Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳза ба лаҳзаи рӯйдодҳои Тавдем ва Хоруғ. Дар Бадахшон чӣ гузашт?


Тазоҳуроти сокинон дар Хоруғ чаҳор рӯз идома кард
Тазоҳуроти сокинон дар Хоруғ чаҳор рӯз идома кард
Рӯйдодҳои 25-28-уми ноябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суолҳои зиёдеро ба миён овардаанд. Оё Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми муқовимати мусаллаҳона захмӣ гашту дар роҳ фавтид ё қасдан кушта шуд? Мусаллаҳ буд ё бесилоҳ? Чаро мақомот баъд аз қариб як сол ба пайгарди ӯ афтоданд? Ёвари прокурор куҷост ва оё тазоҳурот ангезаҳои дигар низ дошт? Кормандони Радиои Озодӣ дар гуфтугӯҳои тӯлонӣ бо даҳҳо шоҳид ва иштирокдорони ҳодисаҳо талош карданд, раванди воқеаҳоро бозсозӣ ва таҳқиқ кунанд.

Мусаллаҳ ё не?

25-уми ноябр, деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, соати 11:30

Гурӯҳе аз ҷавонон, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбеков, Розиқ Мирзоев, Тайғун Ғуломшоев ва дигарон дар назди ягона фурӯшгоҳи деҳа истода буданд, ки аввал ду нафари мулкипӯш наздашон омада, аз Зиёбеков ному насаб пурсиданд. Ҳанӯз ӯ тасдиқ накарда буд, ки мошине дар наздикӣ истод ва мусаллаҳоне аз он фуромада, силоҳҳоро ба тарафаш рост карданд. Онҳо талаб намуданд, ки дигарон рӯ ба девор гардонанд ё ин ҷоро тарк кунанд.

Гулбиддин Зиёбеков ба тарафи пул (купрук)-е бар фарози сойи Нудҷ гурехт. Розиқ Мирзоев, Тайғун Ғуломшоев аз пояшон маҷрӯҳ шуданд. Розиқ Мирзоев дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аз пояш ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.

Шоҳидон мегӯянд, он вақт дар дасти Гулбиддин силоҳе надидаанд. Олим Шаюков, сокини деҳаи Тавдем, он рӯз дар назди нуқтаи сӯзишвории назди фурӯшгоҳ буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "тақрибан соати 11:20-и рӯзи 25-уми ноябр мошини сафеди мусофирбаре омад ва дар назди мағоза истод. Аз дохили он мошин беш аз даҳ мусаллаҳ поин шуданд, ки ҳама ба рӯй ниқоб доштанд."

"Ба ҳаво як тир холӣ карда, гуфтанд, ки аз инҷо гурез. Гулбиддин ҳамон ҷо истода буд ва вақте ба сӯяш ҳаракат карданд, ӯ ба тарафи пул гурехт. Ман давомашро надидам, чун маҷбур карданд, ки гурезам," -- нақл кард шоҳиди ҳодиса.

Диловар Хуррамов, сокини дигари деҳа, он замон каме дуртар аз пуле қарор дошт, ки ба гуфтаи шоҳидон, Гулбиддин ба самти он фирор дошт. "Ман лаҳзаи паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ ба болои купрук медавид, ки садои тир баланд шуд. Як бор афтид ва боз хест. Мехост, ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ якпаҳлӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, як паҳлӯ шуд. Ҳафт силоҳбадаст ба тарафаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро ба зӯр боз карданд," -- гуфт ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, пас аз ин аввалин нафаре буд, ки ба маҳалли тир хӯрдани Гулбиддин расид ва он ҷо ба ҷуз осори хун дигар силоҳеро надид. Аммо шахсоне, ки баъдан мақомот ба ҷойи ҳодиса ҳамчун шоҳид даъват кардаанд, мегӯянд, дар он ҷо таппончаи "Макаров"-ро дидаанд.

Соати 12:10

Гурӯҳи дигаре аз низомиён бо коршиносони тиббиву додгоҳӣ ба маҳалли ҳодиса омаданд. Онҳо ҷойи воқеаро ба навор гирифта, патронҳои холишударо ҷамъ оварданд ва бо шоҳидон суҳбат карданд. Дар наворе, ки шаби ҳодиса дар телевизиони маҳаллӣ намоиш дода шуд, таппончаеро нишон доданд, ки ба гуфтаи мақомот, ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дошт.

Сокинон мегӯянд, чаро мақомот силоҳро замони боздошти Гулбиддин не, балки баъди 40 дақиқа пайдо кардаанд? Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки дар Душанбе қарор дорад, вале бо гуруҳи тафтишотӣ дар тамос аст, бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи қонун рафтор кардаанд. Дар чунин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, то расидани коршинос набояд далелҳо беҷо карда шаванд.

"Агар инҳо силоҳро мегирифтанд, изи ангушт вайрон мешуд. Ҳоло изи ангушт дар ҳамон силоҳ ҳаст, ки дар ҳар ташхис собит мешавад. Хешонаш даъво доранд, ки баъди мурдан ба дасташ силоҳро додаанд. Ин ғайриимкон аст, чун баъди мурдан хун лахта мешавад ва изи ангушт комилан фарқ хоҳад кард," -- гуфт ӯ.

Духтурон гуфтанд, ки вақте ӯро оварданд, аллакай мурда буд. Мо ба МОРГ рафтем ва ҷасадро гирифтем. Маслиҳат шуд, ки онро ба назди бинои ҳукумат барем ва фаҳмонанд, ки чаро ӯро куштанд.
Диловар Хуррамов

Файзмуҳаммад, сокини 73-солаи деҳаи Тавдем, аз шахсоне аст, ки ба санади мақомот ҳамчун шоҳид, ки силоҳро дар ҷойи ҳодиса дидааст, имзо гузоштааст. Ӯ гуфт, воқеан ба чунин санаде имзо гузошт, вале ин корро на ихтиёрӣ, балки аз тарс кард. Ба гуфтаи ӯ, "ин силоҳ бо расидани гуруҳи тафтишотӣ дар он маҳал пайдо шуд."

"Мо ду муйсафедро бо силоҳ ба ҷои ҳодиса бурданд. Чор нафар аз пешамон ва чор нафар аз қафо буданд. Нафаре гуфт, мо эксперти вилоятӣ ҳастем. Ҳамон ҷо якбора силоҳ пайдо шуд. Агар ман мегуфтам, ки силоҳ ҳозир пайдо шуд, мумкин маро мепаронданд. Ҳамонҷо боқимондаҳои тирро ҷамъ карданд, санад карданд ва мо аз тарс имзо гузоштем," -- нақл кард ӯ.

Дар Тоҷикистон додани шаҳодати дурӯғ ҷиноят ҳисоб мешавад, вале ин мард мегӯяд, тафтишот бояд шаҳодати дар ҳолати тарс гирифтаро сарфи назар кунад.

Манобеи Радиои Озодӣ ҳамчунон пойфишорӣ мекунанд, ки агар ин ҷавон силоҳ намедошт, ҳеч зарурати ба сӯяш тир паррондан вуҷуд надошт. Як ҳамсуҳбати мо аз қавли шахсе, ки дар амалиёт ширкат кардааст, гуфт, "Гулбиддин пушти панҷараи пул мавқеъ гирифта, ба сӯи онҳо тир холӣ кардааст."

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин мегӯяд, писараш силоҳ надошт ва истифодаи онро намедонист. "Ба номи Худо қасам, ба арвоҳи писари навгузаштаам қасам, ҳеч гоҳ дар дасти писарам силоҳ надидаам. Писари ман на хидмати ҳарбӣ карда буд ва на силоҳ истифода бурда метавонист. Ин таппонча аз куҷо пайдо шуд, намедонам," -- гуфт Певистамо Абдулмуминова ба Радиои Озодӣ.

Марги Зиёбеков

Аз Тавдем то Хоруғ 18 километр роҳ аст ва нимирӯзии 25-уми ноябр Гулбиддин Зиёбеков дар ин масир ҷон додааст. Манбаъҳои огоҳ дар миёни сокинон ва мақомоти давлатӣ "хунравии зиёд"-ро сабаби асосӣ донистанд.

Аммо Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар бадани мақтул ҳафт захми тирро ҳисоб кардааст, ки чортои он дар пойҳо, сетои дигар дар чашму дилу шикамаш будаанд.

Пуле бар фарози сойи Нудҷ
Пуле бар фарози сойи Нудҷ

Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баёнияи расмӣ гуфт, Гулбиддин Зиёбеков "дар натиҷаи оташи ҷавобӣ […] захмдор гардид". Ин ниҳод ва идораҳои дигари Тоҷикистон дар бораи кушта шудани Зиёбеков ва дигарон маълумот ё шарҳ надодаанд.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин, ки аз бемории диққи нафас азият мекашад, дар беморхонаи Роштқалъа будааст. Ӯ гуфт, пас аз шунидани хабари боздошти писараш ӯро ба Хоруғ оварданд ва дар сардхона ҷасади писарашро дид.

Тазоҳурот

Хоруғ. 25-уми ноябр, соати 13:15

Аввалин эътирозгароне, ки дар майдони Хоруғ пайдо шуданд, онҳое буданд, ки ба дунболи мошини ҳомили Гулбиддин ба Хоруғ ҳаракат доштанд. Диловар Хуррамов, ки шоҳиди лаҳзаи боздошти хунини Гулбиддин буд, мегӯяд, бо чанде аз ҷавонон аз пушти мошини мақомот ба самти Хоруғ рафт, то аз сарнавишти баъдии ӯ огоҳ шавад.

"Мо вақте ба назди ҳукумат расидем, ки гуфтанд, Гулбиддин дар беморхона аст. Он ҷо рафтем, ки гуфтанд, дар МОРГ (сардхона) аст. Духтурон гуфтанд, ки вақте ӯро оварданд, аллакай мурда буд. Мо ба МОРГ рафтем ва ҷасадро гирифтем. Маслиҳат шуд, ки онро пеши ҳукумат барем ва фаҳмонанд, ки чаро ӯро куштанд," -- гуфт ӯ.

Модари Гулбиддин, ки он ҷо буд, ба ин ризоият дод. "Ин чӣ коре буд, ки карданд. Наход барои як одами бесилоҳ як мошин силоҳдор фиристӣ? Наход дар дохили деҳа амалиёт гузарондан иҷозат бошад? Писари ман ҳамин гуноҳро карда буд, лекин чаро ба ӯ даъватнома надоданд? Ҳамон вақт бурда пурсида буданд, чизе нашуд-ку. Ӯро ҷазо медоданд, ман розӣ будам, лекин бераҳмона куштан чӣ маъно дорад?" -- пурсишҳоест, ки ҳанӯз касе посухашонро надодааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, хабари марги Гулбиддин Зиёбеков хеле зуд пахш шуд ва барои аксарият ногаҳонӣ буд. Аз ин рӯ, давоми ду соат бештар аз ҳазор нафар дар назди ҳукумат ҷамъ шуданд. Сокинон мегӯянд, ин эътироз худҷӯш буд, вале мақомот мегӯянд, "гуруҳҳои фурсатталаб аз ин ҳодиса суистифода карданд ва мардумро ба эътироз даъват намуданд".

Певистамо Абдулмуминова ду рӯз бо ҷасади писараш ва даҳҳо эътирозгар назди бинои ҳукумат истод. Танҳо пас аз ду рӯз рӯҳониёни маҳаллӣ ба онҳо машварат додаанд, ки ҷасадро бояд ба хок супоранд. "Дар пеши тазоҳургарон аз ҳукумат талаб кардам, ки ҷавоб диҳад. Меомаданд, шарҳ медоданд, ки бачаи ту ин гуноҳро кард ва мо куштем. Далел меоварданд, исбот мекарданд, ман чизе намегуфтам. Мебахшидаму дар майдон намеистодам. Ду рӯз истодам ва ягон нафар аз ҳукумат назди ман наомад. То ҳол ҳам касе пеши ман наомадааст. Мехоҳам бо президент рӯ ба рӯ гап занам. Шояд президент ба доди ман расад. Дар Бадахшон ҳукумат нест ва телевизион дурӯғ мегӯяд," -- гуфт ӯ.

Бегоҳи 25-уми ноябр гуруҳе аз эътирозгарон талоши наздик шудан ба бинои ҳукуматро карданд. Мақомот мегӯянд, онҳо ба сӯи низомиён сангандозӣ карданд ва панҷ автоматро мусодир намуданд. Сокинон мегӯянд, эътирози онҳо осоишта буд. Соатҳои 4 ба 5-и бегоҳи 25-уми ноябр ду сокини дигари Роштқалъа, ки аз онҳо Гулназар ва Толик ном мебаранд, кушта шудаанд. Дар эътирози бегоҳи он рӯз ва фардо наздики 20 нафар захмӣ шуданд. Мақомот низ аксу навори панҷ низомиро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, дар пайи ҳамлаи эътирозгарон захмӣ шуда буданд.

Чаро барои боздошти ӯ рафтанд?

Шоҳидон аз деҳаи Тавдем нақл карданд, ки охири моҳи январи имсол духтаре аз як деҳаи дигар аз бинои додситонии ноҳияи Роштқалъа хашмгин берун шудааст.

Вақте ҷавонон пурсидаанд, ки чӣ шуд, ӯ гуфтааст, барои ҳалли баҳси замин омада буд, вале ёвари додситон аз ӯ хостааст, дар ивази робитаи маҳрамона мушкилашро ҳал мекунад. Ин хашми ҷавонони маҳаллиро ба бор овардааст. Маълум нест, ин духтар то куҷо воқеиятро гуфтааст. Дар наворе, ки зоҳиран зери фишор сабт шудааст, ёвари додситон Абдусаммад Абирзода бо тақозои гуруҳе аз ҷавонон, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбеков, ба гуноҳаш эътироф мекунад ва аз сокинон узр мепурсад.

Модари Гулбиддин низ мегӯяд, ин ҳодисаро шунидааст ва ҳам барояш гуфтаанд, ки писараш прокурорро задааст.

Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Гулбиддин Зиёбеков. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз ин ҳодиса Абдусамад Абирзода барои "рафтори хилофи кори маъмури додситонӣ" комилан аз сафи ин ниҳод ронда шуд, вале парвандаи латукуби ӯ ҳамчун намояндаи давлат мавриди тафтиш қарор гирифт.

Певистамо Абдулмуминова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамон замон писарашро ба додситонӣ даъват карданд ва пас аз гирифтани баёноташ дар бораи ҳодиса раҳо намуданд. Ӯ гуфт, ки бо гузашти даҳ моҳ дигар касе писарашро суроғ накард. Вай мепурсад, чаро агар писарашро боздошт кардан мехостанд, аввал барояш даъватнома барои бозпурсӣ нафиристоданд.

Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин, мегӯяд, додараш мунтазам дар толоре машқ мекард, ки дар назди раёсати умури дохилӣ ҷойгир аст, ҳама мошини ӯро медонистанд ва дар ҳолати даркорӣ метавонистанд, он ҷо боздошташ кунанд.

Бисёриҳо бар инанд, ки қазияи марбут ба ёвари прокурор даҳ моҳ пеш бо бо дахолати Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ баста шуд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, як муфаттиши додситонии низомӣ, ки чанде пеш нав шуд, тафтиши ин парвандаҳои бозмондаро оғоз кард. Парвандаи "ёвари додситон" аз ҷумлаи парвандаҳое будааст, ки дар як ҷаласа дар миён гузоштааст ва мақомоти дигар дар пайи боздошти Гулбиддин шудаанд.

Аммо як манбаи дигари воқиф аз умур мегӯяд, аз Тавдем ба неруҳои интизомӣ хабар расидааст, ки "Гулбиддин ва ҳамроҳони дигараш силоҳ дарёфт кардаанд ва бояд ба Хоруғ биёянд. Он замон вазъи Хоруғ хуб набуд ва миёни Муҳаммадбоқир ва кормандони милиса баҳс шуда буд. Чун Гулбиддин дар ҷустуҷӯ буд, хабаррасонҳо ҷойи аниқашро гуфтанд ва гуруҳ ба он ҷо сафарбар шудааст," -- гуфт ин манбаъ ва афзуд, "бинобар вуҷуди таҳдид ҳанӯз мақомоти тафтишотӣ бо афроди хабаррасон ҳамсуҳбат нашуданд, то ҷузъиётро бипурсанд."

Ин ҳамсуҳбати мо суханони шоҳидони дигарро дар бораи таъсири эҳтимолии ихтилофоти маҳаллӣ дар заминаи барканорӣ ва таъйиноти ахир тасдиқ ё рад накард. Дар рӯзҳои баъдӣ мақомот гуфтанд, тазоҳуркунандагон ба раиси вилоят Алишери Мирзонабот ва вакили порлумон, Азиз Гиёзода, сангандозӣ ва онҳоро маҷруҳ кардаанд. Дар як навор дида мешавад, ки эътирозгарон сухани раиси вилоятро шунидан намехоҳанд ва нидои "Истеъфо! Истеъфо" сар медиҳанд.

Ҳамсар ва духтари шашсола

Гулбиддин Зиёбеков 29-сола ва варзишгар буд. Ӯ дар мусобиқаҳои маҳаллӣ ширкат мекард. Аз ӯ ҳоло як духтари шашсола мондааст. Модараш мегӯяд, шароити хуби нигаҳбонии зану фарзанди ӯро надорад.

Эътирози сокинон пас аз чор рӯз, 28-уми ноябр, ба поён расид. Фаъолони ҷомеа гуфтанд, ҳукумати Бадахшон шартҳои онҳоро пазируфт. Онҳо талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин ҷазо дода шаванд, интернет дубора дастрас шавад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд. Дар эъломияи ҳукумат ин ҳарфҳо гуфта намешуд. Дар изҳороти ҳукумат ишора шуда буд, ки марги Гулбиддин таҳқиқ мешавад, вале аз қабули шартҳои дигар гапе набуд.

Гирдиҳамоии Хоруғ, на танҳо дар ВМКБ, балки дар хориҷ аз кишвар низ ҳамовозӣ пайдо кард. Коршиносон, инро аз камтарин эътирозҳое дар Бадахшон донистанд, ки сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар нисбат ба он садо баланд карданд.

XS
SM
MD
LG