Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА Украинаро тарк мекунанд


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) эълом кард, ки нозиронаш Украинаро пурра тарк мекунанд. САҲА ин тасмимро баъди он гирифт, ки Маскав муҳлати фаъолияти нозиронро дароз накард.

Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Збигнев Рау ва дабири кулли САҲА Хелга Мария Шмид аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки мавқеъгирии Русия барои онҳо интихоби дигареро боқӣ нагузошт.

Пештар аз ин, намояндаи Русия дар САҲА Александр Лукашевич гуфта буд, ки мутахассисони русро аз маъмурияти махсуси назоратии САҲА дар Украина "берун карданд". Вай ҳамчунин нозирони кишварҳои дигарро дар ҳайати САҲА дар ҳамкорӣ ба ҷониби Украина дар рафти низоъ айбдор кард. Лукашевич гуфт, ки нозирон ба неруҳои "Азов" мошинҳои зиреҳпӯш додаанд.

Дирӯз Русия САҲА-ро бо он айбдор кард, ки дар бораи ҷойгиршавии неруҳои Русия ва неруҳои рӯ ба Русия ба хадамоти иктишофии Ғарб ва Украина иттилоъ додааст.

Маъмурияти махсуси назоратии САҲА дар Украина фаъолияташро соли 2014 шуруъ карда буд. Он замон дар шарқи Украина бо иштироки ҷудоихоҳони Луганск ва Донетск, ки аз пуштибонии Кремл бархурдор буданд, низоъ бархоста буд.

САҲА ягона созмони байналхалқӣ аст, ки мустақиман низоъро назорат мекард, дар ҷамъоварии иттилоъ ширкат меварзид ва ба ҳайси миёнарав дар эъломи оташбасҳо нақш дошт. Ин созмон ҳамчунин барои кам кардани таъсири ҷанг ба мардуми осоишта талош меварзид, гуфт Рау.

Нозирони САҲА дар Украина аз 814 корманди хориҷӣ ва 477 корманди маҳаллӣ иборат буд. Қариб ҳамаи нозирони САҲА баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳудуди Украина берун бурда шуданд. Вале бархе аз маъмурони ин маъмурият дар Украина боқӣ монда буданд, ки чаҳор нафарашон асир афтоданд.

Дар САҲА 57 кишвар, аз ҷумла Русия ва Украина аъзо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG