Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Human Rights Watch ба эҳтироми ҳуқуқи сокинони ВМКБ даъват кард


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри баёнияе аз воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ибрози нигаронӣ карда, аз мақомот хостааст, иллати хушунат дар эътирозҳои ахирро баррасӣ кунад ва масъулони онро мавриди бозхост қарор диҳад. Дар ин баёния ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ба озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот, аз ҷумла, дастрасӣ ба интернет ва ҳаққи эътирози сулҳомез, эҳтиром бигузоранд.

Шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшони ин вилоят тайи се рӯзи ахир саҳнаи рӯёрӯӣ миёни эътирозгарон ва нерӯҳои давлатӣ буданд. Бино бар иттилои расмӣ, дар ин зӯровариҳо дар умум 10 нафар кушта ва 27 нафар захм бардоштанд. Манбаъҳои мустақил омори дигареро нашр кардаанд.

Дар баёнияи Дидбони ҳуқуқи башар, ки рӯзи 18-уми май нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, "ҳукумати Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои худро ба эҳтиром ва ҳимоят аз ҳуқуқи мардум барои зиндагӣ, озодии тазоҳурот ва расонаҳо дар ҷараёни ҳар гуна амалиёти низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон амал кунад. Мақомот бояд заминаеро барои гуфтугӯи созанда бо эътирозгарон фароҳам оваранд, аз истифодаи барзиёди нерӯ худдорӣ намоянд ва кафолат диҳанд, ки бо ҳамаи боздоштшудаҳо бархӯрди қонунӣ сурат мегирад."

Мақомоти тоҷик ин амалиёти худро зидди "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ" меноманд ва рӯзи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Аммо сокинон таҷаммӯи худро осоишта ва барои ҳимояти ҳуқуқ медонанд.

Дар бахши дигари баёнияи HRW ба қатъи интернет дар Бадахшон ва фишори мақомот ба расонаҳо барои бозтоби ҳодисаҳо дар ВМКБ ишора шудааст. Нимаи дувуми рӯзи 16-уми май пас аз оғози эътирозҳо дар Хоруғ, дастрасӣ ба интернет дар Бадахшон қатъ ва тамоси телефонӣ бо ин минтақа ба мушкил дучор шудааст.

Бинобар қатъи интернет, ҳанӯз маълум нест, ки дар ин минтақа чӣ мегузарад. Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи гузашта бо нашри як баёния гуфт, ки вазъ дар Рӯшон "ором" аст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияи худ ҳамзамон ба фишори мақомот ба хабаргузории "Азия Плюс" ишора кардааст, ки маҷбур гашт, аз бозтоби рӯйдодҳои Бадахшон худдорӣ кунад. "Азия-Плюс" рӯзи 17-уми май эълон кард, ки бино бар фишори мақомот аз нашри матолиб дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунад. Ин хабаргузорӣ гуфт, нашри хабарҳо аз Бадахшон метавонанд, сабаби баста шуданаш гардад.

Дар ин баёнияи Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин ба ҳамлаи афроди номаълум ба чаҳор хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзи 17-уми май ишора шудааст. Шахсони ношинос рӯзи 17-уми май ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтанд.

Ҳодиса баъди он рӯй дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд. Ин афроди ношинос ҳатто яке аз ин хабарнигорони Радиои Озодиро таҳдид ба куштан карданд.

Бо гузашти наздик ба 48 соат ва бо вуҷуди муроҷиати Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ, ҳанӯз омилони ин ҳамла ошкор ва боздошт нашудаанд. Аз таҷҳизоти рабудашудаи ин хабарнигорон ҳам то ба ҳол хабаре нест. Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе, ки ин тафтишро пеш мебаранд, ба зангҳои телефонии Радиои Озодӣ дар мавриди пешрафт дар таҳқиқот посух намедиҳанд.

Изҳороти Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи гузашта Сафирони чанд кишвари ғарбӣ дар Тоҷикистон рӯйдодҳои се рӯзи охирро дар Бадахшон "даргирии хушунатомези дохилӣ" номида, аз шиддат гирифтани вазъ ва талафоти ҷонӣ дар он ибрози нигаронии амиқ карданд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 16-уми май ба ин тараф печида аст. Сокинони норозӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16-уми май истеъфои ду мансбадори маҳаллӣ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳо, мақомот ба зидди онҳо аз воситаҳои парокандакунӣ, аз ҷумла тирҳои резиниву газҳои ашковар истифода карданд. Тибқи иттилои расмӣ, он рӯз як сокини Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Мардум мегӯянд, шуморе аз аҳолии осоишта низ маҷруҳ шудаанд.

Мавҷи нооромӣ рӯзи 17 ва 18-уми май ба ноҳияи Рӯшон “кӯчид”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар онҷо “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад, чун “гуруҳи 200-нафарӣ бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.”

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ, асосан ҷавонон, талош карданд, аз ҳаракати мошинҳои ҳарбӣ ба самти Хоруғ пеширӣ кунанд, вале онҳо мусаллаҳ набуданд. Ба қавли онҳо, "дар ин тирандозиҳо шаҳрвандони осоишта ба ҳалокат расиданд". Ба сабаби набудани интернет аксу навор дастрас нашуд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст.

Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд. Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG