Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Куштори Гулбиддин Зиёбековро пурра тафтиш накарданду… рафтанд"


Кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар Хоруғ шуд
Кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар Хоруғ шуд

Аъзои «Комиссияи 44», иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, мегӯянд, муфаттишони Додситонии кул марги Гулбиддин Зиёбековро пурра таҳқиқ накарда, дубора аз Хоруғ ба Душанбе баргаштаанд.

Ин сокини 29-солаи Роштқалъа моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни амалиёте кушта шуд.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, муфаттишон дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ба Душанбе омаданд, вале як нафари онҳо дар Хоруғ истодааст.

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқдон ва узви «Комиссияи 44», рӯзи 3-юми май иддао кард, ки «муфаттишони Додситонии кул чизе нагуфта, ба Душанбе рафтанд.» Шаш узви Комиссия бо муфаттишон кор мекунанд ва аз он нигаронанд, ки бо рафтани онҳо парванда таҳқиқношуда мемонад.

Ҳамзамон аъзои «Комиссияи 44» тасдиқ карданд, ки муфаттишон аз 15 то 30-юми апрел намояндаҳои мақомоти корҳои дохилиро дар пайванд ба куштори Гулбиддин Зиёбеков дар Тавдем пурсидаанд. Барои халал науфтодан ба ҷараёни тафтишот шарҳи бештар дода намешавад.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми май гуфт, «азбаски ид буд, муфаттишон бо истифода аз рӯзҳои таътил ба Душанбе омаданд ва боз ба Хоруғ бармегарданд», аммо нагуфт, ки кай.

Дар нимаи моҳи апрели имсол аъзои «Комиссияи 44» бо айни нигаронӣ аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоста буданд, ки гуруҳи муфаттишонро аз Душанбе ба Хоруғ фиристад.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, аммо дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон доду кушта шуд.

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбиддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии "Бадахшон" ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки он ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Кушта шудани Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар майдони марказии Хоруғ шуд. Эътирозгарон хоҳони боздошту муҷозоти омилони маргаш шуданд. Тазоҳурот 28-уми ноябри 2021 хотима ёфт, аммо баҳсу пайомадҳои он, аз ҷумла таҳқиқи марги Зиёбеков в аду нафари дигар ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG