Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе гуфт, агар касе "аз берун" ба вазъ дар Украина дахолат ва барои Кремл таҳдидҳои стратегии ғайриқобили қабул эҷод кунад, Маскав бо "зарбаҳои барқосо" посух хоҳад дод.
Путин дар вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои қонунгузорон дар Санкт-Петербург таъкид кард, ки ҳама тасмимҳо дар мавриди “зарбаҳои барқосо” дар сурати таҳдиди стратегӣ гирифта шудаанд. Вай ин зарбаҳоро "ҷавобӣ" номид.
Президенти Русия дақиқ нагуфт, ки "зарбаҳои барқосо" бо кадом силоҳҳо анҷом дода мешаванд ва онҳо чиро ҳадаф қарор хоҳанд дод.
Ӯ ҳарчанд дар бораи силоҳи ҳастаӣ мустақиман сухан нагуфт, баъзе силоҳҳоро ном гирифт, ки рақибони эҳтимолии Русия надоранд.
Путин ҳамчунин ба суханронии худ дар рӯзи 24 феврал, ки дар он аз оғози ба истилоҳ "амалиёти вижа" дар Украина хабар дода буд, ишора карда, сипас изҳор дошт, ки агар давлатхои хоричӣ ба вазъ дар Украина дахолат кунанд, бо оқибатхое дучор мешаванд, ки то ҳол дар таърих маълум нест.