Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. ВИДЕО


Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 22 май соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. Дар хабари оҷонсии расмии "Ховар" бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфта мешавад, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло "бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ" рӯй додааст. Дар хабари расмӣ ӯро "саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ" номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.

Ин хабарро ба Радиои Озодӣ дастикам се манбаи мустақил дар шаҳри Хоруғ низ тасдиқ карданд. Ба иттилои онҳо, ин пешвои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳаллае, ки дар забони мардуми Хоруғ чун “Бойнӣ” маъруф асту дар наздикии манзили ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир аст, кушта шудааст. Яке аз сарчашмаҳо мегӯяд, ҳамроҳи ӯ як сокини дигари Хоруғ захмӣ гаштааст. Феълан тафсилоти бештари ин ҳодиса дар даст нест.

Маҳмадбоқиров афсари пешини нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва полковники мустаъфӣ буд. Исми ӯ ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун ёд мешуд. Аз ҷумла, рӯзи 17-уми май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Алим Шерзамонов ва Улфатхонум Мамадҳоева чун “созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ” ёд шуд.

Дар ҳоле ки эътирозгарон тафтиши пурраи қатли сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбековро талаб мекарданд, ки аз тарафи мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт кушта шуд, мақомот норозиён ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро ба латукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон айбдор намуданд. Зидди ӯ рӯзи 2 феврал бо айбномаи "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд ва мақомот пойфишорӣ доштанд, ки ӯ худро таслим кунад. Вале худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомро рад мекарданд. Рӯзи 9 феврал Маҳмадбоқиров дар як паёми видеоӣ гуфт, "на ягон қонуншиканӣ кардааст ва на ягон хиёнат". Вай илова намуд, ки сӣ соли охир зери фишори мақомоти давлатӣ зиндагӣ мекунад.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи нирӯҳои мухолифин ҷангида, баъдан созишномаи сулҳро пазируфт. Бар асоси саҳмияи 30-дарсадӣ ба раҳбарии посгоҳи марзии Мурғоб пардохт ва то солҳои аввали 2000-ум дар ин мақом кор кард. Бархе Маҳмадбоқировро яке аз раҳбарони нисбатан бонуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ меномиданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG