Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷелина ба Украина рафт. Сафари чеҳраҳои шинохта ба Киев чӣ маъно дорад?


Анҷелина Ҷолӣ бо кӯдакони паноҳандаи украинӣ дар шаҳри Лвов.
Анҷелина Ҷолӣ бо кӯдакони паноҳандаи украинӣ дар шаҳри Лвов.

Анҷелина Ҷолӣ, ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ, ғайричашмдошт ба шаҳри Лвови Украина сафар кардааст.

Аксҳои ӯ рӯзи 30-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки дар як қаҳвахонаи сарироҳӣ бо онҳое, ки аз минтақаҳои ҷангӣ фирор кардаанд, суҳбат дорад.

Расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Ҷолӣ бо кӯдакони ятим ва онҳое, ки аз Мариупол берун шудаанд ва бо пизишкону ихтиёриёне, ки ба паноҳандагон кумак мекунанд, мулоқот кардааст.

Наздикони ҳунарманд ба расонаҳо гуфтаанд, ки Ҷолӣ барои дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани мардуми осоишта ба ин кишвар сафар кардааст. Ӯ дар ин сафар украиниҳоро таъриф кардааст, ки аз худ барои ҳимояи шаъну шарафашон далериву шуҷоат нишон доданд.

"Кӯдакон набояд шоҳиди куштор бошанд"

Дар изҳороте, ки дафтари кории ҳунарпеша нашр кардааст, гуфта мешавад, ҷанг дар Украина ба кӯдакон таъсири бад расонидааст. “Ҳеҷ кӯдаке набояд аз хонаи худ фирор кунад, ё шоҳиди куштори наздиконаш бошад ва ё тирборон ва тахриби манзилҳои худро бубинад. Аммо ин воқеиятест, ки кӯдакон дар Украина шоҳид буданд,"—гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба гузориши рӯзномаи “Kyiv Independent”, Ҷолӣ ҳамчунин ба истгоҳи роҳи оҳане рафтааст, ки онҷо паноҳандагон аз вилояти Донетск омада буданд.

Анҷелина Ҷолӣ дар Лвов
Анҷелина Ҷолӣ дар Лвов

Ҷолӣ солҳои тӯлонӣ ба ҳайси фиристодаи вижаи Ожонси паноҳандагони Созмони Милал кор кардааст, аммо мушаххасоти сафари ӯ ба Украина рӯшан нест. Ӯ аз ҳунармандони маъруфи “Ҳоливуд” дар Амрико аст, ки соҳиби даҳҳо ҷоиза дар соҳаи филмофарӣ шудааст.

Вилояти Лвов, ки дар ғарби Украина ҷойгир аст, аз ҳамлаҳои Русия эмин нест.

Аз оғози ҷанги Русия ба Украина даҳҳо фаъоли сиёсӣ ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба ин кишвар сафар мекунанд.

Аз Дабири СММ то Ненси Пелосӣ

Дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гутерреш, ки рӯзи 28-уми апрел ба Киев сафар карда буд, ҷанги Маскавро дар Украина маҳкум карду “бемаъно” хонд.

Ненси Пелосӣ бо Зеленский
Ненси Пелосӣ бо Зеленский

Рӯзи 1-уми май Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, низ ба Киев сафар кард.

Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ки ИМА аз шарикони қавии кишвараш дар баробари таҷовузи Русия аст.

Ӯ дар Твитераш навиштааст, “сипос, ки шумо барои ҳифзи истиқлол ва якпорчагии кишвари мо кӯмак мекунед.”

Аз ин пеш, Вазири мудофиа ва вазири корҳои хориҷии ИМА низ ба Киев рафтанд ва ваъдаи кумаки иқтисодӣ ва низомӣ ба ин кишварро доданд. Мақомдорони баландпояи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳам ба Киев рафта буданд. Коршиносон, ин сафарҳоро далели равшани пуштибонии олами Ғарб аз Украина дар баробари таҷовузи Русия медонанд. Ба гуфтаи онҳо, кумаки моливу рӯҳӣ ба украиниҳо тавони бештар барои муқовимат медиҳад. Аксари кишварҳои Ғарбӣ ошкоро ба Украина кумаки низомӣ мекунанд, то бо Русия муқобилият кунад.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Ҳарчанд, бо гузашти беш аз ду моҳ, ба пешравии ҷиддие ноил нашудааст, вале дар ин ҷанг ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар овора шудаанд.

XS
SM
MD
LG