Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Хоруғ. Тазоҳурот ва ҷанҷоли ҷавонон дар назди дафтари СММ дар Душанбе. АКС, ВИДЕО


Назди Дафтари СММ дар Душанбе, 27-уми ноябри 2021
Назди Дафтари СММ дар Душанбе, 27-уми ноябри 2021

Як гурӯҳ аз ҷавононе, ки шумораашон ба тақрибан 70-80 нафар мерасид ва зоҳиран "давлатӣ" буданд, рӯзи 27-уми ноябр дар пайванд ба ҳодисаҳои Хоруғ дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ҷамъ омаданд. Онҳо бо нидо ва навиштаҳои "Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст" ва "Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд" шиор медоданд ва дар даст акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшонро доштанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Тазоҳуроти "ҷанҷолӣ" дар назди дафтари СММ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷавонон дари дафтари Созмони Милалро бо лагад мезаданд, аммо мақомоти интизомӣ ба ҷараёни он дахолат надоштанд. Чанде аз наворбардорони касбӣ низ дар маҳалли ҳодиса мушоҳида шудаанд.

Дар ҳамин ҳангом як гуруҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо тазоҳургарон вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳои онҳоро гирифтаанд. Онҳо аз шеваи эътироз ва талабҳои, ба гуфтаашон, ноҷои тазоҳургарон норозиянд.

"Дар ҳамин вақт маъмурони милиса омада, аз ду тараф тақрибан бист ҷавонро ба мошин бор карда бурданд. Эътирозгарони дигар зуд пароканда шуданд," -- нақл кард яке аз шоҳидон.

Дар Тоҷикистон, ки ҳама арсаҳо зери назорати сахти мақомот қарор дорад, тазоҳуроти беиҷоза мамнуъ аст. Айни гирдиҳамоиҳо дар гузашта дар назди қароргоҳи Созмони Амниятва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, сафорати Амрико, Созмони Милал ва сафорати Эрон дар Душанбе сурат гирифтааст.

Чунин гирдиҳамоиҳо асосан дар пайванд ба мавзуъҳои мухолифин ва мудофеони ҳуқуқи башар анҷом шуда, иштирокдоронаш дар гузашта як гуруҳ аз занону мардон ва ҷавонони гуруҳи "Авангард", созмони зери назорати мақомоти умури дохилӣ, буданд.

Он вақт бисёриҳо чунин гирдиҳамоиҳоро "саҳнасозии мақомоти расмӣ” медонистанд, чун мақомот ҳеч вақт ба баргузории пикету эътирозҳо дар кишвар иҷозат надодаанд. Мақомот ҳамвора эътирозҳоро "худҷӯш" номидаанд.

Тазоҳуроти рӯзи 27-уми ноябр дар назди дафтари Созмони Милал дар ҳоле баргузор шуд, ки аз ҳодисаҳои Хоруғ се рӯз мегузарад, вале мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз як хабарномаи расмӣ шарҳи дигаре надодаанд. Дар замоне ки ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва мақомоти қудративу интизомӣ хомӯшанд, Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар баёнияе гуфт, "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ниҳодҳои қудратии дахлдор барои ҳалли ин қазия талош доранд."

Сокинони Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр баъди он эътироз карданд, ки ба гуфтаи онҳо Гулбиддин Зиёбекови 29-сола қасдан кушта шудааст. Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, ӯ дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон доду захмӣ шуд. Мардуми норозӣ дар Хоруғ ба ин фарзия бовар надоранд ва муҷозоти сабабгорони марги Зиёбековро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG