Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ба нафъи Украина ва ба зарари Русия қарор қабул карданд


Палатаи намояндагони Амрико тарҳи қонунеро қабул кард, ки иҷоза медиҳад, дороиҳои марбут ба Русия барои ёрӣ ба Украина истифода шаванд.

Аз тарҳи қонуни мазкур 417 вакили палатаи намояндагон ё порлумони Амрико пуштибонӣ ва 8 нафар худдорӣ кардаанд.

Дар қонун омадааст, ки дороиҳои марбут ба ширкатҳои энержии Русия низ барои кумак ба Украина фиристода шаванд. Қонун ҳамчунин ба дороиҳое дахл хоҳад кард, ки бо мадади ҳукумати Русия ба даст омадаанд.

Дороиҳои мусодирашуда фурӯхта ва аз маблағи ҳосилшуда ба Украина ёрии низомӣ, башарӣ ирсол мешавад ва ҳамчунин аз ҳисоби ин маблағҳо биноҳои тахрибшудаи Украина обод карда мешаванд.

Ба илова, маблағҳои ҳосилшуда "барои мусоидат ба рушди мардуми Русия, аз ҷумла дар бахши демократия, барномаҳои бахши ҳуқуқи инсон ва назорати ҳуқуқи инсон" равона хоҳанд шуд.

Пештар аз ин вазири адлияи Украина Денис Малюска гуфта буд, Киев тасмим дорад, дороиҳои ҳабсшудаи Русияро барои ҷуброни зараре истифода кунад, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангии Русия ба Украина расидааст. Барои анҷоми ин кор, ба гуфтаи Малюска, қабули қонуни махсус дар кишварҳое лозим аст, ки дороиҳои марбут ба Русияро ба ҳабс гирифтаанд.

Қаблан Амрико ва кишварҳои дигари Ғарб қариб нисфи захираи молии Бонки Русияро ба ҳабс гирифтанд. Захираи молии Бонки Русия 640 миллиард долларро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG