Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РКД: Дар ҳодисаҳои Хоруғ 12 маъмури интизомӣ захмӣ шудаанд


Майдони марказии шаҳри Хоруғ, 25-уми ноябри 2021
Майдони марказии шаҳри Хоруғ, 25-уми ноябри 2021

Раёсати корҳои дохилӣ дар Бадахшон мегӯяд, дар ҷараёни тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи гузашта дар шаҳри Хоруғ, 12 корманди ниҳодҳои интизомӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар бораи он ки чӣ қадар аз сокинони одӣ захмӣ шудаанд, иттилое дода нашудааст. Пештар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ дар бораи марги се нафар ва захмӣ шудани чандин каси дигар гузориш доданд.

Дар баёнияи раёсат, ки дар нашрияи “Қонун ва Ҷомеа”, минбари расмии Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 9-уми декабр нашр шуд, омадааст, дар ҳодисаҳои 25-28-уми ноябр “12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона шуданд ва аз корду дигар абзори тез ҷароҳат бардоштанд.”

Дар баёния омадааст, ки нооромиҳои охири моҳи ноябрро гуруҳи махсуси иборат аз 20 нафар ва 6 намояндаи ҷомеаи маданӣ таҳқиқу тафтиш мекунанд.

Эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр пас аз он сар шуд, ки як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ҳангоми боздошт кушта шуд.

Мақомот гуфтанд, ӯ ба гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ гумонбар буд ва ҳангоми амалиёт муқобилият нишон доду захмӣ шуд ва дар роҳ ба бемористон ҷон дод.

Аммо шоҳидони айнӣ ва хешовандони Зиёбеков гуфтаанд, ин гуфтаҳо воқеият надоранд ва худсарии мақомоти интизомӣ дар Бадахшонро нишон медиҳад.​

XS
SM
MD
LG