Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На хиёнат кардаам, на қонуншиканӣ." Паёми видеоии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар посух ба иттиҳомот


Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо пахши изҳороти видеоӣ гуфтааст, "ҳарчанд хоҳони қудрат ва талабгори мансаб нест", солҳо боз зери фишору таъқиби мақомоти давлатӣ қарор дорад.

Навор 8-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Маълум нест, онро кай сабт кардаанд. Шаҳри Хоруғ се моҳ боз Интернет надорад.

Паёми Маҳмадбоқиров дар ҳоле нашр шуд, ки ниҳодҳо ва телевизиони давлатӣ дар Бадахшон зиёда аз як ҳафта боз ӯро ба латукӯби мудири маорифи ВМБК муттаҳам карда, хостаанд, ё худро ва ё ҳамроҳонашро таслим кунад.

Полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон худро бегуноҳ шумурда, баръакс, баъзе аз намояндагони мақомот, аз ҷумла раиси ҳозираи вилоятро ба аъмоли ғайриқонунӣ ва доштани хусумати шахсӣ муттаҳам кардааст.

Вокуниши мақомот ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба изҳороти Мамадбоқиров маълум нест. Вале раиси вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 10-уми январи имсол дар ҷаласае дар қатори чанде аз раҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро "сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" номид, ки ба гуфтаи ӯ "монеи кори дурусти мақомот мешаванд".

Маҳмадбоқиров дар изҳороти видеоӣ гуфтааст, "аз ҳукуматдорон талаб дорем, ки бимонанд, осуда зиндагӣ кунем, аммо фақат моро зиндонӣ мекунанду мекушанд. Аз ман талаб доранд, ки худро ба мақомоти қудратӣ бисупорам. Чӣ гуноҳи азиме кардам? Магар ба ягон гуруҳе ба монанди ДОИШ пайвастам?"

Вай дар идома аз он шикоят кардааст, ки сӣ сол боз дар чунин вазъ қарор дорад: "Сабабашро намедонам. Шояд тарафдори ростиву адолат ҳастам, гапи ҳақро мегӯям ва аз мардум пуштибонӣ мекунам. Барои ҳамин, ҳукуматдорон маро бад мебинанд. Мо душман нестем. На ба давлат хиёнат кардем ва на ба раиси ҷумҳурӣ. Фақат хоҳони осудагии мулк ҳастему бас."

Ҳафтаи гузашта Додситонии вилояти Бадахшон эълон кард, ки ба зидди Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми феврал хабар доданд, ки ба Маҳмадбоқиров ва шаш сокини дигари Хоруғ барои таслим шудан ба мақомот як ҳафта муҳлат додаанд. Маҳмадбоқиров дар изҳороти видеоӣ тасдиқ кардааст ки дар ҳоли ҳозир “сохторҳои таъиноти махсус ва низомиён ба Хоруғ оварда шудаанд”. Чизе, ки пештар мақомот рад карда буданд.

“Имрӯзҳо моро террорист ном бурда, ҳазорҳо низомиро ба Хоруғ овардед. Беҳтар он аст, ки марзро ҳифз кунед. Мо силоҳ надорем, аммо мо бо санг ҳам бошад худро муҳофизат мекунем,” – гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони Бадахшон гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз амалиёти эҳтимолии мақомоти интизомӣ барои боздошти Мамадбоқиров ва ҳамроҳонаш навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои саршиноси ВМКБ аст, ки мақомоти давлатӣ ӯро ба худсарӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар медонанд, вале бахши васеъ аз мардуми минтақа ба ӯ эҳтиром доранд. Худи ӯ гуфтааст, замоне фармондеҳи қисми сарҳадбонӣ дар ноҳияи Мурғоб буд ва дар кушодани роҳи Қулма ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир саҳм дошт.

Дар пайи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва эътироз дар Хоруғ, мақомот дар чанд суҳбати худ тавассути телевизиони Бадахшон аз ӯ ном гирифта, исми ӯро ба ҳодисаҳои ҷиноӣ рабт доданд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоҳоро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонаш унсурҳои ҷиноӣ нестанд.

Шарҳҳоро бинед (31)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG