Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден барои Украина аз Конгресс 33 миллиард доллар хоҳад хост


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико барои пуштибонӣ аз Украина, ки беш аз ду моҳ боз зери ҳамлаҳои Русия аст, аз Конгресс 33 миллиард доллар дархост хоҳад кард.

Ҷо Байден рӯзи 28-уми апрел дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ин пул "дар мубориза барои озодӣ" зарур аст.

Вай афзуд, баҳои ин мубориза "арзон нест", вале "таслим шудан ба таҷовуз гаронтар хоҳад буд".

Беш аз 20 миллиард доллари дархостшуда ба харидани аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва кумакҳои дигари низомӣ сарф хоҳад шуд. Маблағи боқимонда кумакҳои иқтисодӣ ва ёриҳои башардӯстона аст.

Президенти Амрико ҳамзамон дар ҷустуҷӯи роҳҳои қонунӣ аст, ки ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, дороиҳоеро, ки аз олигархҳои Русия мусодира шудаанд, фурӯхта ва ба Украина бидиҳад.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои аврупоияш 30 миллиард доллар дороиҳои шахсони сарватманди наздик ба раисҷумҳури Русия Владимир Путинро "бастаанд".

XS
SM
MD
LG