Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Бадахшон шарҳи якҷонибаи "марги Гулбиддин"-ро нодуруст медонанд


Рӯзҳои 25-28-уми ноябр сокинон дар назди бинои ҳукумати Бадахшон эътироз карданд.
Рӯзҳои 25-28-уми ноябр сокинон дар назди бинои ҳукумати Бадахшон эътироз карданд.

Гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки барои таҳқиқи руйдодҳои ахир бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, мегӯянд, расонаҳои ҳукуматӣ ҳаводиси ахирро якҷониба инъикос мекунанд.

Телевизиони вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 9-уми декабр дар бораи ҳодисаҳои ахир дар ин вилоят барномаи вижа пахш кард. Дар ин барнома ширкатдорони ҳодисаҳои ахир ба зиёдаравӣ муттаҳам мешуданд.

Фаъолон чаро норозианд?

Рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли равон пас аз кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар амалиёти мақомоти интизомӣ сокинон дар назди бинои ҳукумат эътироз карданд. Дар ин эътироз ду нафар кушта ва беш аз даҳ тан захмӣ шуданд. Мақомот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созиш карданд, ки ин ҳодисаро якҷо таҳқиқ мекунанд.

Чанд тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти тафтишотӣ аз аъзои ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки шомили гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҳастанд, барои суҳбат накардан бо расонаҳо аз ҷараёни таҳқиқот имзо гирифтаанд, вале мақомоти интизомӣ аз тариқи шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ дар ин бора гузориш пахш мекунад. Шаш тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба гурӯҳи тафтишотӣ шомил шудаанд.

Мақомоти амниятӣ ва интизомии Бадахшон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва иддаои фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшонро шарҳ надоданд.

Шикоят аз фишор

Хуҷамрӣ Пирмамадов, масъули Дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот кормандони мактабҳо, беморхонаҳо ва идораҳои дигаре, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд, маҷбур мекунад, то тариқи телевизиони давлатӣ руйдодҳоро як тарафа маҳкум кунанд. “То имруз ҳудуди 15 нафар ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ки агар ҳарф назанӣ, аз ҷои кору маош маҳрум мешавӣ. Вақте онҳо иҷборан, якҷониба суҳбат мекунанд, ба ҷараёни тафтишоте, ки идома дорад, ҳатман халал ворид мекунанд”, --гуфт ӯ.

Дар барномае, ки шоми 9-уми декабр тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон намоиш доданд, суҳбати тӯлонии Ёдгор Файзов, раиси собиқи вилоят пахш шуд. Файзов дар ин суҳбат гуфт, духтаре, ки боиси моҷаро шуд, худаш ба ёрдамчии додситони Роштқалъа занг задааст.

Ёдгор Файзов чӣ гуфт?

Моҷаро аз он сар шуд, ки соли гузашта дар Роштқалъа Абдусаттор Абирзода, ёрдамчии додситони ин ноҳияро барои робита ба як духтари маҳаллӣ латтукӯб карданд.

Мақомот он замон дар иртибот ба ин ҳодиса Гулбуддин Зиёбековро муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯ қарор доданд ва як сол пас аз ҳодиса, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дод, пайвандонаш ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, ӯ силоҳ надошт.

Ёдгор Файзов дар ин барнома нақл кард, ки он замон бо он духтар суҳбат кард ва ӯ иқрор шуд, ки ҳеҷ бор аз наздик бо ёрдамчии додситон вонахӯрдааст. Дар ин барнома ҳамчунин санаде нишон дода шуд, ки гуё танҳо ин духтар ба ёрдамчии прокурор занг задааст.

Як узви дигари Ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон бидуни зикри номаш гуфт, дар ин филм ишора мешуд, ки ҷавонони Бадахшон тундрав ҳастанд.

“Дар барномаи “Неруи қонун”-и телевизиони Бадахшон дар бораи ҳодисаи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков наворҳо пахш кардаанд, ки ҳоло тафтишот идома дорад ва танҳо хулосаи муфатишон маълум хоҳад кард, ки кӣ гунаҳкори нооромиҳои ахир аст”,--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф мақомот аз аъзои 44 нафараи Ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон талаб мекунад, ки то анҷоми тафтишот ба расонаҳо суҳбат накунанд, вале худи онҳо аз тариқи расонаҳои давлатӣ барномаҳои ташвиқотӣ нашр мекунанд ва ба тафтишот халал ворид месозанд.

Намоиши воқеият ё дахолат ба тафтишот?

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост доранд, ки ба пахши барномаҳои якҷониба поён дода шавад. Мақомот пахши барномаҳои худро дар гузашта намоиши воқеият дониста буданд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд дар сурате, ки гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҷараёни руйдодҳоро таҳқиқ дорад, пахши ҳаргуна барномаи телевизонӣ аз тариқи шабакаҳои ҳукуматӣ дахолат ба ҷараёни тафтишот аст.

“Агар мақомоти интизомӣ наворе ё маълумот аз ҷузъиёти ҳодисаеро дар даст доранд, бидуни пахш дар расонаҳо ва бидуни пешқазоват ба ҳамин гурӯҳи тафтишотӣ пешниҳод кунанд. Дар сурати ғайр, дар мавриди тафтишоти шаффоф шубҳаҳо пайдо мешавад ва афкори ҷомеаро тағйир медиҳад”,--гуфт Ҳакимов.

Ахиран як гурӯҳи иборат аз муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи он чӣ дар охири моҳи ноябр дар деҳаи Тавдему шаҳри Хоруғ гузашт, оғоз кардаанд.

Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви гурӯҳи корӣ, 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷараёни тафтишот шаффоф идома дорад”. Вай тасдиқ кард, ки “дар ҳоли ҳозир иддаои мақомоти интизомӣ дар бораи аз силоҳ истифода кардани Зиёбеков ташхис мешавад.”

Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шуруъ шуда, баъди он ки ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.

Мақомот расман ин шартҳоро эълон накардаанд, вале дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, аммо ҷиноят содир накардааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.

XS
SM
MD
LG