Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқохон гуфт, аз такрори нооромиҳо дар Бадахшон "сахт нигарон аст"


Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон)-и чаҳор
Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон)-и чаҳор

Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон)-и чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гуфтааст, аз такрори нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "сахт нигарон аст". Ӯ рӯзи 18-уми май дар паёме аз пайравонаш дар вилоят хост, "ихтилофҳоро бо муколама ва дар рӯҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд."

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, матни паёмро рӯзи 19-уми май дар ҷамоатхонаи исмоилиён дар Тоҷикистон хондаанд. Паёми ба ин монанд моҳи январи имсол, дар пайи воқеаҳои моҳи ноябри 2021, низ нашру паҳн шуда буд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Пешвои исмоилиён дар паёмаш гуфтааст, “ба унвони Имоми Замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд; қонунҳои кишварро риоя кунанд; ҳамагуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонанд ба некӯаҳволии онҳо таҳдид кунанд, рад намоянд.”

Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон) дар идома аз пайравонаш хостааст, “вориди хушунат нашаванд.” "Ниҳоят муҳим аст, ки фарзандони рӯҳониям ҳамеша суннати ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд... ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд.”

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша даст доштани худро дар ҳамгуна беназмӣ ва қонуншиканӣ рад карда, баръакс, мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба фишор ба онҳо айбдор мекунанд. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон намепазиранд.

Оғохони чаҳор дар охири паймаш ба пайравони исмоилия дар Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати пеш омадани зарурат “роҳнамоии минбаъдаро тавассути созмонҳои ҷамоат” хоҳад фиристод.

Воқеаи Хоруғ

Сокинони норозӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16-уми май истеъфои ду мансабдори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, ба кӯчаҳо баромаданд.

Мақомот ба зидди онҳо аз воситаҳои парокандакунӣ, аз ҷумла тирҳои резиниву газҳои ашковар истифода карданд. Тибқи иттилои расмӣ, он рӯз як сокини Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Мардум мегӯянд, шуморе аз аҳолии осоишта низ маҷруҳ шудаанд.

Даргирӣ дар Рӯшон

Мавҷи нооромӣ рӯзи 17 ва 18-уми май ба ноҳияи Рӯшон “кӯчид”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар онҷо “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад, чун “гуруҳи 200-нафарӣ бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.”

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ, асосан ҷавонон, талош карданд, аз ҳаракати мошинҳои ҳарбӣ ба самти Хоруғ пеширӣ кунанд, аммо онҳо мусаллаҳ набуданд. Ба қавли онҳо, "дар ин тирандозиҳо шаҳрвандони осоишта ба ҳалокат расиданд". Ба сабаби набудани интернет аксу навор дастрас нашуд.

Аз моҳи ноябр ба ин сӯ

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст.

Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG