Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Хоруғ аз Маҳмадбоқир хост, таслим шавад


Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хостааст, таслим шавад.

Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохта дар ин шаҳр, хостааст, ки худро ба мақомот таслим кунад.

Муроҷиати шаҳрдори Хоруғ шаби 6-уми феврал дар телевизиони Бадахшон нашр шудааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро мақомот барои латтукуби Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Бадахшон муттаҳам мекунанд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомро қабул надоранд. Рӯзи 6-уми феврал манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ба Маҳмадбоқиров ва шаш сокини дигари Хоруғ барои таслим шудан ба мақомот як ҳафта муҳлат додаанд. Бархе сокинон гуфтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз амалиёти эҳтимолии мақомоти интизомӣ барои боздошти Маҳмадбоқиров навбатдории шабонарӯзӣ таъсис додаанд.

Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ, дар ин муроҷиаташ аз сокинон хостааст, ки аз “навбатдории фарзандонашон, сӯзонидани балонҳо ва мондани постҳо, инчунин маҳкам кардани роҳҳо пешгирӣ ва худдорӣ намоянд.”

Ӯ дар ин суҳбаташ аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи Боло” ном бурда, талаб кардааст, ки “рафта тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш” посух диҳад.

Тарафдорони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ӯро ҷинояткор намедонанд. Рӯзи 6-уми феврал дар як муроҷиати видеоӣ аз номи як гурӯҳ сокинони Хоруғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “адолатпарвар" ном бурда мешавад, ки "ба доди сокинони мазлум мерасад.” Ин гурӯҳи сокинон аз талоши боздошти Маҳмадбоқиров танқид кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ ҷинояткор нест, балки ҳамеша мухолифи қонуншиканӣ буда, “намехоҳад, ки беқонунӣ дар шаҳри Хоруғ авҷ гирад.”

Вазъ дар шаҳри Хоруғ замоне дубора печида шуд, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон мақомот изҳорот доданд, ки барои латтукуби сардори Раёсати маориф нисбат ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони

  • "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият";
  • "таҳқири намояндаи ҳокимият";
  • "вайрон кардани дахлнопазирии мардум";
  • "барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид."

Худи Маҳмадбоқиров гуфт, ки воқеан бо Наврӯзов суҳбат кардааст, вале ӯро назадааст.

Шаш нафари дигаре, ки дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров талаби таслим шуданашонро кардаанд, ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба қонуншиканӣ даст задаанд.

Он вақт сокинон, пас аз кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ, дар Хоруғ даст ба эътироз зада буданд. Сокинон талаб карданд, ки омилони марги Гулбуддин муҷозот шаванд. Мақомот ваъдаи таҳқиқи ҳодисаро доданд ва гуфтанд, ки дастраси ба интернет, ки дар рӯзҳои эътироз қатъ шуда буд, дубора барқарор мекунанд. Сокинон мегӯянд, мақомот ваъдаашонро иҷро накардаанд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG