Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гулбиддин Зиёбеков силоҳ дошт ё не?" Ба таҳқиқи рӯйдодҳои Бадахшон шуруъ карданд


Тазоҳуроти сокинон дар Хоруғ чаҳор рӯз идома кард
Тазоҳуроти сокинон дар Хоруғ чаҳор рӯз идома кард

Як гуруҳи иборат аз муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи он чӣ дар охири моҳи ноябр дар деҳаи Тавдему шаҳри Хоруғ гузашт, оғоз кардаанд.

Мақомот ба таври расмӣ дар мавриди тафтиши ҳодиса чизе намегӯянд. Манбаъҳои огоҳ аз қазия 9-уми декабр гуфтанд, ҳоло гуруҳ силоҳеро месанҷад, ки ба иттилои мақомот ба Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи Роштқалъа, тааллуқ дорад, аммо пайвандонаш инкор мекунанд.

Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми Роштқалъа, рӯзи 25-уми ноябри имсол дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ дар деҳаи Тавдем кушта шудааст. Ин ҳодиса боиси эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид.

Мақомот гуфтанд, ӯ ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ гумонбар буд ва ҳангоми боздошт аз туфангча тир кушоду бо зарбаи ҷавобӣ захмӣ гардид. Пайвандонаш силоҳ доштани ӯро рад мекунанд.

Ба иттилои дарёфтӣ, гуруҳи тафтишотӣ ба пурсиши шоҳидон машғул будааст ва, ба қавли аъзои он, тафтишоти рӯйдодҳои Бадахшон то ду моҳи дигар идома хоҳад кард.

Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви гурӯҳи корӣ, 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷараёни тафтишот шаффоф идома дорад”. Вай тасдиқ кард, ки “дар ҳоли ҳозир иддаои мақомоти интизомӣ дар бораи аз силоҳ истифода кардани Зиёбеков ташхис мешавад.”

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон бо далели халал науфтодан ба ҷараёни тафтишот ҳодисаро шарҳ надоданд. Як нафаре, ки бо муфаттишон тамос дорад, гуфт, “изи ангушти Гулбиддин дар силоҳ собит шудааст”. Тасдиқи ин гуфта аз манобеи дигар феълан имконпазир нест.

Мақоми дигари наздик ба тафтишот гуфт, “ҳоло мақомот ният доранд, тирпаронӣ ба сӯи тазоҳургарон низ таҳқиқ шавад.” Вай афзуд, “панҷ автомате, ки эътирозгарон аз мақомот гирифта буданд, баргардонда шудааст.”

Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шуруъ шуда, баъди он ки ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд.

Мақомот расман ин шартҳоро эълон накардаанд, вале дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, аммо ҷиноят содир накардааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.

XS
SM
MD
LG