмҳои дақиқ рӯ орад.

Ӯ дар поёни соли 2018, замоне ки вакили порлумон буд, дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе гуфт, кишварҳое муваффақ мешаванд, ки ба илмҳои дақиқ рӯ овардаанд: "Панҷ сол дар маркази Аврупо зистам. Мардуми онҷо як мисраъ шеър намедонанд. Мо суханро бо шеър оғоз мекунем. Онҳо пеш рафтанд, мо ақиб мондем. Мардум бояд талош кунанд, ки фарзандон аз хурдӣ дар қатори шеърдонӣ математика, биология ва кимиёро ҳам бидонанд. Ба хотири рушди як соҳа бахшҳои дигарро фаромӯш накунем."

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Дар зимн, ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" эълон кардааст. Донишмандон мегӯянд, танҳо бо эълони чунин маърака пешрафти ҷиддӣ ҳосил намешавад.

"3 дарсади донишҷӯён мехонанд, дигарон тамошобинанд"

Мамадшо Илолов, раиси собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки айни замон дар Донишгоҳи миллӣ дарс медиҳад, гуфт, аз эълон шудани ин бистола хурсанд аст, "аммо танҳо бо эълон кардан кор пеш намеравад."

Ӯ мегӯяд, назар ба солҳои қабл дониши довталабон хеле паст аст: "Як сабабаш ин аст, ки устодони ҳирфаӣ дар мактабҳо хеле кам мондаанд. Азбаски кор кардан душвор аст ва маоши мувофиқ ба муаллимон дода намешавад, мактабҳоро бо хатмкардагони донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳои педагогӣ пур кардаанд. Аксарияти онҳо дарс дода наметавонанд, аз ин рӯ, хонандагон бе дониши риёзӣ мактабро хатм карда истодаанд."

Мамадшо Илолов
Мамадшо Илолов

Илолов афзуд, вақте хонандагон аз мактаб бе дониши пурраи риёзӣ ба донишгоҳҳо шомил мешаванд, камбуди онҳоро бартараф кардан мушкил мешавад, чунки барномаи таълим комилан дар сатҳи дигар аст: "Дар миёни донишҷӯёне, ки дарс медиҳам, аз 3 то 5 дарсад шахсоне ҳастанд, ки дониш доранд ва бо онҳо кор мекунем. Донишҷӯёни дигар дар синфхона тамошобин ҳастанд, умуман дарсро намефаҳманд."

Раиси пешини Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ба фарқ аз солҳои ҷавонии ӯ довталабони имрӯза ба риштаҳои илмҳои дақиқ, ба монанди риёзиёту кимиё ва физика, майли чандон надоранд ва аксар онҳое шомили ин факултаҳо мешаванд, ки аз хидмат дар артиш фирор кардаанд. "Дар замони мо, касе, ки мактабро аъло хатм мекард, ба факултаи математика, физика ва ё кимиё шомил мешуд. Ҳоло ҳама экономист ва ҳуқуқшинос шудан мехоҳанд. Волидон фикр мекунанд, аз ин роҳ фарзандашон бой мешаванд. Маълум, ки аз кадом роҳ..." (механдад)

Ин риёзидони тоҷик мегӯяд, барои беҳтар шудани дониши риёзиёт ва "ақаллан расидан ба сатҳи дониши мактаббачагони замони Шӯравӣ" миқдори дарси илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзиёт дар мактабҳои ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо бояд бештар карда шавад."

Тоҷик шеърдӯсту шоиранд, ба илмҳои дақиқ майл надоранд?

Дар Тоҷикистон гоҳе ин андеша садо медиҳад, ки тоҷикон таърихан миллати "лирик" ҳастанд ва ба илмҳои дақиқу риёзиёт майли чандон надоранд. Ҷонибдорони ин андеша далел меоранд, ки як назар ба китоби дарсии физика, кимиё ва ё риёзиёт кофист, то бингарем, ки ягон формула, теорема ё кашфиёте дар илмҳои дақиқ ба номи олими тоҷик нест.

Разиюлло Атохонов
Разиюлло Атохонов

Разиюлло Атохонов, доктори илми равоншиносӣ, ки якҷо бо риёзидони тоҷик Маҳмадҷон Маҳкамов китоби "Таърихи математика: ҷустуҷӯи тарзҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ"-ро навиштаанд, мегӯяд, "саҳми донишмандони форсу тоҷик дар пешбурди илми риёзиёт хеле калон аст."

Ӯ, аз ҷумла аз саҳми Умари Хайём ёдовар шуд, ки дар ҳалли муодилаҳои мураккаб дар замони худ ноил шуда буд: "Махсусан дар асари Умари Хайём "Дар мавриди исботҳои масъалаҳои "Алҷабр в-ал муқобила", ки тақрибан солҳои 1070-1074 навишта шудааст, тарзҳои ёфтани решаҳои мусбати 14 намуди муодилаҳои кубии коэффитсиентҳояшон мусбат нишон дода шудаанд."

Атохонов афзуд, "баъдан дар асрҳои XV тоҷирони итолиёвӣ, ки хеле фаъол буданд, аксар асарҳои илмии олимони форсу тоҷик, чинӣ ва озариро ба ватани худ бурданд. Дар натиҷа, олимони итолиёвӣ ба кашфиёти мардони шарқ дастрасӣ пайдо карданд ва ин аст, ки бисёре аз теоремаҳо ба номи олимони Итолиё сабт шудааст."

ЮНЕСКО -- бунгоҳи илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милал рӯзи 14-уми мартро чун Рӯзи Байналмилалии Риёзиёт дар ҷаҳон таҷлил мекунад. Дар изҳороти ин созмон бахшида ба ин рӯз гуфта мешавад, таълиму омӯзиши риёзиёт барои рушду шукуфоии кишварҳо фавқулода муҳим аст. Ин созмон мегӯяд, дониши риёзӣ барои рушди "зеҳни сунъӣ", ки асоси рушди кишварҳо дар асри нав гуфта мешавад, калидӣ хоҳад буд.

14-уми март таҷлил шудани рӯзи риёзиёт ба адади домии π -Пи (3,14 1415926…) бастагӣ дорад. Ларри Шоу, олими амрикоӣ, мушоҳида кард, ки бо тақвимнигории ин кишвар, яъне аввал моҳ баъд рӯз адади Пи ба 14 -уми март 3/14 монанд аст. Бо ташаббуси ӯ ин рӯз аз соли 1987 инҷониб ҳамчун Рӯзи Байналмилалии Риёзиёт таҷлил мешавад. Агар дарозии ҳамагуна давраро бо қутри (диаметр)-и он тақсим кунем 3,14 1415926… яъне адади доимии π -Пи ҳосил мешавад.
XS
SM
MD
LG