Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Гулбиддин гуфт, ки раиси ВМКБ дар номааш ба ӯ чӣ навишт


Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ ва акси эътироз аз моҳи ноябри соли 2021
Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ ва акси эътироз аз моҳи ноябри соли 2021

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар номае ба модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавоне, ки ҳангоми амалиёти боздошт 25-уми ноябри соли гузашта дар ноҳияи Роштқаъла кушта шуд, гуфтааст, "ҷинояткор ва саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ" номидани фарзанди ӯ хилофи қонун аст.

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар наворе, ки рӯзи 4-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, посухи Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ-ро нишон дод.

Вай дар навор бори дигар талаб кард, ҳалокати фарзандаш таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ идома дорад, аммо боздошти ӯ ҳангоми гумонбар буданаш дар таҳқири намояндаи ҳукумат иттифоқ афтод ва вокунишу муқовимати мусаллаҳонааш сабаби фоҷиа гардид. Наздиконаш ин иддаоро бепоя меноманд.

Расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла “ТВ Бадахшон”, Гулбиддин Зиёбековро дар гузоришҳои худ “саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ” меноманд.

Модари Гулбиддин Зиёбеков хостааст, сабабгорони марги писарашро ҷазо диҳанд
Модари Гулбиддин Зиёбеков хостааст, сабабгорони марги писарашро ҷазо диҳанд

Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбуддин, рӯзи 5-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз панҷ моҳ боз "ТВ Бадахшон" дар гузоришҳои худ писари ӯро “ҷинояткор” меноманд. Ӯ аз раиси ВМКБ натиҷаи таҳқиқи парвандаи писарашро пурсида, гуфтааст, шарҳ диҳад, ки расонаи зери назорати ӯ чаро писарашро "ҷинояткору саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ" меноманд.

Дар посухи номаи ӯ, Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ гуфтааст, "тибқи Конститутсия касе ҳақ надорад, писари ӯро ҷинояткор номад, чун ҳеч додгоҳе ҳоло ӯро гунаҳкор эълон накардааст." Ӯ дар ин нома исрор кардааст, ки мақомоти давлатӣ ӯро гумонбар мегӯянд.

Дар Тоҷикистон бидуни мурофиаи додгоҳи нафареро дар ҷиноят муттаҳам донистан хилофи қонун аст, аммо дар бештар маврид ин муқаррароти қонун риоя намешавад.

Модари Гулбиддин инро нахустин номае медонад, ки дар он мақомдор кори расонаҳои давлатиро ғалат номидааст.

Дар “ТВ Бадахшон” шарҳ надоданд, ки бо кадом асос дар гузоришҳояшон ин ибораҳоро истифода мекунанд.

Модари Гулбиддин Зиёбеков беш аз панҷ моҳ боз барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони қатли писараш додхоҳӣ мекунад. Ба суолҳои ӯ дар бораи сабабҳои қатли писараш ҳанӯз ҳеҷ ниҳоде ҷавоби рӯшане надодааст.

“Писарамро бераҳмона куштанд. Навиштам, онҳое, ки ғайриқонунӣ писарамро куштаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не. Ба ман ҷавоб медиҳанд, ки тафтиш мекунем, лекин панҷ моҳ шуд, ягон натиҷааш маълум нест. Фақат мегӯянд, ки писарат пистолет дошт. Гуфтам, исбот нашудааст, ки писарам пистолет дошт. Ӯ надошт,”—гуфт модари Гулбиддин Зиёбеков.

Марги Гулбиддин Зиёбеков, ки ба гуфтаи пайвандонаш, ҳанӯз аз ҷониби мақомот тафтиш нашудааст, дар шаҳри Хоруғ эътирози сокинонро ба бор овард. Эътироз чор рӯз давом кард ва дар он ду тани дигар кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд.

Эътирозгарон танҳо пас аз мувофиқати “Комиссияи 44”, ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо ҳукумат пароканда гаштанд. Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони “Комиссияи 44” мегӯянд, дигар мақомот ҳеч ваъдаи худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG