Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помир. Зиндагӣ дар муҳосира. ВИДЕО


Хоруғ, Бадахшон. Акс аз бойгонӣ

Санҷар Ҳамидов, "Садои Амрико"

Моҳи чаҳорум аст, ки мақомоти Душанбе ба муҳосираи иттилоотӣ ва низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома медиҳанд. Ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир аст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 30 сол боз дар сари қудрат аст, вале мардум дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия мераванд.

Кушта шудани сокини ВМКБ, Гулбиддин Зиёбеков, дар як амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар тирамоҳи соли гузашта боис ба эътирози мардум шуд. Қатли бе муҳокима ва бе баррасии додгоҳии ин сокини маҳаллӣ равобити бе ин ҳам пуртаниши миёни Душанбе ва Хоруғро печидатар кард.

Ҳазорҳо мардуми норозӣ моҳи ноябри соли 2021 дар маркази шаҳри Хоруғ, макони муҳими ҷаҳонгардии Тоҷикистон, ҷамъ шуданд. Онҳо ҳабси он ходимони ҳифзи ҳуқуқро, ки дар кушта шудани Зиёбеков даст доштанд, талаб карданд. Мақомот бо истифода аз силоҳ мардумро пароканда карданд, ду эътирозгар кушта ва чанд кас захмӣ шуданд.

Эҳсоси хатар: Аз кӣ?

Ораз Вазирбеков
Ораз Вазирбеков

Ораз Вазирбекови 45-сола, шаҳрванди Русия, ҳоло аз ҷонаш хатар дорад. Ӯ мегӯяд, баъди иштирокаш дар як намоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав маъмурони амниятии тоҷик метавонанд ӯро рабуда, ба Тоҷикистон баранд. Вазирбеков 15 сол пеш аз шаҳрвандии Тоҷикистон берун шудааст.

“Беш аз 15 сол шуд, ки расман шаҳрванди Федератсияи Русия ҳастам. Дар бораи хатари аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани ман. Мушкили асосӣ ҳам дар ҳамин аст. Ходимони амниятии Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанд, инро хеле хуб медонанд. Бо ин вуҷуд пайиҳам аризанависӣ мекунанд. Мо манбаъҳои худро дорем, медонем. Ба номи ман се дархост омад. Ҳамаи онҳо хостанд, ки маро дар пеши назари мақомоти Русия чун як идеологи ҷиноятҳои муташаккили помирҳо муаррифӣ кунанд," – нақл кард ӯ.

Рӯзи 11-уми январи имсол дар Маскав дӯст ва ҳамшаҳрии Вазирбеков, Амриддин Аловатшоеви 44-сола нопадид шуд. Наздикони варзишгар се ҳафта талош карданд, ки ӯро пайдо кунанд, вале кӯшишҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Нозирон он замон номувофиқии шарҳи боздошти Аловатшоевро дар суҳбатҳои вазири корҳои дохилӣ ва прокурори генералӣ мушоҳида карданд. Вазир гуфт, Аловатшоев замони бозгашт аз Русия боздошт шуд, додситони кул гуфт, ӯро дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Помир: Зиндагӣ дар муҳосира
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:31 0:00

Баҳона: лидерони ғайрирасмӣ?

Душанбеи расмӣ давоми даҳсолаҳо талош кардааст, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тобеъ кунад, чун, ба фарқ аз минтақаҳои дигар, ҳанӯз ҳам раҳбарони ғайрирасмии ин вилоят фаъол ва таъсиргузор мемонанд.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, мегӯяд, «вақте дар бораи раҳбарони ғайрирасмӣ мегӯянд, бояд донист, ки онҳо ҳамеша, ҳам дар давраи Шӯравӣ буданд ва ҳам баъди он. Вақте СССР пош мехӯрд, нуфузи ин афрод боло рафт. Ҳамон замон онҳо ба силоҳ дастрасӣ пайдо карданд ва ҳам сангар гирифтанд. Як қисми онҳо баъд аз имзои созишномаи сулҳ ба ҳукумат пайвастанд. Ҳодисаҳои заҳролудкунӣ ё ҳатто тарконидани баъзе лидерҳои маҳаллӣ ҷой дошт. Помириҳо нагузоштанд, онҳое, ки зинда ҳастанд, нобуд карда шаванд. Онҳо то имрӯз ҳам ҳамон ҷо мемонанд."

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки то соли 1997 фармондеҳи саҳроии мухолифон буд, яке аз чунин раҳбарони ғайрирасмии Помир аст. Баъд аз имзоли созишномаи сулҳ бар асоси квотаи 30-дарсадӣ ба ҳайати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шомил шуд ва раҳбарии отряди сарҳадии Мурғобро дар марз бо Чин ба ӯҳда гирифт. Чанд ҳафта аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Душанбе мехоҳанд Маҳмадбоқировро ҳабс кунанд, вале сокинони маҳаллӣ ва тарафдоронаш шабурӯз дар назди хонаи ӯ истода, намегузоранд, ки амалиёт барпо шавад.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, полковники нерӯҳои захиравии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, қаблан дар як навор гуфт, «ман ба ин давлат хидмат кардам, фармондеҳи қисми низомӣ будам. Барои Мурғобу Қулма ва ифтитоҳи роҳи Чин кори зиёде кардаам. Вале баъди ҳамаи ин корҳо маро душман эълон карданд ва аз кор ронданд. Сабаби асосӣ ин буд, ки ман 736 кило ҳероинро ошкор ва ҳабс кардам. Гуноҳи ман чӣ буд? Ба ҷои ҷоизаву мукофот ва ё рутбаи генералӣ аз ман халос шуданд. Ин бори раҳбари онвақтаи вилоят буд, акнун Шумо ва мардум ҳам инро медонед.»

"Саркӯби ҳар касе, ки бо ҳукумат розӣ нест"

Дар 25 соли гузашта бархӯрди мақомоти тоҷик нисбат ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйир наёфт ва, ба бовари таҳлилгарону нозирон, мақомот ба саркӯби мухолифон ҳамоно идома медиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили пешини порлумон, гуфт, «қатлҳои худсарона ҷой дошт. Масалан, дар водии Қаротегин мақомот Алии Бедакиро дастгир карда, пас аз чанд рӯз баъд куштанд. Вазир Мирзо Зиёев ҳам ҳамин хел шуд. Дар Тоҷикистон таҷрибаи қатлҳои худсаронаи бе муҳокима як кори маъмулӣ аст. Бахусус алайҳи мухолифон ва чеҳраҳои сиёсӣ. Ин ҳама таҳқиқи ҷиддиро мехоҳад. Мутаассифона, азбаски Ғарбу созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд надоранд, созмонҳои иҷтимоӣ ё мухолифон дар анҷоми таҳқиқи мустақилонаи ин ҳодисаҳо ва исботи ин ҳолатҳо дар сатҳи байнулмилалӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбати мардуми худаш ҷиноятро раво мебинад, дасткӯтоҳанд.»

Режими Эмомалӣ Раҳмон ҳама раҳбарони сиёсиеро, ки ба ҳукумат тобеъ нестанд, чун таҳдид арзёбӣ мекунад. Ба қавли Сюзан Леви Санчес, коршиноси амнияти байнулмилалӣ, «аввал ин ки ҳукумат аз онҳо эҳсоси хатар дорад. Дуюм ин ки ҳукумат мехоҳад, иқтисоди вилоятро назорат кунад, бахусус тиҷорати ғайрирасмиро. Аз ин рӯ, мақомот раҳбарони берун аз системаи давлатиро чун таҳдид ба манфиатҳои худ арзёбӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки барои назорат аз соҳаҳои мухталифи иқтисод як рақобат вуҷуд дорад. Шояд ман хато мекунам, вале гумонам ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби қарзгириҳои зиёдаш ҳарчи бештар вобастаи Чин мешавад.»

Бекорӣ… ва интиқоли қудрат

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов рӯҳияи эътирозии мардуми вилояти Бадахшонро ба ҳалношуда мондани масоили иқтисодию бекорӣ дар давоми даҳ соли гузашта рабт медиҳад

Ӯ гуфт: «Соли 2012, вақте қарор шуд, ки амалиёти низомӣ анҷом шавад, тамоми мардум ба по хест ва дар минтақа амалан як ҳолати низомӣ ҷорӣ шуд. Ин вазъ даҳ соли охир давом кард. Маҷмӯи мушкилот дар вилоят, бахусус миёни ҷавонон як таниши иҷтимоиро эҷод кард. Баъзе вижагиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳам ҳаст, ки ба сатҳи баландтарини бекорӣ дар ҷумҳурӣ рабт мегирад. Ин вилоят дотатсионӣ ё вобастаи кумакҳои буҷа аст, ки 66 дарсадро ташкил медиҳад. Ҷавонон коре барои кардан надоранд.»

Профессори донишгоҳи Техас Эдвард Лемон мегӯяд, мақомоти тоҷик вилояти Бадахшонро таҳти назорат даровардан мехоҳанд, чун президент Эмомалӣ Раҳмон дар садади ба писараш Рустами Эмомалӣ додани курсии раҳбарӣ мебошад.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

"Ба фикри ман, президент Раҳмон мехоҳад, замонатҳои худро дошта бошад, ки ин назорати пурра бар ҳама қаламравҳои кишвар дар марҳилаи ба ихтиёри писараш гузаштани қудрат мебошад. Мушкили Помир аз муддатҳо пеш давом дорад. Ҳукумат натавонист, онро ҳал кунад. Солҳои 2012, 2014 ва 2018 хушунат рух дод ва ҳар дафъа бо гуноҳи раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ будааст. Онҳо дар миёни сокинони маҳаллӣ нуфузу обрӯ доранд. Бовар дорам, ки Раҳмон мехоҳад, масъалаи Помирро баякбор ҳал карда, минтақаро пурра таҳти назорат дароварад. Ҳоло, ки таваҷҷӯҳи аксар ҷаҳониён ба Украина равона шудааст ва ҳам бо назардошти вазъ дар Афғонистон. Яъне, ин як навъ ҷараёни такмили тамаркузи қудрати режими Раҳмон мешавад, ки то замони ба ихтиёри писараш додани қудрат бояд анҷом шавад,” – гуфт Эдвард Лемон, профессори Донишгоҳи Texas A&M.

Созмони Милал ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ба мисли Human Rights Watch аз мақомоти Душанбе борҳо тақозо кардаанд, ки ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро риоя карда, нерӯҳоро аз вилояти Бадахшон берун кунанд, муҳосираи иттилоотиро хотима дода, дастарсии сокинони вилояти Бадахшонро ба интернет таъмин намоянд.

Ҳукумати Раҳмон ин даъватҳоро нодида мегирад ва, баръакс, фишорро ба мардуми Бадахшон афзоиш медиҳад. Сокинонро маҷбур мекунанд, ки дар сурати, ба қавли мақомот, “баргузории чораҳои боздошти аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ” дар намоишҳои эътирозӣ иштирок намекунанд ва зери чунин баёнияҳо имзо мегузоранд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG