Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Бадахшон? Баҳси Додоҷони Атовулло ва Сайфулло Сафаров дар Гапи Озод. ВИДЕО


Аксе аз барномаи Гапи Озод аз рӯзи 3-юми декабри соли 2021
Эътирози оммавии шабеҳи 25-28-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ бори аввал нест, ки рӯй медиҳад. Қатъи назар аз сабаби чунин эътирозҳо, пас аз амалиёти ҳарбӣ дар соли 2012, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба минтақаи беқарор ва нооромшаванда табдил ёфтааст.
Чаро чунин аст? Оё ҳукумати марказӣ мехоҳад, дар ин ҷо тартиботи сахттаре ҷорӣ кунад ё мардуми Бадахшон озодтаранду ҳақталошӣ ва додхоҳӣ мекунанд? Мақоми мухтори минтақа ё собиқаи замони ҷанги дохилӣ то куҷо ба ин вазъият таъсир доранд? Дурнамои вазъ, агар ислоҳ карда нашавад, чӣ буда метавонад?
Барои баррасии ин суолҳо Сайфулло Сафаров, устоди донишгоҳ ва муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори шинохта ва раиси созмони "Ватандор”-ро даъват кардем.

Радиои Озодӣ: Чаро мардум ба майдон рехтанд?

Сайфулло Сафаров: "Аввалан, масъалаи Бадахшон масъалаи содда нест. Масъалаи ҳазору як ҷиҳат аст. Доир ба ин мавзуъ суҳбат кардан кори осон нест, вале оҳанги сухани Шумо барои ман он қадар қобили қабул набуд. Тарзи суолгузориятон бисёр воҳимаангез буд. Аз ҳодисаҳои Бадахшон дида, аз оҳанги сухани Шумо ваҳмам гирифт. Чунин ҳодисаҳо на танҳо дар Бадахшон мешаванд, чунин ҳодисаҳо метавонанд, дар Кӯлоб, дар Суғд ҳам шаванд ва шудаанд. Ва онҳо ҳам, албатта, бо роҳи гуфтушунид ва роҳи дигар ҳал шудаанд. Аз ин сабаб, тамоми ҷомеаро ҷомеаи мурда пиндоштан ин кори хатост. Ҷомеаи зинда аз ҷомеаҳои карахт ҳамавақт бо ҳамон падидаҳои ногаҳониаш фарқ мекунад. Тоҷикистон пеш аз ҳама давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст. Дар масъалаи Бадахшон. Масъалаи бисёр кӯчак ба сатҳи баланд бардошта шуд. Соли 2013 ва баъд аз он дар Роштқалъа, дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, будем. Дар онҷо ягон норозигии мардуми Бадахшонро эҳсос накардам."

Ҳар куҷое, ки ҳарбиҳо ба сиёсат меомезанд, ҳар куҷое, ки ҳарбиҳо мудириятро ба даст мегиранд, ин оқибати хуб надорад ва мо инро дидем.
Додоҷони Атовулло

Радиои Озодӣ: Додоҷони Атовулло, Шумо чӣ назар доред? Сабаби ба майдон баромадани одамон чӣ буд?

Додоҷони Атовулло: “Ман, пеш аз ҳама, мехоҳам ба хонаводаи шаҳидони гулгункафани Бадахшон таслият гӯям. Саволи Шумо, ба назари ман, саволи воқеан бунёдӣ аст. Суолест, ки ҳамаи мо бояд ба он ҷавоб ҷӯем. Бадахшон барои ман ҷазираи озодӣ ва Панҷшери Тоҷикистон аст. Мо бояд ҳақиқатро гӯем, аз ҳақиқат чашм напӯшем. Пинҳон кардани ҳақиқат ба суд (фоида)-и касе, ягон тараф нест. Бадахшон аз соли 1992, аз рӯзе, ки ҳукумати қонунӣ, гуё, ба сари қудрат омад, дар зери таъқиб қарор дошт. Ошкоро гуфт, ин як генотсид буд. Ҳар як бадахшониеро, ки дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон агар дастгир мекарданд, бе ягон пурсиш мекуштанд. Барои мисол, яке аз дӯстони ман...”

Радиои Озодӣ: Хоҳиш мекунем, дар бораи вазъи имрӯз посух диҳед.

Додоҷони Атовулло: “Он фоҷиае, ки имрӯз дар Бадахшон мегузарад, давоми ҳамон ният ва хости ҳукумат барои шикастани ин қалъаи номус асту бас. Соли 1992, 2012 ва 2018 ҳам ҳамин буд. Ончӣ ки имрӯз мегузарад, ин давоми ҳамон қиссаи нанговар аст.”

Навори баҳсро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: "Чаро дар Бадахшон тазоҳуроту нооромӣ такрор мешавад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:00 0:00

Радиои Озодӣ: Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ амалиёти мақомотро барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, ки мояи эътирозҳо шуд, як роҳ тарсондани чашми аҳолӣ номиданд. Бархе дигар як иғво барои ноором кардани вазъи вилоят донистанд. Шумо чӣ назар доред?

Сайфулло Сафаров: “Ман дар инҷо на иғворо мебинам ва на тарсонидани аҳолиро. Иғво андохтан ба фоидаи ҳукумат нест, тарсонидани аҳолӣ ҳам ҳеч имкон надорад, чунки ҳукумат ҳукумати мардумӣ аст, ҳукумати худашон ҳаст ва ҳеч кас намехоҳад, ки онҳоро тарсонад. Инҷо масъала ин хел аст. Ҳукумат, органҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаашонро бояд иҷро кунанд. Онҳое, ки гаравгон гирифтанд, тир андохтанд, ҳатман бояд дастгир кунад ва қазияи онҳоро баррасӣ намояд. Бе ин намешавад дар ҳукумат."

Додоҷони Атовулло: “Дар паси мизи ман байрақи Фаластин аст. Дар тасаввури ман Бадахшон мисли Фаластин аст, ки ҳар рӯз болои сари мардум фишор меоранд. Ин дасисае, ки дар Бадахшон шуд, воқеан иғво аст. Дувум кори бисёр зишт аст, ки касе пайомадашро фикр накардааст… Бадахшон дар оккупатсия аст. Аз соли 2018. Дар онҷо як ташкилот ҳаст, ки номашро маҷбурам аз варақ хонам: Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ. Ҳукумат, воқеан, дар дасти Ситод аст. Вилоятро ҳарбиҳо, генералҳо идора мекунанд. Ҳар куҷое, ки ҳарбиҳо ба сиёсат меомезанд, ҳар куҷое, ки ҳарбиҳо мудириятро ба даст мегиранд, ин оқибати хуб надорад ва мо инро дидем. Наход, як ҳукумате, ки ваҳму воҳима мекунад, ки мо ин дорему он дорем, натавонад, як ҷавони 29-сола (Гулбиддин Зиёбеков)-ро даъват кунад ва бе тирпаронӣ дастгир кунад?"

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Сафаров, Ситодеро, ки ҳоло зикр шуд, дар вилояти Бадахшон зарур мешуморед? Буданаш лозим аст?

Дар онҷо будани Ситоди марказӣ ҳеч зиддияте ба қонунҳо надорад ва ба мухторият ягон халал ворид намекунад. Муҳим амнияти мухторият аст, амнияти мардум аст, амнияти шахсоне аст, ки дар Хоруғ зиндагӣ мекунанд.
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: "Ин ситод дар вақташ зарур буд. Дар ҳақиқат, ман медонистам. Инҳо ҳарбиҳо не, балки бевосита милитсияи тоҷик аст. Муовини вазири корҳои дохилӣ Алмашозода дар онҷо роҳбар буд. Ва ин барои мардуми Бадахшон хидмат мекунад. Барои таъмини амнияти мардуми Бадахшон. Ягон гуноҳи ҳамин Ситодро номбар карда метавонед, Додоҷон?"

Радиои Озодӣ: Бубинед, коршиносон мегӯянд, дар амалиёти боздошти Гулбиддин Зиёбеков, мақомоти қудратӣ натавонистанд, аз уҳдаи иҷрои касби худ бароянд ва ин сабаб шуд, ки мардум дар майдони Хоруғ ҷамъ оянд. Аз ин мешуд пешгирӣ кард?

Додоҷони Атовулло: "Бубахшед, ман мехостам ба суоли доктор Сафаров посух гӯям. Агар ин Ситод зарур боашд, пас, раиси ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ чӣ даркор? Ин Ситод, яъне оккупатсия. Зери назорат гирифтани вилоят аст. Мо мегӯем Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Мухторият чист? Соҳибихтиёрӣ дар идораи давлат. Аслан решаи бадбахтӣ дар он аст, ки ҳамин вилоят ягон зарра мухторият, ягон зарра истиқлол, ягон зарра соҳибихтиёрӣ надорад. Аслан мисли ҳамон вилояти Суғду Хатлон асту ину он. Реша дар ин аст. Мо фақат мехоҳем, як дарахтро бинем, ҷангалро набинем. Агар вилояти Бадахшон озодӣ, мустақилият медошт, яке аз беҳтарин гӯшаҳои Тоҷикистон мешуд."

Барномаро дар Ютюб тамошо кунед:

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Сафаров, дар мавриди мақоми мухторияти Бадахшон чӣ назар доред?

Сайфулло Сафаров: “Ман фикр мекунам, ки Додоҷон аслан аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ худро ба нодонӣ мезанад ё намедонад. Мухторият дар ҳамаи он нуқтаҳое, ки лозим аст, дар Бадахшон ҳаст. Пеш аз ҳама, дар онҷо, мувофиқи Конститутсия мухторият дода шудааст. То ҳадде, ки дар Конститутсия вуҷуд дорад, мухторият ҳаст. Дар онҷо будани Ситоди марказӣ ҳеч зиддияте ба қонунҳо надорад ва ба мухторият ягон халал ворид намекунад. Муҳим амнияти мухторият аст, амнияти мардум аст, амнияти шахсоне аст, ки дар Хоруғ зиндагӣ мекунанд. Ва оқибаташ ҳам ҳеч зарар надорад. Ин Ситод ҳам аз байн бурда мешавад, албатта, ман бовар дорам. Баъд аз он ҳам мухторияти Бадахшон чӣ тавр бояд бошад? Додоҷон онро чӣ хел мефаҳмад? Мехоҳад, ки давлати алоҳида бошад? Ин сафасатае беш нест, дурӯғе беш нест, ин як провокатсия асту бас. Ман бо ин ҳеч гоҳ розӣ шуда наметавонам."

Додоҷони Атовулло: "Муҳтарам Сафаров. Ман ба назари Шумо бисёр эҳтиром дорам. Розӣ нестам, аммо қоил ҳастам, аз ҷумлаи камтарин шахсиятҳое ҳастед, ки аз номи худ ошкоро аз ин ҳукумат ҳимоят мекунед. Боз як бори дигар мегӯям. Ман қонуни конститутсионии Тоҷикистонро дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистиони Бадахшон хондам ва дар онҷо ягон нишонае аз озодӣ нест. Ин як. Дувум, дар як кишваре, ки қонуни ҷангал амал мекунад, чӣ тавр мо метавонем аз Конститутсия, аз қонун, аз адолат, аз ҳақиқат гап занем? Бояд ошкоро гуфт, боз як бори дигар мегӯям, яке аз мақсадҳои асосии ҳукумат аз соли 1992 тасарруф кардан, шикастани охирин нуқта, охирин ҷазираи озодӣ дар Тоҷикистон – Бадахшон асту бас. Кӯлобро тохтанд, Ғармро тохтанд, Суғдро тохтанд. Танҳо ҳамин Бадахшон буд, ки мехоҳанд имрӯз ҳамин сари баландро буранд. Ҳама ҳарфҳои дигар дипломатия, кӯдакбозӣ ва масхарабозӣ асту халос."

Радиои Озодӣ: Хуб, бубинед. Бар пояи ақидаҳои коршиносон ин суолро сохтем, ки оё ҳукумати марказӣ мехоҳад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тартиботи сахттаре ҷорӣ кунад, ҷаноби Сафаров?

Сайфулло Сафаров: "Не, албатта, ин сафсата аст. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамин гуна як ҳодиса буд. Ба ёдатон бошад, танк рафта буд, артиш рафта буд. Як бинои наркомафияро аз байн бурда буд. Воҳимаҳо ҳамон тур буд, ки имрӯз ҳаст. Баъдан, гапи Додоҷон чӣ маъно дорад, ки Суғдро тохтанд, Кӯлобро тохтанд, Ғармро тохтанд? Чӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар марзҳои худ ҳукмронияшро набояд амалӣ кунад? Ягона органе, ки дар Тоҷикистон метавонад дар марзҳои худ ҳукм ронад, давлат аст ва давлат аз иҷрои вазифаҳои худ баромада истодааст. Шукр, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ аст. Мардум инро мефаҳмад. Мардуми Бадахшон ҳам ин сулҳу салоҳро дастгирӣ мекунад ва хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, дар вилоят лидерҳои ғайрирасмӣ ҳокимият мекунанд. Шумо ба ин фикр розиед, ҷаноби Атовулло?

Додоҷони Атовулло: "Якум, мехоҳам ба муҳтарам Сафаров ҷавоб диҳам. Ҳеч вақт дар Бадахшон фикри сепаратизм ё ҷудо шудан нест, онҳо худро як ҷузъи Тоҷикистон ҳисоб мекунанд, бо вуҷуди ҳама фишоре, ки ба болои онҳо меояд. Дар бораи лидерҳо. Ин як чизи муқаррарӣ аст. Лидер будан хуб аст. Бигзор як нафар дар байни рӯҳониён, як нафар дар байни ҷавонон, варзишгарон, маъракаҳо ё русто лидер бошад. Аммо ҳукумати мо мехоҳад, ки Тоҷикистон як лидер, пешво, як пайғомбар ва, тавба кардам, як Худо дошта бошад, ки номаш ба ҳама маълум аст.”

Барномаҳои дигари Гапи Озодро дар инҷо бинед

Радиои Озодӣ: Шумо агар раиси вилояти Бадахшон мебудед, чӣ кор мекардед? Роҳи ҳалли ин масъала, ки ҳамчунон идома дорад, чӣ аст?

Сайфулло Сафаров: “Аслан вақте мо роҳбари ин ё он орган ё ҷамъият мешавем, бояд бо мардум, бо аъзои ҷомеа кор кард. Шахсан бо раиси ҳозираи Бадахшон вохӯрда будам. Як марди қавиирода, инсонпараст, ҷиддӣ аст. Вақте дар Фейсбук нисбати ӯ таҳқирҳоро хондам, рости гап, асабӣ ҳам шудам. Ин кадри Тоҷикистон аст. Аз Рӯшон аст ё аз Мурғоб аст,барои мо фарқ надорад. Аз Тоҷиктсон аст ва ӯ роҳбари вилояти Бадахшон таъин шудааст, мо бояд албатта ӯро эътироф кунем. Ӯ ҳам ба пеши мардум баромад, бо мардум кор карданӣ буд.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Сафаров, хоҳиш мекунем, мухтасар бигӯед, ки агар Шумо раиси вилоят мебудед, чӣ кор мекардед?

Сайфулло Сафаров: “Рафта, бо одамони ҷабрдида суҳбат мекардам. Агар зарари моддӣ дида бошанд, ҷуброн мекардам. Бо ҳамсояҳои онҳо суҳбат мекардам ва якҷоя роҳи ҳалли масъаларо меёфтем.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Атовулло, агар раиси вилоят таъин мешудед, аввалин коратон чӣ мешуд?

Додоҷони Атовулло: “Агар ман ба ҷойи раҳбари имрӯзаи Бадахшон, Алишер Мирзонаботов, мебудам, як ресмонро мегирифтам ё худро меовехтам ё пагонҳои генералиро мекандам, истеъфо медодам ва аз мардум бахшиш мепурсидам.”

Радиои Озодӣ: Яъне, Шумо ҳам ҳеч кор карда наметавонистед ва даст ба худкушӣ мезадед? Суоли мо ин аст, ки Шумо дар ҳамин вазъият ҳамчун раиси ВМКБ чӣ кор мекардед?

Додоҷони Атовулло: “Агар ман раиси нав бошам, ба ҷои Мирзонаботов, якум шарт мемонам, ки қувваҳои зиёди ҳарбие, ки дар Бадахшон ҳастанд, аз шаҳрҳо берун карда шаванд, блокпостоҳо бардошта шаванд. Агар таҳдид ба марз аст, марзбонҳо бошанд, дар шаҳр пулис бошад. Дигар қувваҳо набошанд. Ситод барҳам дода шавад. Интихоботи озод гузаронда шавад. Ҳам интихоботи вакилони маҳаллӣ ва ҳам интихоби раиси вилоят. То агар ин чиз нашавад, ҳар ҳокиме, ки Душанбе интихоб мекунад, аз иродаи Душанбе вобаста аст.”

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store

Шарҳҳоро бинед (50)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG