Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Дар Рӯшон чӣ мегузарад?


Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Рӯшон миёни нерӯҳои давлатӣ ва сокиноне, ки роҳро ба самти Хоруғ баста буданд, даргирӣ сурат гирифтааст.

Сокинон таҷаммӯи худро мусолиматомез ва ҳимояти ҳуқуқи худ медонанд. Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва мухолифини тоҷик дар Афрупо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, эътирозгарони осоиштаро дар Бадахшон саркӯб накунанд.

Мақомот дар бораи талафот дар Рӯшон чизе нагуфтаанд, вале тибқи хабарҳо, чандин нафар дар ин даргириҳо захмӣ шудаанд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 18-уми май ба нақл аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, рӯзи гузашта аъзои, ба иддаои мақомот, "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ" ба ҳадафи "халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ", шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон "ғайриқонунӣ" бастанд.

ВКД дар ин ҳодиса ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ишора карда, гуфтааст, ин афрод "бо пуштибонии созмони байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро аз берун аз кишвар дастрас карданд". Аммо дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳеч нерӯи хориҷӣ дақиқ ном бурда нашуда ва низ гуфта нашудааст, ки онҳо чӣ гуна ва аз куҷо ин аслиҳаро дарёфт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе сомонаҳои хабарие, ки ҳодисаҳои Бадахшонро бозтоб медиҳанд, навиштанд, дар ин даргирӣ мақомот аз силоҳи сангин истифода кардаанд. Таъйиди ин гуфтаҳо аз манбаъҳои дигар ҳанӯз номумкин аст. Дар ҳоли ҳозир иртиботи интернетӣ бо Бадахшон қатъ аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод, ки аз рӯзи 16-уми май ба ин тараф шаҳри Хоруғ ноором аст. Сокинони норозӣ аввал истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, шоми 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари даргирӣ миёни сокинони норозӣ ва мақомоти қудратӣ як бошандаи Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Сокинон мегӯянд, шуморе аз мадуми одӣ низ маҷруҳ шудаанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG