Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба нерӯгоҳи Запорожйе мутахассис фиристодааст


Запорожйе, 4-уми марти 2022
Запорожйе, 4-уми марти 2022

Киев масъулони Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомиро огоҳ кардааст, ки Русия барои кумак дар назорати нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе дар ҷанубу шарқи Украина мутахассисонашро фиристод.

Ин нерӯгоҳи ҳастаӣ аз 4-уми марти имсол зери назорати Русия аст, вале то ҳол аз тарафи кормандони украинӣ идора мешавад.

Даргириҳои сахте миёни нерӯҳои Русия ва Украина дар нерӯгоҳ сабаби ташвиши Оҷонс шуда буд.

Рафаэл Мариано Гроссӣ, раиси Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ, рӯзи 29-уми апрел дар изҳороте гуфт, кормандони украинӣ "зери фишори сахт" кор мекунанд.

Оҷонс бо такя ба мақомоти Украина гуфт, ҳашт намояндаи ширкати давлатии "Росэнергоатом" ба нерӯгоҳи Запорожйе рафтаанд.

Киев нерӯҳои Русияро ба ҳамлаи барқасдона ба шаш реактори ин нерӯгоҳ муттаҳам кард, ки боиси сӯхтор шуда, ин тарсро ба вуҷуд овард, ки фалокати монанд ба фоҷиаи Чернобил такрор нашавад.

Нерӯҳои Русия пас аз ҳамлаи бедалел ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал нерӯгоҳи Чернобилро дар шимоли Киев низ тасарруф кардаанд.

Украина чаҳор нерӯгоҳи ҳастаӣ дорад.

XS
SM
MD
LG