Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг"-и паёмҳо. Тарафҳо ва "бетарафҳо" вазъи Бадахшонро чӣ гуна бозтоб медиҳанд?


Яке аз кӯчаҳои Хоруғ
Яке аз кӯчаҳои Хоруғ

Радду бадалҳои сокинон ва мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба "ҷанги иттилоотӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил меёбад. Ҳамзамон аҳолии чанд маҳаллаи Хоруғ ба ҷамъоварии имзо дар зери муроҷиатнмоае ба мақомоти Тоҷикистон идома медиҳанд. Дар муроҷиатнома аз мақомот хоста мешавад, ки аз баргузории амалиёти эҳтимолӣ дар Хоруғ худдорӣ кунанд.

Радиои Озодӣ матни муроҷиатномаро бо имзои сершумори сокинони маҳаллаҳои Тирчид, Бархоруғ ва Дашти Боло дастрас кард. Аммо ин танҳо як бахши маъракаи густурдаи иттилоотӣ аст, ки се моҳ боз дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад.

Додхоҳӣ аз мақомот

Даҳҳо нафар, дар алоҳидагӣ ё дастҷамъона, барои роҳ надодан "ба хунрезӣ дар ВМКБ" ва "ба ҳоли худ гузоштани минтақа" ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиати видеоӣ мекунанд. Шанбе Қаландаров, зодаи Бадахшон дар Русия ва муаллифи яке аз чунин муроҷиатҳо мегӯяд, ҳанӯз акси садое нашуниданд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмӣ тавассути телевизиони "Бадахшон" вазъро дар минтақа "муътадил" арзёбӣ мекунанд.

Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, ки дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, печида шудааст. Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди се моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз набудани Интернет, фишори афзоянда, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.

Муслима Шайбова, сокини бознишастаи Хоруғ, дар наворе, ки 20-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд, гуфтааст, "дар даврони Шӯравии собиқ сокинони ВМКБ дар соҳаи маориф аз ҳама пешсаф буданд. Ҳозир аз телевизион тамоми мардуми Хоруғ ва атрофи онро бадном карда, ҷинояткор мегӯянд. Мо дигар чунин муносибатро нисбати худ тоқат намекунем."

"Дар давлате, ки ба ҷойи ёфтани қотил ба пайдо кардани дарахтбурон авлавият медиҳанд, дар бораи кадом арзишҳои инсонӣ метавон сухан гуфт?" – пурсидаанд як гуруҳ аз зодагони Бадахшон дар Олмон. Навори муроҷиати онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштанд.

Фаъолони Бадахшон барои ҳалли буҳрони минтақа чанлд дафъа ба раҳбарияти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд
Фаъолони Бадахшон барои ҳалли буҳрони минтақа чанлд дафъа ба раҳбарияти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд

Дар паёми дигаре, ки аз номи як гуруҳ аз занони Бадахшон дар оғози моҳи феврал ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аз амалиёти эҳтимолӣ дар Хоруғ изҳори нигаронӣ шудааст. Онҳо аз ҳукумати марказии Тоҷикистон хостаанд, "садди роҳи амалиёти махсус гардад. Агар амалиёт ба вуқуъ пайвандад, оқибаташ ҷуз пушаймонӣ нахоҳад буд." Дар навор аз муроҷиаткунандаҳо ном набурдаанд, вале чеҳраҳои онҳо намудор аст ва маҳалли зисташон гуфта мешавад.

Посухи ҳукумат

Мақомот мустақим ба муроҷиат ва паёмҳои зодагони Бадахшон посух надода, баргузории амалиётро ба зидди баъзе аз шахсони бонуфуз, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо айни замон дар саҳифаҳои наздик ба мақомоти давлатӣ, ки қаблан ба зидди мухолифон ва журналистони мустақил мавод нашр мекарданд, чанд навори муроҷиати баръакс ба сокинони Бадахшонро гузоштанд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Дар ин муроҷиатҳои видеоӣ намояндагони чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мардуми Хоруғро "ба риояи қонун" ва мақомотро ба "мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа" ташвиқ мекунанд.

Як шахси наздик ба ҳукумати Тоҷикистон бо шарти фош нашудани ном рӯзи 20-уми феврал гуфт, "ҳамагуна гуна паёмҳо пайгирӣ карда мешаванд", вале нагуфт, ки оё дар фикри ҷавоб гуфтан ҳастанд ё не.

Имдодхоҳӣ аз Маскав

Аммо сокинони Бадахшон барои ҳалли буҳрон на фақат аз раҳбарияти Тоҷикистон, балки аз раисиҷумҳури Русия, Владамир Путин, низ додхоҳӣ кардаанд. Ин муроҷиатҳо видеоӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. Маскав ҳанӯз ба таври расмӣ вокуниш накардааст.

Таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, рафтори мардуми минтақа бедалел нест: "Диаспораи бадахшониҳо дар Русия дар муқоиса ба ҷомеаи дигари тоҷикон мавқеи хос дорад. Онҳо бовар доранд, ки Маскав ба дарди мардуми Бадахшон нисбат ба Душанбе пештару бештар мерасад. Фаъолони Бадахшон чанд дафъа ба Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд, то дарди дили онҳоро шунаванд. Акси садо нашуд. Шояд ин чиз онҳоро маҷбур кардааст, ки ба Маскав муроҷиат кунанд ва аз онҷо додхоҳӣ кунанд."

Имрӯз касе пирӯз хоҳад шуд, ки ба сенарияи истифода аз нерӯ роҳ надиҳад ва тарҳи созишеро пешниҳод кунад, ки ба эътидол овардани вазъро таъмин карда тавонад.
Андрей Серенко

Мубориза барои аудитория?

Ба ҷуз аз муроҷиатҳо, дар фазои иттилоотӣ навъҳои гуногуни овоза ва маълумоти бардурӯғ низ пайдо мешаванд. Илова бар ин, тамошобинони шабакаҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯйдодҳои ВМКБ-ро фаъолона инъикос мекунанд, зиёд шудааст.

"Оппозитсияи тоҷик мушкилоти минтақаро хеле моҳирона бозтоб медиҳад. Мушоҳида мешавад, ки мардум бе пинҳон кардани ному насаб мавқеашонро баён мекунанд ва ба барномаи намояндагони мухолифин ҳармоҳ мешаванд. Ним сол пеш ҳеч яке аз онҳо чунин фаъол шудани тамошобинонро тасаввур карда наметавонист," -- мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик ба шарти ифшо нашудани ном.

Ба гуфтаи ӯ, ин як раванди табиист ва мухолифини тоҷик дар ғурбат ба монанди мухолифони дигар аз хатоҳои мақомот истифода хоҳанд кард. "Дар чунин вазъият танҳо як роҳи раҳоӣ вуҷуд дорад, яъне хато накардан ва мардумро аз худ дур нанамудан," - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, таваҷҷуҳи расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон ба вазъи Бадахшон камтар шудааст ва сабаби онро бештар ба фишори мақомот пайванд медиҳанд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "аслан оид ба вазъи Бадахшон ҳамагӣ чанд расона дар Тоҷикистон менавиштанд. Онҳо ҳанӯз ҳам менависанд. Шояд нисбатан таваҷҷуҳ камтар шудааст. Фикр мекунам, инҷо на он қадар фишори мақомот, балки то андозае набудани таҳаввулоти нав ҳаст."

Роҳи наҷот кадом аст?

Муроҷиат ба мақомот ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли қазияи Бадахшон сабаби баҳс миёни баъзе аз рӯзноманигорону мухолифини тоҷик дар хориҷа низ шудааст. Дар ҳоле ки Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса, "дахолати бевоситаи раиси ҷумҳур, музокира ва комилан сарфи назар кардан аз ҳама гуна гузинаи низомӣ ва истифода аз зӯр ва силоҳ"-ро роҳи ягонаи ҳал медонад, Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор", пурсидааст, "магар ягон генерал метавонад бидуни амри Сарфармондеҳ ба минтақае лашкар кашад?!"

Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо, аз мақомот талаб кардааст, ки "аз ҳар гуна моҷароҷӯӣ дар ин минтақаи ҳассоси кишвар даст кашад. Зеро нооромӣ ва бесуботӣ бар зарари миллату кишвар хоҳад буд."

Мудири Маркази таҳлилии Гуруҳи сиёсатшиносони Русия Андрей Серенко, ки таҳаввулотро дар Бадахшон пайгирӣ дорад, ишора мекунад, ки вазъияти минтақа ба бунбаст ворид шудааст.

Андрей Серенко
Андрей Серенко

"Роҳбарияти марказии Тоҷикистон ибтикори сиёсиро дар минтақа ба таври рӯшан аз даст додааст. Гурӯҳҳои сиёсии маҳаллӣ ҳанӯз барои ба даст овардани он омода нестанд. Нигоҳ доштани чунин вазъи "муаллақ"-и сиёсӣ барои Душанбеи расмӣ хатарнок аст, зеро сустияшро ошкор мекунад. Ин ҳолат тими Эмомалӣ Раҳмонро ба васвасаи истифодаи ошкор аз нерӯ таҳрик медиҳад. Аммо ин васваса фиребанда аст. Он метавонад натанҳо аз бунбасти сиёсӣ берун наорад, балки баръакс, боиси пайдо шудани ҳаракати Муқовимати помирӣ бо оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад. Имрӯз касе пирӯз хоҳад шуд, ки ба сенарияи истифода аз нерӯ роҳ надиҳад, тарҳи созишро пешниҳод кунад, ки ба эътидол овардани вазъро таъмин карда тавонад. Бешубҳа, бояд қадами аввалро роҳбари давлат гузорад. Ин баёнгари сустӣ нест, балки намоиши хирад аст," – зикр кард Серенко.

Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури Тоҷикистон бояд ба зудӣ амал кунад, то назорат бар вазъро аз даст надиҳад.

Рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, Марат Мамадшоев, бо ҳамин арзёбӣ мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот наметавонанд беҳбудии иқтисодӣ ва шукуфоии минтақаро таъмин кунанд, вале метавонанд монеаҳои эҷодшударо аз байн баранд ва вазъро ба эътидол биоваранд.

"Шояд ба ин восита имкон пайдо гардад, ки вазъи пеш аз тазоҳурот ва ё то соли 2012, ки минтақа ором буд, баргардонда шавад," -- мегӯяд Мамадшоев. Вай афзуд, ҳар қадар номуайянӣ тӯлонӣ шавад, ҳамон қадар вазъ метавонад, ба бунбаст ворид шавад ва рӯҳияи эътирозӣ бештар гардад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 64 ҳазор километри мураббаъ ҷойгир шуда, аз рӯи масоҳат минтақаи калонтарини Тоҷикистон аст. То оғози соли 2021 дар вилоят тақрибан 250 ҳазор кас зиндагӣ мекарданд. Бахши асосии аҳолӣ ба забонҳои Эрони шарқӣ (гуруҳи забонҳои помирӣ) гап мезананд ва пайрави исмоилия, як равияи мазҳаби шиаи дини ислом ҳастанд. Вилоят бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон сарҳад дорад.

XS
SM
MD
LG