Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз берун ба ҳодисаҳои Хоруғ


Хоруғ, 16-уми майи 2022
Хоруғ, 16-уми майи 2022

Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, эътирозҳои сулҳомезро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саркӯб накунанд.

Мариус Фассум рӯзи 17-уми май дар саҳифааш дар Твиттер навишт, “мақомот дар Тоҷикистон бояд ҳуқуқ ба гирдиҳамоии осоиштаро эҳтиром карда, амнияти тазоҳургарони осоиштаро дар Хоруғ замонат бидиҳанд ва саркӯби шадиди ҳаракати эътирозии осоиштаро фавран қатъ кунанд.”

Ду созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо низ бархурди намояндагони мақомотро бо эътирозгарон дар Хоруғ накӯҳиш кардаанд.

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифин, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, бо нашри изҳороте истифода аз силоҳ ва саркӯби тазоҳургаронро дар Хоруғ шадидан маҳкум намуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, низ 17-уми май дар пайванд ба вазъияти Бадахшон “нигаронии амиқи худро” изҳор дошт.

Ҳарду созмон аз “кишварҳои дӯст ва созмонҳои таъсиргузор” хостаанд, “аз куштор ва саркӯби мардум дар Бадахшон пешгирӣ ва барои расидан ба хостҳои қонунии онҳо мусоидат кунанд”.

Рӯзи 16-уми май дар шаҳри Хоруғ гуруҳе аз сокинон эътироз карданд. Мақомот онро бидуни иҷоза ва ғайриқонунӣ дониста, бо истифода аз гази ашковару тирҳои резинӣ пароканда карданд.

Дар ин ҳодиса як сокини маҳаллӣ кушта ва ба иттилои арсмӣ се афсари милиса захмӣ шудаанд. Сокинон мегӯянд, дар миёни мардуми одӣ низ маҷруҳон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG