Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, талаби сокинон ва вокуниши мақомоту мухолифон


Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Мақомот гуфтанд, талаби даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бораи истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ баррасӣ накарданд, чун ғайриқонунӣ медонанд. Даҳҳо нафар рӯзи 14-уми майи имсол дар маҳаллаи Хоруғи Боло ҷамъ шуда, дар баробари истеъфои ду мансабдори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро низ тақозо карданд.

Яке аз иштирокдорони гирдиҳамоӣ бе зикри ном рӯзи 16-уми май гуфт, агар талаби онҳо нодида гирифта шавад, дигарбора ба намоиши эътирозӣ даст хоҳанд зад. Мақомот мегӯянд, ҳамагуна гирдиҳамоии беиҷоза ғайриқонунист ва ҷавобгарӣ дорад.

"Вазъият аз моҳи ноябри соли 2021 то ин дам рӯз ба рӯз бадтар шудааст. Қариб ҳар рӯз касеро ҳабс мекунанд ва тавассути телевизиони "Бадахшон" нишон медиҳанд. Додгоҳ гуноҳи онҳоро исбот намекунад. Агар кунад ҳам, ҷурми маъмуриро ҳамчун ҷинояти вазнин ҳисоб мекунад," – афзуд мусоҳиби мо, ки дар гирдиҳамоии 14-уми май иштирок дошт.

Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, рӯзи 16-уми май вазъро дар маркази вилоят "ором" арзёбӣ кард, вале ҳамзамон афзуд, "ҳар нафаре тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад, тибқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад."

Раиси шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба суоли он ки то куҷо талабу дархости ин гуруҳи сокинон иҷро хоҳад шуд, гуфт, "ягон дархостро баррасӣ накардем. Касе, ки дархостро ҷамъ кардаву пешниҳод кардааст, ғайриқонунӣ аст. Мо ба ҳама фаҳмондем ва расондем. Ҳама чиз дар доираи талаботи қонун аст."

Пойгоҳи Pamir Daily News, ки бештар ҳодисаҳои Бадахшонро бозтоб медиҳад, 16-уми май бо такя ба манобеаш навишт, "сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ талош кардааст, бо гурӯҳи ташаббускор музокирот кунад." Шариф Назарзода, сардори РКД-и Бадахшон шарҳе надод.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Орифзода, додситони вилояти Бадахшон, шоми 15-уми май тавассути телевизиони давлатӣ гирдиҳамоии сокинонро кори дасти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар вилоят ва созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Паймони миллӣ донист. Вай аз Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, ҳам ном бурд, ки ба гуфтааш "мардумро ба нооромӣ даъват мекунад".

Алим Шерзамонов рӯзи 16-уми май гуфт, кашидани пойи онҳо ба ҳодиса "ба хотири саркӯби норозиён аст." Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров 16-уми май дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шарҳе намедиҳад.

Додситони вилоят ҳушдор додааст, ки дар сурати дигарбора ба гирдиҳамоӣ даст задани Маҳмадбоқиров ва тарафдоронаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он ҳамчун ба амали террористӣ вокуниш нишон хоҳанд дод. Изҳороти додситон бо танқидҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ дучор шуд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG